Густариши робитаҳои илмӣ: ДДО Омск нақшаҳои худро бахшида ба “Соли ҷуғрофия” эълон намуд
18 ноябри соли 2026 дар Маркази байналмилалии мултимедиявии «Евразия сегодня» дар шаҳри Омск суҳбати озод баргузор гардид, ки ба соли ҷуғрофияи дарпешистода дар Русия ва самтҳои муҳими ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Омск (ДДОм / ОмГПУ) бахшида шуд. Дар ин вохӯрӣ профессори кафедраи ҷуғрофия ва методикаи таълими ҷуғрофияи ДДОм Пётр Владимирович Болшаник ва мутахассиси шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ Амалия Айдиновна Неукритая иштирок намуданд.

Ҳамкориҳои байналмилалии ДДОм ва густариши робитаҳо бо кишварҳои шарик
Амалия Неукритая иттилоъ дод, ки имрӯз ДДОм бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва таълимии кишварҳои хориҷи наздику дур беш аз 50 созишномаи ҳамкорӣ дорад. Дар миёни кишварҳои шарик Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Беларус қарор доранд. Донишгоҳ табодули академии донишҷӯён, таҷрибаомӯзии илмӣ, курсҳои забономӯзӣ ва лоиҳаҳои муштараки таълимиро фаъолона рушд медиҳад.
Самтҳои калидии байналмилалии донишгоҳ инҳоянд:
- Қазоқистон: Бо дастгирии Вазорати маорифи Русия ва фондҳои соҳавӣ дар заминаи донишгоҳи шаҳри Павлодар Маркази таҳсилоти кушод бо забони русӣ таъсис дода шудааст.
- Чин: Бо донишгоҳи Фанйи дар шаҳри Сиан барномаи дудиплома аз рӯи равияи «Забони чинӣ ва забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ» амалӣ мешавад, ки таҳсилро ҳам дар Омск ва ҳам дар Чин пешбинӣ мекунад.
- Кишварҳои Африқо: Моҳи декабри соли 2026 сафари кории ҳайати ДДОм ба Ҷумҳурии Чад ва Ҷумҳурии Гамбия барои таҳкими робитаҳои шарикӣ дар назар аст. Ин лоиҳа дар доираи супориши давлатии Вазорати маорифи Русия ва лоиҳаи федералии «Русия дар ҷаҳон» барои паҳн намудани таҷрибаи пешқадами таълим ва пешбурди омӯзиш бо забони русӣ роҳандозӣ мегардад.
Муколамаи илмӣ: аз геология ва захираҳои об то сайёҳӣ
Профессор Пётр Болшаник оид ба таҷрибаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Бухоро сухан ронда, таъкид кард, ки кор дар муҳити ғайризабонӣ барои таҳияи технологияҳои нави педагогӣ ва таълифи китобҳои дарсиву дастурҳои муштарак такони ҷиддӣ бахшид.
«Барои олимон нигоҳ доштани робита бо ҳамкорон ҳамеша хеле муҳим аст. Ин ба рушд ва истифодаи технологияву ғояҳои нав мусоидат мекунад. Ҳамкорӣ хеле бобарор анҷом ёфт: мо робитаҳои нави байналмилалӣ барқарор кардем ва дар илму методикаи таълим нуқтаҳои ҷолиби муштаракро пайдо намудем», — қайд кард Пётр Болшаник.
ДДОм ҳамчун маркази салоҳиятҳо
Амалия Неукритая зикр намуд, ки донишгоҳ на танҳо шунавандагони хориҷиро қабул мекунад, балки ҳамчун маркази салоҳиятҳо ва дастгирии методӣ барои кишварҳои шарик баромад менамояд. Барои рафъи монеаҳои забонӣ ва мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои миллии кишварҳои шарик, омӯзгорони донишгоҳ коркардҳои худ, аз ҷумла бозиҳои дидактикиро, ки дар доираи лоиҳаи «Лабораторияи технологияҳои бозигии педагогӣ» бо дастгирии Фонди «Таърихи ман» («Моя история») офарида шудаанд, истифода мебаранд.
Поси хотираи сайёҳон ва муҳаққиқон дар муҳити шаҳр
Дар остонаи Соли ҷуғрофия Пётр Болшаник пешниҳод кард, ки гузаштаи таҳқиқотии Омск дар муҳити шаҳр васеътар инъикос ёбад. Ба ақидаи ӯ, кӯчаҳои нав ва беномро метавон ба номи олимон ва сайёҳони маъруфе гузошт, ки экспедитсияҳои худро ба Сибир ва Осиё маҳз аз ҳамин шаҳр оғоз кардаанд (ба монанди Николай Пржевалский ва Семёнов-Тян-Шанский). Ҳамчунин, ӯ аҳамияти ҳифз ва маъмулгардонии номҳои таърихии ҷуғрофиро барои баланд бардоштани шавқи ҷавонон ба таърих таъкид намуд.
“Рӯзгор”
















