07:07:53 24-уми Августи 2025 сол
600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ дар рӯзи забон таҷлил мешавад 10.04.2014 20:43 1355
Ҳамоиши байналмилалии бузургдошти 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 6-уми октябри соли 2014 баргузор мешавад. Бино ба иттилои кумитаи тадорукоти баргузории ҷашнвора ахиран созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро дар мавриди дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил кардани 600-солагии ин шоири нобиғаи тоҷикро пазируфта буд.
Сирки Лаҳистон дар Душанбе 10.04.2014 20:42 1076
Рӯзи шанбеи гузашта сафари ҳунарии сирки Варшав ба Душанбе оғоз гардид. Дар ин бора ба "Рӯзгор" аз Сирки далатии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае,ки гузашт 10.04.2014 20:39 866
Дар ҷараёни сафари кори худ ба вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сохтмони корхонаи саноатии Ғаюр - Суғдсемент оғоз бахшид. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Сардори давлат ин корхонаи тавлиди семент дар масоҳати 20 гектар замини хушку саҳро бо маблағи 50 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби ширкати ватании ....
Барандаи ҷоизаи Пулитсер дар Афғонистон кушта шуд 05.04.2014 00:19 894
Дар як ҳамла ба ду хабарнигори хориҷӣ дар шарқи Афғонистон яке кушта шуд ва дигарӣ захмӣ шуд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, як афсари ҷавони полиси афғон рӯзи ҷумъа, 4 апрел, хабарнигори олмонӣ Аня Ниедрингҳаусро ҳадафи тир қарор дод ва ҳампешаи канадагии ӯ Кэти Ганнонро маҷрӯҳ кард.
Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон: Ҷоизаи Линдгрен ба Линдгрен 03.04.2014 20:03 852
Адиби шинохтаи швед Барбару Линдгрен созовори ҷоизаи Астрид Линдгрен шуд. Барбару Линдгрени 77-сола аз ҷумлаи шинохтатарин нависандагони Шветсия буда, асарҳояш бо беш аз 30 забони сокинони олам тарҷума ва нашр шудаанд. Моҳи октябри соли гузашта барои дарёфти ҷоизаи Астрид Линдгрен аз 68 кишвари олам 238 асар пешниҳод гардид.
Се довталаби ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ 03.04.2014 19:59 920
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон эълон кардааст, ки адабиётшинос Атахон Сайфуллоевро барои асарҳои сеҷилдаи "Уфуқҳои тозаи наср" ва шоир Мирзо Файзалиро барои китоби "Гулхори чида-чида" ба дарёфти ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ пешниҳод кардааст.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт 03.04.2014 19:57 927
Бар асари роҳандозии як силсила амалиётҳои фаврӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафарро барои ширкат дар муомилоти ғайриқонунӣ боздошт кардаанд. Тавре Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи ниҳод ба "Рӯзгор" гуфт, дар амалиёти аввал, ки дар ноҳияи ба номи Ҷомии вилояти Хатлон сурат гирифт 5 нафар сари тиҷорати ....
"Ҷангҳои" фарҳангии буҳрони Украинаву Русия 27.03.2014 22:13 923
Яке аз шинохтатарин чеҳраҳои ҳунарии Русия, ҳунарманди арманиву рус Армен Ҷигарханян аз амалкарди президенти Русия Владимир Путин шадидан интиқод кард ва гуфт ҳаргиз зери номае, ки таҷовузи Русия ба қаламрави Украинаро ҷонибдорӣ мекунад, имзо нахоҳад гузошт. Вай мақоли машҳури арманиро овардааст, ки гуфта мешавад ...
"Тоҷикон дар оинаи таърих"-ро дар Парлумони Аврупо муаррифӣ карданд 27.03.2014 22:10 1020
Дар арафаи иди Наврӯз дар Парламони Аврупо, дар шаҳри Брюсел тарҷумаи фаронсавии китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Тоҷикон дар оинаи таърих" муаррифӣ шуд. Вазорати умумри хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд китоби Сардори давлат бори аввал бо забони фаронсавӣ тарҷума ва дар ду ҷилд 10 марти соли равон нашр шуда буд.
14 миллион еврои Олмон барои ҳифзи саломатии модар ба Тоҷикистон 27.03.2014 22:08 886
Ҳукумати Олмон барои Тоҷикистон барои татбиқи марҳилаи чоруми лоиҳаи "Ҳифзи саломатии модар ва кӯдак ва кӯмаки бетаъхири тиббӣ" 14 миллион евро ҷудо мекунад. Ҳуҷҷати расмии ин тасмимро 20 марти соли равон вазири рушди иқтисод ва тиҷорати кишвар Шариф Раҳимзода ва намояндаи Бонки олмонии рушд (KfW) Кристина Лаабс имзо карданд.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт 27.03.2014 22:06 923
Дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай бо ширкати Президент дар маркази пойтахт бинои мактаби рақами 8 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Тавре аён гардид, бинои нави ин мактаб бо тарҳи хеле зебои замонавӣ ва беҳтарин шароити таълимӣ барои 2700 хонанда дар 2 баст бо харҷи 29 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфтааст.
Нигаронии Хайруллоеви хурдӣ аз "ҷангҳои иттилоотӣ" 27.03.2014 18:29 865
Тоҳир Хайруллоев, муовини сардори ситоди кулли вазорати дифои Тоҷикистон ва писари вазири собиқи дифоъ Шералӣ Хайруллоев дар анҷумани «Мушкилоти амнияти кишварҳои Авро-Осиёи Марказӣ дар шароити сохтори нави ҷаҳон», ки 27-уми март дар Душанбе оғоз ёфт, гуфт ...
Умедаро барои ҳамагӣ 100 доллар куштаанд 24.03.2014 16:43 916
Дар пайи таҳқиқ ва боздошти ду ҷавоне, ки Умеда Раҳимова, хонандаи синфи 11 ва сокини маҳаллаи 33-и шаҳри Душанберо ба қатл расониданд, маълум гардид, қотилон ин ҷиноятро бо ҳадафи ғоратгарӣ содир кардаанд.
Наврӯзи оламафрӯз муборак бод! 21.03.2014 09:39 1298
Фарорасии Наврӯзи оламафрӯзро барои тамоми ҳамватанони азиз ва муштариёни сомонаи «Рӯзгор» табрик гуфта барояшон дар соли нави аҷдодӣ тани сиҳату хотири ҷамъ, хонаи ободу осмони беғубори сулҳ ва комёбиву саодатмандӣ дар рӯзгор орзумандем.
Пайкараи Робер Ҳусейнро дар фаронса Амрӣ Аминови тоҷик месозад 19.03.2014 13:42 850
Амрӣ Аминов, пайкартароши машҳури тоҷики муқими Фаронса эълон кардааст, ки тасмим гирифтааст дар кутоҳтарин фурсат ҳайкали шоири маъруф Абулқосим Лоҳутӣ ва чеҳраи шинохтаи синамои ҷаҳон Робер Ҳусейнро бисозад.