07:48:36 24-уми Августи 2025 сол
Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон 20.02.2014 13:26 860
Ҳунарманди машҳури инглис ва яке аз шинохтатарин чеҳраҳои ҳаҷви ҷаҳон Роуэн Аткинсон, ки миёни мардум бо номи Мистер Бин маълум аст, шояд аз ҳамсараш Санэтра Сэстри ҷудо шуда бошад. Онҳо муддати бештар аз бист сол бо ҳам буданд ва аз зиндагонии муштарак ду фарзанд доранд ...
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт 20.02.2014 13:21 923
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раҳимпурро ба ҳузур пазируфт. Бино ба гузориши дафтари матбуотии Сардори давлат дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи гуногунҷанба ва ҳамкории судбахши ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.
Профессор Худойназар Асозода даргузашт 18.02.2014 11:57 1184
Профессор Худойназар Асозода, донишманд, адабиётшинос ва афғонистоншиноси маъруфи кишвар бар асари бемории қалбӣ дар синни 73 солагӣ дунёи фониро падруд гуфт ва ба ҷавори Ҳақ пайваст. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун.
Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 15.02.2014 13:28 1030
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои нав дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз масъулияти баланди ватандорӣ ...
Баррасии парванда алайҳи ҳафтаномаи «Самак» аз сар гирифта мешавад 13.02.2014 16:12 1000
Пагоҳ, 14-уми феврал, соати 10, дар бинои суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии дубораи парвандаи Аскар Ҳаким – алайҳи ҳафтаномаи "Самак" шуруъ мешавад. Бори аввал бинобар насупоридани боҷи давлатӣ аз ҷониби Аскар Ҳаким ба маблағи 1050 сомонӣ баррасии парванда беҳаракат монда шуда буд.
Вазири нақлиёт, Амонуллоҳ Ҳукумов ва нақби «Истиқлол» 13.02.2014 14:51 1035
Мо аз корҳо ва таҷрибаи Амонуллоҳ Ҳукумов бояд омӯзем. Кореро, ки Амонуллоҳ Ҳукумов барои ҷумҳурӣ кардааст, ман ҳамчун вазир ҳанӯз накардаам, гуфт Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотие, ки рӯзи 13-ум феврали соли 2014 баргузор гардид.
Генерал Ҷеймс Терри дар Тоҷикистон 12.02.2014 13:14 865
Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Фармондеҳии марказии ИМА (ARCENT) генерал -лейтенант Ҷеймс Терри дирӯз, 11-уми феврвл бо мақсади муҳокимаи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масоили амният бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Тоҷикистон дар доираи сафари расмӣ ба кишваҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон 12.02.2014 13:01 980
Довуди Пажмон, як тан аз сарояндагони тозазуҳури афғон, ки ахиран бо эҷоди навои "қашқарча" бо истифода аз асбобҳои мусиқии суннатии маҳаллӣ шуҳрати хоса касб кардааст, дар марҳилаи 23-юми озмуни "Ситораи афғон" дар миёни 5 нафар аз беҳтарин сарояндагон ҷой гирифт. Дар ин давр мухлисонаш аз ӯ таронаи "Ошиқам"-ро шуниданд, ки ....
Дар Конибодом ансамбли "Мақомхонони наврас" эҳё шуд 12.02.2014 12:55 740
Бо ташаббуси номзади илми санъатшиносӣ Абдувалӣ Абдурашидов дар шаҳри Конибодом вилояти Суғд ансамбли "Мақомхонони наврас" муҷаддадан эҳё шуд. Дар ин бора ба "Рӯзгор" аз дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар Минск китоби Ато Ҳамдам муаррифӣ шуд 12.02.2014 12:54 847
Бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон, дабирхонаи марказии ИДМ ва вазорати иттилооти Беларус дар шаҳри Минск ҳамоиши Ҳамкориҳои илмию адабӣ миёни Тоҷикистону Беларус доир шуд Дар ин бора ба "Рӯзгор" журналисти тоҷики муқими Белорус Абдулғаффори Камол, ки барандаи ин ҳамоиш буд, хабар дод.
Боғшоҳи Лашкарбек дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд 12.02.2014 12:51 741
Боғшоҳи Лашкарбек, як тан аз олимон ва забоншиносони барҷастаи тоҷик, ки ахиран бар асари беморӣ дар шаҳри Маскав аз олам даргузашта буд, дар зодгоҳаш деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим бо ҳузури густардаи мардум, ҳамкорони собиқ, ходимони илму фарҳанги ҷумҳурӣ, намояндагони ҳукумати вилоят ба хок супурда шуд. Ҷанозаи ӯро 5 феврал ба ....
Эмомалӣ Раҳмон дар Сочӣ бо Милош Земан мулоқот кард 12.02.2014 12:48 746
Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон аз мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Чехия Милош Земан дар Сочӣ иттилоъ дод.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт 12.02.2014 12:45 834
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия иштирок намуд. Дафтари матбуоти сарвари давлат хабар дод, ки дар ин маросим роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақом аз зиёда аз 80 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд.
Муҳокимаи Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ 08.02.2014 15:16 1006
Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи аввалини гурӯҳи якҷояи корӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ доир гардид.Дар ибтидо раиси гурӯҳ, муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Аз нишасти матбуотии раиси Агентии мубориза бо коррупсия 05.02.2014 13:35 973
Дар нишасти матбуотии раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Абдулфаттоҳи Ғоиб, ки рӯзи сешанбеи 4-уми феврал баргузор гардид, гуфта шуд, ки агентии мазкур дар соли 2013 1464 маротиба тафтишу санҷиш гузаронид...