ИХРОҶИ КӮДАКОН АЗ МАСОҶИД: БАҲСИ МАҚОМОТ БО РӮҲОНИЁН
Маъмурони пулис дар вилояти Хатлон ахиран беш аз 100 кӯдакро аз масоҷиди ин минтақа берун карда ва дари 40 хонаро ба рӯйи кӯдаконе, ки дар он ҷоҳо таъолими исломӣ мегирифтанд, бастаанд. Ин матлаб рӯзи ҷумъаи 9 июл дар ҳамоиши намояндагони пулис, мақомоти давлатӣ дар вилояти Хатлон ва рӯҳониёну намояндагони Шӯрои уламои исломии ин вилоят, иброз шуд.
Дар ин ҳамоиш, ки дар толори ҷаласоти ҳукумати вилояти Хатлон дар шаҳри Қурғонтеппа баргузор шуд, Лутфия Роибова, як масъули раёсати маъорифи вилояти Хатлон, гуфт рӯз то рӯз саффи кӯдаконе, ки ба масоҷид мераванд ва ё дар назди рӯҳониён сабақи исломӣ мегиранд, зиёд шудааст. Хонуми Роибова ҳушдор дод, ки ин раванд паёмадҳои ногуворе ба дунбол хоҳад дошт: " Кӯдакони то синни мактабӣ ва мактабхонҳо дар саффи намозгузорон дида мешаванд, дар хонаҳои шахсӣ ба омӯзиши таъолими исломӣ саргарманд, ки ин амр метавонад онҳоро аз омӯзишу парвариш дур созад."
Вай ҳамчунин иброз дошт, ки бисёре аз рӯҳониёне, ки ба кӯдакон таъолими исломӣ медиҳанд, дар зеҳни кӯдакон хурофотпарастиро густариш медиҳанд. Лутфия Роибова афзуд: "Ҳар кӯдаке, ки назди муллоҳо сабақ мегирад ё ба масҷид меравад, баъди шунидани амри маъруфи имомону устодонашон аз мактаб канор мемонанд. Мо дар масҷидҳо минбаъд назоратро тақвият мекунем ва аз вуруди кӯдакон ба масоҷид ҷилавгирӣ мекунем."
Аммо рӯҳониён ва намояндагони дин дар вилояти Хатлон бо ин иқдоми мақомоти давлатӣ дар вилоят ибрози мухолифат карданд. Онҳо гуфтанд, ки 93 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон пайравони дини исломанд ва набояд дар ин маврид бетараф буд. Эшони Саидҷон Маҳмудзода, раиси шӯрои уламои исломии вилояти Хатлон, гуфт, ки кӯдакон бояд намоз гузоранд ва сабақи исломӣ бигиранд. Вай афзуд: "Кӯдаконе, ки ба масоҷид мераванд, берун аз дарси мактаб онҷо мераванд ва ҳоло, ки таътили тобистона аст, саффи онҳо дар масоҷид зиёд шудааст, ки ба фикри банда, ин ҳеч зиёне надорад. Онҳо танҳо намоз гузошта ва сипас ба хона бармегарданд."
Оқои Маҳмудзода иддаъои хурофотӣ шудани кӯдакон дар масҷид ё дар хонаи рӯҳониён ба ҳангоми сабақгириро бепоя хонд. Вай гуфт: "Дар масоҷид муллоҳои мо ба кӯдакон амри маъруф ё таблиғоти дигаре намекунанд. Вале аз чи бошад, ки мақомот ин гуна тасмим гирифтаанд. Мо бо иқдоми онон мувофиқ нестем. Аз нуқтаи назари ислом ва шариъат ман ва дигар рӯҳониён наметавонем кӯдакеро, ки бо пойи таҳорат вориди масҷид мешавад, аз он ҷо пеш кунем."
Аммо мақомоти пулиси вилояти Хатлон мегӯянд, ки бештари сархатибони масоҷиди вилоят дар Ҳиндустону Покистон ва кишварҳои арабӣ таълимоти исломиро фаро гирифта, сабақи гирфтаашонро ба наврасону ҷавонон таблиғ мекунанд, ки ин амр паёмадҳои нохуше ба дунбол хоҳад дошт. " Як маъмури пулис, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, бо ишора ба мавориди боздошт ва муҷозоти ҷавононе, ки ба Салафия, Ҳизбуттаҳрир, Ҷамоъати таблиғ ва гурӯҳҳои дигари исломӣ пайвастаанд, гуфт, ки бештари ин афрод баъди таҳсил дар кишварҳои исломӣ ба узвияти гурӯҳҳои ифротгаро пайвастаанд."
Ба гуфтаи ин маъмури пулис, бештари афроде, ки ба ҷурми узвият дар ин гурӯҳҳо зиндонӣ шудаанд, ба таблиғи ҷавонону наврасон барои пайвастан ба гурӯҳҳои ифротгарои мазҳабӣ машғул буданд. Ба гуфтаи масъулони давлатӣ, ширкати кӯдакон дар намозгузориҳо дар масоҷид бештар дар шаҳрҳои Кӯлобу Қурғонтеппа ва навоҳии Ҷалодиддини Румӣ, Қумсангиру Бохтар мушоҳида шудааст. Дар ҷаласаи рӯзи ҷумъа мақомоти пулис ва намояндагони ниҳодҳои дигари давлатӣ аз шӯрои уламои исломии вилояти Хатлон хостанд, ки барои роҳ надодани кӯдакон ба масоҷид ва сабақгирӣ дар назди муллоҳо ба мақомот кумак кунанд.
Вале масъулони шӯрои уламои исломии вилояти Хатлон ва рӯҳониёни дигари маҳаллӣ ин пешниҳодро, азбаски ба гуфтаи онҳо оҳанги фармоишӣ дорад, напазируфтаанд. Дар ҳоле ки ихтилофи назари мақомҳои давлатӣ ва рӯҳониён рафъ нашудааст, маъмурони пулис мегӯянд, ки ба анҷоми амалиётҳои вижа барои дур кардани кӯдакону наврасон аз масоҷид идома хоҳанд дод.
Орзӯи Карим, Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/2649-2010-07-10-13-31-13.html
-
23.09.2026 20:52
132
Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд
-
19.09.2026 11:53
342
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
-
17.09.2026 21:20
236
Мулоқот ва сарфарозгардонӣ бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея
-
08.05.2026 19:24
723
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
697
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
691
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
03.09.2026 12:24
383
Бонки миллӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба муомилот баровард
-
21.08.2026 11:04
537
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
-
15.08.2026 21:59
414
Форуми рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодии Авруосиё
-
14.07.2026 10:13
579
Устод Пайванд - пайвандгари наслҳо буданд
-
11.07.2026 11:51
637
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
1274
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
23.09.2026 02:31
211
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
-
20.09.2026 12:37
170
Ташаббуси Тоҷикистон дар рушди зеҳни сунъии бехатар дар арсаи ҷаҳонӣ
-
19.09.2026 11:50
226
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
-
13.09.2026 22:13
326
Китобхонаи миллии Тоҷикистон: ғунҷоиши то 10 миллион китоб
-
10.09.2026 23:23
619
ИЗҲОРИ СИПОСИ АҲЛИ ЭҶОДИИ «РӮЗГОР» БА ҲАВОДОРОНИ НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН
-
06.09.2026 19:10
474
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид
-
12.09.2026 00:44
621
СӮЗИШИ ҒУРБАТ: ТАЛХИҲО ВА УМЕДҲОИ МУСОФИРӢ
-
31.08.2026 10:24
504
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
-
16.08.2026 14:01
628
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
-
10.09.2026 22:44
475
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
05.09.2026 13:59
453
Таваллуди Паёмбар (с)
-
28.08.2026 22:33
545
Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
-
28.02.2026 22:46
875
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2246
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2403
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.07.2026 12:25
549
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2366
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1434
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
21.09.2026 00:41
417
ҶҶ 1998: Триумфи бузурги Фаронса ва таваллуди як афсона
-
20.09.2026 12:34
362
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
-
19.09.2026 11:40
234
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
-
22.09.2026 10:51
224
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Падари шеъри тоҷику форс ва сардафтари адабиёти ҷаҳонӣ
-
22.09.2026 10:48
184
Оё медонед, ки…?
-
21.09.2026 00:46
353
Суқрот - Марде, ки ҷаҳонро андешидан омӯхт










































