Пайванди илм, технология ва соҳибкорӣ: Дар Душанбе Конфронси IV байналмилалии донишгоҳҳои ИДМ баргузор мешавад
Рӯзҳои 30 ноябр ва 1 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси IV байналмилалии илмию амалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад.
Ин ҳамоиши бонуфуз, ки аз соли 2023 инҷониб бо дастгирии «Россотрудничество» доир мешавад, ҳамасола беш аз 100 намояндаро аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба ҳам меорад. Ҳадафи меҳварии он табдил додани муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба марказҳои пешбарандаи технологияҳои муосир, инноватсия, соҳибкорӣ ва таҳкими пайванди онҳо бо бахши хусусию ҷомеа мебошад.
Дар доираи бахшҳои мавзуӣ ва мубоҳисаҳои панелии конфронс масъалаҳои калидии зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:
- Нақши донишгоҳҳо дар рушди илмҳои техникӣ, таъмини пешрафти технологии кишварҳои ИДМ ва татбиқи «Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии ИДМ то соли 2030».
- Муаррифии тарҳҳои муштараки ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳо, муассисаҳои илмӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва сохторҳои давлатӣ.
Баргузории ин нишаст барои дарёфти шарикони нав, роҳандозии лоиҳаҳои муштараки инноватсионӣ ва густариши робитаҳои илмию иқтисодӣ дар фазои ИДМ заминаи мусоид фароҳам меорад.
“Рӯзгор”
















