18:27:13 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Куштори Оятуллоҳ ва интиқоли гумонбар аз Маскав ба Душанбе

Мақомоти интизомии тоҷик як гумонбаршуда дар қатли як сокини шаҳри Душанберо дар Маскав боздошт карданд ва ба Тоҷикистон интиқол додаанд.

bozdoshtshuda-56144785Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 26 июл аз ошкор кардани як куштори мудҳиш дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод. Тибқи иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар таърихи 17 феврали соли ҷорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади Оятуллоҳ Мирзоеви 31-сола, ки сокини шаҳри Душанбе пайдо карданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ба дунболи ин ҳодиса гурӯҳи тафтишотии ин вазоратхона таъсис ва дунболи кашфи ин ҳодиса шуданд ва гумонбари асосии ин куштор Саид Исмоиловро аз Москва боздошт намуда, ба Тоҷикистон интиқол доданд.   

Вазорати умури дохилӣ дар шарҳи ин ҳодиса мегӯяд, дар зимни тафтишот ошкор шудааст, ки Саид Исмоилов аъзои гурӯҳи нашъаҷалоб буда, дар ҳамдастӣ бо ҳаммаслаконаш ба хариду фурӯш ва интиқоли маводи мухаддир сару кор доштаанд.

Онҳо барои дар байни худ муҷодала (разбор) намудан, Оятуллоҳ Мирзоевро ба воситаи телефони мобилӣ, ки махсус барои ба ӯ занг задан харидорӣ намуда буданд, ба назди Сирки давлатӣ даъват намуда, дар сараш халта кашида, ба деҳаи Обшорони ноҳияи Рӯдакӣ мебаранд. Дар он ҷо Саид Исмоилов бо таппончаи Макаров бо садонишонак (глушител) ӯро парронида, сипас бо скоч дасту пояшро баста, ба лаби дарёи Кофарниҳон бурда, ба баданаш 8-тири дигар мезананд.

Ба гуфтаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳангоми кофтуков аз “Истироҳатгоҳ”-и Саид Исмоилов дар ноҳияи Ховалинг, шумораи зиёди силоҳу лавозимот, аз ҷумла 3-дона туфангчаи Макаров, 400-дона тирҳои гуногун, 9-адад норинҷак, 1-адад ТОЗ-8, 1-адад найзакорд (штикнож), зиреҳ (бронжилет) ва ғайра дарёфт ва мусодира кардаанд.

Вазорати умури дохилӣҳамзамон хабар додааст, ки афроди дигари ин гурӯҳро боздошт карда ва тафтишот дар нисбати онҳо низ идома дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi