07:13:15 21-уми Ноябри 2026 сол

Мулоқот бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд.

55660107500 f08d097ce7 bДар ҷараёни суҳбат масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки ҳамкории ду кшвар имрӯз доираи васеи соҳаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб, аз ҷумла дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, иҷтимоиву гуманитарӣ ва амниятиро дар бар мегиранд.  

Ба натиҷаҳои мулоқоти Сарвари давлати мо бо Президенти ИМА ва нишасти сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (C5+1)”, ки соли гузашта дар Вашингтон доир гардиданд, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир карда шуд. Ду ҷониб, ҳамчунин, раванди татбиқи мувофиқаҳои дар зимн бадастомадаро ба баррасӣ гирифтанд.

Ҳамкории дарозмуддати ҷонибҳо дар бахши саноати кӯҳӣ яке аз мавзӯъҳои асосии суҳбат қарор дошт.

Рушди ҳамкории судманд бо ширкатҳои амрикоӣ дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори шарикии ду кишвар арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо дар робита ба идомаи ҳамоҳангиҳои мақомоти соҳавии ду кишвар дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм, таҳдидҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, ҳамчунин, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ибрози андеша намуданд.

president.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ