Аз рақамикунонӣ то ҳимояи ҳуқуқӣ: Оё механизмҳои нав метавонанд мушкили муҳоҷирони тоҷикро коҳиш диҳанд?
Муҳоҷирати меҳнатӣ солҳост, ки яке аз мавзуъҳои ҳаётан муҳим ва ҳамзамон дардноки ҷомеаи Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар, дастгирии иҷтимоии оилаҳои онҳо ва омодасозии пеш аз сафар аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки тақозои таҳлили амиқ ва ислоҳоти ҷиддиро доранд.
Маҳз дар ҳамин замина, дар шаҳри Бохтар ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки меҳвари онро баррасии мавзуи «Муҳоҷирати меҳнатӣ: дастгирии иҷтимоии оилаҳо ва механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ» ташкил дод.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки яке аз қадамҳои асосӣ дар ин самт таъсиси низоми ягонаи рақамӣ ва платформаи махсуси дастгирии муҳоҷирон мебошад. Ин низом имкон медиҳад, ки шаҳрвандон пеш аз сафар шартномаҳои меҳнатӣ ва маълумоти корфармоёнро ба забони фаҳмо тафтиш кунанд. Шурои ҷамъиятӣ шаш самти асосии такмили сиёсати миллиро пешниҳод намуд, ки аз рақамикунонии дастгирӣ, омодагии ҳуқуқӣ, назорати ширкатҳои миёнарав ва расонидани кумаки ҳуқуқии фосилавӣ (ҳатто пас аз баргашт ба ватан) иборат мебошанд. Ҳамчунин хабар дода шуд, ки дар ояндаи наздик муоинаи тиббӣ ва супоридани имтиҳони забонӣ барои сафар ба Русия дар худи шаҳри Душанбе роҳандозӣ мешавад, ки ин боиси сарфаи маблағи муҳоҷирон хоҳад гашт.
Пешниҳоди низоми рақамӣ ва ташкили марказҳои пеш аз сафар дар Душанбе иқдомҳои хеле хуб ва саривақтӣ мебошанд, аммо самаранокии онҳо дар амал аз чанд омили ҷиддӣ вобаста аст. Аввалан, аксари муҳоҷирони мо, ки аз деҳоти дурдаст ба сафар мебароянд, шояд саводи кофии рақамӣ ё дастрасии доимӣ ба интернети босуръат надошта бошанд, то аз платформаҳои электронӣ самаранок истифода баранд. Аз ин рӯ, дар заминаи рақамикунонӣ, бояд усулҳои анъанавии машваратдиҳӣ ва кумаки мустақими ҳуқуқӣ низ суст карда нашаванд. Илова бар ин, назорати ширкатҳои миёнарав ва таъмини шаффофияти фаъолияти онҳо на танҳо уҳдадории Тоҷикистон, балки вобаста ба ҳамкории зичи мақомоти мо бо кишварҳои қабулкунанда, махсусан Федератсияи Русия аст. То замоне ки механизмҳои вокуниши фаврӣ ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар кишвари мизбон ба таври қатъӣ кор накунанд, шартномаҳои электронӣ танҳо дар рӯи коғаз ё фазои виртуалӣ боқӣ хоҳанд монд. Роҳи ҳали асосӣ — татбиқи воқеӣ ва назорати ҷиддии ин барномаҳост, на танҳо қабули уҳдадориҳо ва пешниҳодҳо.
“Рӯзгор”
















