14:37:43 13-уми Ноябри 2026 сол

Марямбонуи Фарғонӣ — ситораи дурахшони насри муосири тоҷик

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ифтихори 70-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Марямбонуи Фарғонӣ маҳфили бошукӯҳи адабӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш адибон, донишмандон, муҳаққиқон ва алоқамандони каломи бадеъ гирд омада, саҳми беназири ин бонуи суханварро дар ташаккул ва пешрафти адабиёти миллӣ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд.

1 maryambonu farghoni 45451245Марямбонуи Фарғонӣ дар таърихи адабиёти навини мо мақоми хосса дорад. Тавре таърихшинос Муҳаммадуллоҳи Табарӣ дар суханронии худ зикр намуд, ӯ яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти тоҷик ва аз аввалин занонест, ки ба унвони олии Нависандаи халқии Тоҷикистон сазовор гаштааст. Фаъолияти пурсамари эҷодии ӯ дар рушду нумӯи насри муосири тоҷик нақши амиқ ва мондагор гузоштааст.

Дар идомаи ҳамоиш паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти адиб аз нигоҳи илмиву адабӣ таҳлил шуданд.

2 maryambonu farghoni 45451245Муҳаққиқ Абдурауф Муродӣ таъкид кард, ки осори Марямбонуи Фарғонӣ аз лиҳози бадеият ва муҳтаво дар сатҳи баланд қарор дошта, то имрӯз таваҷҷуҳи ҳазорон хонандаро ба худ ҷалб мекунанд. Ба андешаи ӯ, навиштаҳои ин адиб дорои паёмҳои амиқи ахлоқиву маърифатӣ мебошанд ва дар тарғиби фарҳанги китобхонӣ миёни насли ҷавон саҳми босазо мегузоранд.

Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ба комёбиҳои бурунмарзии адиб ишора намуда, ёдовар шуд, ки Марямбонуи Фарғонӣ барои хидматҳои арзандааш дар рушди адабиёт бо Ҷоизаи байналмилалии Борис Пастернак қадрдонӣ шудааст. Ин мукофоти бонуфуз далели равшани эътирофи ҳунари нависандагии ӯ дар арсаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

3 maryambonu farghoni 45451245Дар фарҷоми маҳфил иштирокдорон бар он таъкид варзиданд, ки омӯзиш, таҳқиқ ва тарғиби ҳамаҷонибаи мероси адабии Марямбонуи Фарғонӣ барои шинохти амиқтари равандҳои адабиёти муосири тоҷик ва тарбияи маънавии ҷомеа аҳамияти калидӣ дорад.

Таманниёти ҳайати эҷодии сомонаи «Рӯзгор»

Муаллимаи арҷманд ва бонуи суханвар, Марямбонуи Фарғонӣ!

Ҳайати эҷодии сомонаи «Рӯзгор» Шуморо ба муносибати ҷашни фархундаи 70-солагии умр ва комёбиҳои беназири эҷодиатон самимона табрику муборакбод мегӯяд.

Шумо бо қалами сеҳрофарин, андешаҳои амиқ ва дили саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватану миллат дар ганҷинаи адабиёти тоҷик саҳифаҳои зарринро рақам задед. Унвони баланди Нависандаи халқии Тоҷикистон ва ҷоизаҳои бонуфузи байналмилалӣ нишонаи арҷгузорӣ ба заҳматҳои шабонарӯзӣ ва истеъдоди худододи Шумост.

Дар ин рӯзи нек ба Шумо, пеш аз ҳама, тани сиҳат, умри дарози пурбаракат, хотири ҷамъ ва илҳоми саршор таманно дорем. Бигзор чашмаи эҷодатон ҳамеша ҷӯшон бошад ва хонандагони сершумор аз осори тозаву мондагори Шумо баҳраманд гарданд!

Бо эҳтиром ва самимият, ҳайати эҷодии сомонаи «Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ