07:50:28 21-уми Ноябри 2026 сол

Дар Брюссел ҷаласаи Кумитаи ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва ИА баргузор шуд

Рӯзи 19 ноябр дар шаҳри Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир гардид. Ҳайати Парлумони Тоҷикистонро муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ ва ҷониби Аврупоро Ҷузеппина Принчи, Раиси ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо оид ба равобит бо Осиёи Марказӣ ва Муғулистон роҳбарӣ карданд.

333 d4d5e13a60 1280x720Дар оғози нишаст Мавсума Муинӣ таъкид намуд, ки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тавсеаи робитаҳои ҳамаҷониба бо Иттиҳоди Аврупо аҳаммияти махсус медиҳанд. Зикр шуд, ки Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро шарики муҳимми байналмилалии худ медонад ва барои рушди ҳамкориҳои дарозмуддату устувор дар асоси манфиатҳои мутақобила талош меварзад.

Дар ҷараёни гуфтугӯҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ баррасӣ гардида, ба самтҳои калидии зерин таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд:

- Баррасии дурнамои Созишномаи тавсеаи шарикӣ ва ҳамкорӣ (EPCA), инчунин густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо.

- Таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои обу энергетика, сиёсати ҳифзи муҳити зист, нақлиёт, алоқа ва рушди инфрасохтор.

- Муборизаи муштарак бо таҳдидҳои амниятӣ, таъмини ҳуқуқи инсон, волояти қонун ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию иҷтимоӣ.

Таъкид гардид, ки муҳокимаҳои созандаи ин нишаст далели равшани рушди босуботи муносибатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо буда, ба манфиати мардумони ҳар ду ҷониб равона шудаанд. Дар фарҷоми ҷаласа оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ