21:52:05 13-уми Ноябри 2026 сол

Бозгашти парвозҳои минтақавӣ: «Shohin Airlines» самтҳои Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлобро ба роҳ мемонад

Ширкати ҳавопаймоии ватании «Shohin Airlines» парвозҳои мунтазами дохилиро аз пойтахт ба чор шаҳри кишвар оғоз менамояд. Ин иқдом ба беҳтар шудани робитаҳои нақлиётӣ, осон гардидани рафтуомади сокинон ва рушди сайёҳии дохилӣ нигаронида шудааст.

111 SHohin-EjrПарвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Бохтар ва Душанбе – Кӯлоб амалӣ хоҳанд шуд. Иҷрои онҳо вобаста ба мусоид будани вазъи обу ҳаво ба нақша гирифта шудааст.

Ҳавопаймои нави «Badakhshon» барои релефи кӯҳистон

Парвозҳо тавассути ҳавопаймои нави замонавии L410 NG, ки 19 ҷойи нишаст дорад, анҷом дода мешаванд. Ин ҳавопаймо, ки «Badakhshon» номгузорӣ шуда, 2 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид, маҳсули ширкати чехии LET Aircraft Industries мебошад.

Мутахассисон қайд мекунанд, ки ин навъи ҳавопаймо махсус барои ҳамлу нақли минтақавӣ тарҳрезӣ шуда, барои парвоз дар масирҳои кӯтоҳ, шароити иқлими гуногун ва релефи мураккаби кӯҳистони Тоҷикистон комилан мувофиқ аст.

Аҳамияти иқдом барои минтақаҳо

Директори генералии «Shohin Airlines» Зафар Аҳмадзода ин ташаббусро қадами муҳим дар таҳкими пайвандҳои минтақавии кишвар арзёбӣ кард.

- Таъмини рафтуомади зуд ва бароҳати аҳолӣ миёни пойтахт ва вилоятҳо, бахусус барои сокинони ВМКБ.

- Фароҳам овардани имкониятҳои нав барои сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷиҳати боздид аз минтақаҳои кишвар.

Маълумоти дақиқ дар бораи санаи оғози парвозҳо, ҷадвали ҳаракат ва арзиши чиптаҳо ба зудӣ эълон хоҳад шуд. Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо рақами 44-640-77-77 тамос гиранд.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ