16:10:53 02-уми Июни 2025 сол

Ҳалокати ҷияни Ҳомид Карзай дар ҳамлаи интиҳорӣ дар Қандаҳор

Ҳашмат Халил Карзай, писари амаки раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар манзилаш кушта шудааст.

jiyani-karzay 54511Ҳашмат Халил Карзай - писари амаки Ҳомид Карзай, ки масъули дафтари интихоботии Ашрафғанӣ Аҳмадзай - номзади интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон буд, субҳи рӯзи сешанбе дар манзилаш дар вулусволии Данди минтақаи Карзи вилояти Қандаҳор кушта шуд.

Давохон Меенапол, сухангӯи волии Қандаҳор бо таъйиди ин хабар ба мо гуфт, ки ҳамла аз сӯи як фарди интиҳорӣ, ки маводи таркандаро дар баданаш ҷой карда буд, ҳангоми табрикот бо Ҳашмат Халил Карзай, сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи сухангӯи волии Қандаҳор, Ҳашмат Халил Карзай аз чаҳор моҳ моҳ ба ин тараф мавриди таҳдид қарор дошт. Вай мегӯяд, ки ин дар ҳодиса як шахси дигар низ кушта шудааст. То ба ҳол масъулияти ин ҳамларо касе ё гурӯҳе ба ӯҳда нагирифтааст.

Ҳашмат Халил Карзай аввалин қурбонӣ дар хонаводаи раиси ҷумҳури Афғонистон нест. Ҳудуди се сол қабл, дар моҳи июли соли 2011 Аҳмадвалӣ Карзай, бародарандари хурдии Ҳомид Карзай ва раиси Шӯрои вилояти Қандаҳор, кушта шуда буд. Он замон масъулияти қатли бародарандари Ҳомиди Карзайро ҷунбиши Толибон бар дӯш гирифта, ин ҳамларо «аз бузургтарин комёбиҳо»-яш ба қалам дода буданд.

Аҳмадвалӣ Карзайи 49-сола аз нуфузи густардае дар Қандаҳор бархӯрдор буд ва аз ёрони Амрикову Ғарб дар ин минтақа ба шумор меомад. Ӯқаблан дар солҳои 2008 ва 2009 аз дастикам ду талоши сӯъиқасд ба ҷонаш ҷони солим ба дар оварда буд.

“The New York Times” панҷ сол пеш навишт, ки бародарандари Карзай  тайи чандин сол ба сурати пайваста аз CIA, идораи ҷосусии Амрико, аз ҷумла барои ҷалби силоҳбадастон ба амалиётҳои таҳти раҳбарии ин ниҳод дар атрофи Қандаҳор пул мегирифт. Аҳмадвалӣ ва Ҳомиди Карзай бародарони модарҷудоянд. Падари онҳо Абдулаҳад Карзай раҳбари қабилаи паштузабони пӯпалзай, соли 1999 аз ҷониби ҷангиёни Толиб дар шаҳри Куветтаи Покистон кушта шуда буд.

Давоми чанд соли ахир дар Афғонистон бар асари ҳамлаҳои интиҳорӣ афроди зиёди саршинос ба ҳалокат расиданд. Аҳмадшоҳ Масъуд, Бурҳониддин Раббонӣ, Муҳаммаддовуди Довуд, Мавлоно Саидхелӣ аз ҷумлаи афроди шахсиятҳои маъруфи Афғонистон ҳастанд, ки қурбонии ҳамлаҳои интиҳорӣ шудаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854