17:04:41 02-уми Июни 2025 сол

Дар Балҷувон оромгоҳи Ҳайтолиён кашф шуд

Ахиран дар қаламрави ноҳияи Балҷувон қабристони Ҳайтолиёнро пайдо кардаанд, ки мансуб ба асрҳои 3 то 5 милодӣ будааст. Қарор аст аввали моҳи оянда ҳафриёти он бо кӯшиши олимони тоҷику рус оғоз гардад.

deha-az-boloi-kuh.-2112Он чӣ то имрӯз маълум аст кашфи ҷавшан, шамшер, корд, лавозимоти аспҳои ҷанганда дар канори устухонҳои сарбозони дафншуда аст. Ва боз дар деҳаи Шаҳидон дар як замини хеле фарох баъзе асбобҳо кишоварзӣ низ пайдо шудааст. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки Ҳайтолиён дар ин мавзеъ ба киштукор низ машғул будаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки баъди суқути империяи Кушониёни бузург дар ин сарзамин Ҳайтолиён муддати дурудароз ҳокимият карданд ва дар қаламрави имрӯзаи Осиёи Марказӣ як давлати фарогирро ташкил карда буданд. Бино ба натиҷаи аввалин кашфиётҳои илмии оромгоҳи сарбозони ин давлат хокшудагон ҳама мардонад ва баъзеҳоро бо сару либоси ҷангӣ ва лавозимоти ҷангии вай гӯронидаанд. 

Қабри онҳо то 2,5 метр баландӣ доштааст ва дар баъзеи он аспонашон бо зину лаҷом ва дигар абзор низ канорашон гӯронида шудаанд. Олимон мегӯянд мурдаҳо бо шеваи хоксупории зардуштиён гур карда шудаанд, ки пайрави ин оин будани Ҳайтолиёнро далолат мекунад. 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854