14:24:07 11-уми Ноябри 2026 сол

Корҳои фаҳмондадиҳии Хадамоти муҳоҷират дар фурудгоҳҳо: Ҳушдор аз қаллобону миёнаравон

Кормандони Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб бо шаҳрвандони сафаркунанда ва муҳоҷирони ба Ватан баргашта корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд. Ҳадафи ин иқдом баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон дар бораи муҳоҷирати бехатар, пешгирии қаллобӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

555 image001-17Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷират, дар ин вохӯриҳо ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд:

- Ба шаҳрвандон фаҳмонида шуд, ки гурӯҳҳои қаллоб бо истифода аз наворҳои сохта, аксҳои таҳриршуда ва иттилооти бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва каналҳои Telegram маблағ ҷамъоварӣ мекунанд. Таъкид гардид, ки пеш аз интиқоли пул ба суратҳисобҳо ё фондҳои шубҳанок, қонунӣ будани фаъолият ва маълумоти расмии гиранда ҳатман санҷида шавад.

- Ба мусофироне, ки барои кор ба Федератсияи Русия сафар доштанд, тавсия дода шуд, ки ҳангоми расмиятдарории ҳуҷҷатҳо, тамдиди бақайдгирӣ ва гирифтани патент ба миёнаравон ва агентҳои хусусии шубҳанок бовар накунанд. Шаҳрвандон бояд маълумоти заруриро танҳо аз сомонаҳои расмии Сафорат, консулгариҳо ва Намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия дастрас намоянд.

- Ба муҳоҷироне, ки ба Ватан баргаштаанд, барои дарёфти ҷойи кори холӣ, инчунин ҷалб шудан ба курсҳои касбомӯзӣ ва забономӯзӣ дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат машваратҳои муфид дода шуд.

Дар анҷоми суҳбатҳо ба мусофирон варақаҳои иттилоотӣ ва тавсияномаҳо тақсим карда шуданд. Хадамоти муҳоҷират хотиррасон мекунад, ки шаҳрвандон барои гирифтани машварат ва кумаки иттилоотӣ метавонанд ба телефони боварии фаврии хадамот — 900-80-08-00 муроҷиат намоянд.

“Рӯзгор”


 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ