17:48:32 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шӯҳрат Қудратов: Ман аз касе пора нагирифтаам

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъ, ки имрӯз боздошт шуд, ҳангоми берун бурданаш аз маркази "Соҳибкорон" кӯтоҳ ба хабарнигорон гуфт, ки ӯ аз касе пора нагирифтааст ва "ҳама чиз хуб мешавад."

shuhrat-qudratov 454554885Шӯҳрат Қудратов , вакили мудофеъи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов, ки имрӯз боздошт шуд, ҳангоми берун бурданаш аз маркази "Соҳибкорон" кӯтоҳ ба хабарнигорон гуфт, ки ӯ аз касе пора нагирифтааст ва "ҳама чиз хуб мешавад."  Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, Қудратов дар иҳотаи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод қарор дошт.

Онҳо Шӯҳрат Қудратовро барои кофтукоби ҳуҷраи кориаш ба маркази "Соҳибкорон", воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ дар маҳаллаи 8 Марти Душанбе оварда будандҚудратов бо Исҳоқ Табаров, вакили дигари соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов гоҳо дар яке аз ҳуҷраҳои ин бинокор мекард. Ба гуфтаи наздиконаш, ҳоло Исҳоқ Табаров ба ҳайси вакил аз ҳуқуқи Шӯҳрат Қудратов ҳам ҳимоят мекунад.

Р.Зоиров: Боздошти Шӯҳрат Қудратов пурра ангезаи сиёсӣ дорад

Раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон боздошти вакили мудофеъ ва узви фаъоли ин ҳизби мухолиф Шӯҳрат Қудратовро сиёсӣ номид ва гуфт, ӯро барои ҳимояти нотарсонааш аз Зайд Саидов чунин "ҷазо" доданд. Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон рӯзи 21 июл дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, боздошти Шӯҳрат Қудратов, узви фаъоли ҳизби ӯ ва вакили дифои соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов табиати сиёсӣ дорад:

"Ин, албатта, ангезаи сиёсӣ надошта наметавонад. Шӯҳрат Қудратов  яке аз баҷуръаттарин адвокатҳое буд, ки ҳама чизро бе ягон тарсу ҳарос, озодона изҳори ақида мекард. Ӯ яке аз адвокатҳои аз ҷиҳати сиёсӣ устувори Тоҷикистон буд. Мо хеле боз хафв доштем ва маълумотҳое ҳам мерасид, ки  мақомот чанд вақт боз дар пайи интиқом аз ӯ буданд, лекин ягон асос надоштанд."

Ба ақидаи Раҳматуллоҳ Зоиров, шаҳодати як додрас таркиби ҷиноят шуда наметавонад, балки "пораро фақат вақти додану гирифтан метавон исбот кард. Дар ғайри он, ин  табиати пурра провокатсионӣ ва сиёсӣ дорад."

Шӯҳрат Қудратов аз вакилони шинохтаи тоҷик аст, ки дар чандин парвандаи пурсарусадо аз ҷумла аз вазири собиқи умури дохилаи Тоҷикистон Ёқуб Салимов, вазири собиқи саноат Зайд Саидов ва Диловаршо Қосимов - гумонбари асосӣ дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи ҷангал ва язнаи президенти Тоҷикистон ва Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" ҳимоят кардааст.

Оҷонсӣ тасдиқ кард

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон қаблан боздошти Шӯҳрат Қудратов - яке аз вакилони дифои соҳибкори зиндонии тоҷик Зайд Саидовро тасдиқ кард. Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон рӯзи 21 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ин вакили мудофеи Зайд Саидов ба додани пора ба як додрас гумонбар дониста мешавад.

Хабаргузории "Азия Плюс" аз қавли манбааш дар Оҷонсии зиддифасод хабар дод, ки алайҳи Шӯҳрат Қудратов тибқи моддаи 320-уми Кодекси ҷиноӣ (додани пора) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ: "Ӯ ба додрас як миқдори муайяни пулро ҳамчун пора пешниҳод кардааст. Дар ин бора ба мо худи додрас хабар дод." Ҳамсӯҳбати "Азия Плюс" ҳамчунин гуфтааст, ки изҳороти расмии Оҷонсӣ дар бораи боздошти Қудратов рӯзи 22 июл нашр хоҳад шуд.

Қаблан наздикони Зайд Саидов рӯзи 21 июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Шӯҳрат Қудратовро тақрибан соати 12  кормандони Оҷонсии зидди фасод дастгир карданд.

Шӯҳрат Қудратов дар ҳафтаи гузашта дар як муроҷиатнома ба кишварҳои хориҷӣ ва сафоратҳову созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ хоста буд, то ба қазияи муваккили ӯ, ки инвалиди гурӯҳи дуюм аст ва вазъи саломатиаш дар зиндон вахимтар шудааст, таваҷҷӯҳ кунанд. Шӯҳрат Қудратов дар  он муроҷиатнома, ки рӯзи 15 июл нашр шуд, парвандаҳои зидди Зайд Саидовро “сирф сиёсӣ” ва намунаи барҷастаи интиқомҷӯии мақомот аз нафаре, ки ба сохтани ҳизби сиёсӣ азм карда буд, ба қалам додааст. Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди талошҳои зиёд мақомоти Тоҷикистон натавонистанд Саидовро бадном кунанд ва ӯ дар чашми бисёриҳо ҳамчунон бегуноҳ ва қурбонии таъқиботи сиёсӣ боқӣ монд.

Рӯзи 19 июн додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт даъвои Моҳира Бобораҷабова, яке аз онҳоеро ки Зайд Саидовро ба таҷовуз ба номусаш айбдор мекард ва аз адвокати ӯ Шӯҳрат Қудратов барои паст задани шаъну эътибораш 200 000 сомонӣ товон мехост, ба фоидаи ин зан ҳал кард. Шӯҳрат Қудратов ин ҳукмро интиқоми мақомот барои мавқеи оштинопазираш дар амри дифоъ аз Зайд Саидов номида буд.

Шӯҳрат Қудратов дуюмин вакили Зайд Саидов аст, ки аз ҷониби Оҷонсии мубориза бо фасод боздошт мешавад.

Аз ин қабл, дар моҳи март Фахриддин Зокиров, вакили дигари Зайд Саидов бо иттиҳоми таъхир дар пардохти қарзи бонк низ аз тарафи Оҷонсии мубориза бо фасод боздошт шуда буд. Ду вакили дигари Зайд Саидов, аз ҷумла Шӯҳрат Қудратов, дар пайи боздошти ин ҳамкасби худ нишасти хабарӣ ташкил дода, изҳор доштанд, ки ӯро маҳз барои мавзеъгирии фаъолаш дар амри ҳимоят аз ин соҳибкор боздошт кардаанд. Фахриддин Зокиров то ҳол дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ дар боздошт аст ва ахиран бо қарори додгоҳ замони боздошти ӯро то 2 моҳи дигар тамдид карданд.

Зайд Саидови 55-сола, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва соҳибкори муваффақ, моҳи майи соли 2013 баъди як моҳи эълони азмаш барои сохтани ҳизби сиёсие бо номи Тоҷикистони нав дастгир ва моҳи декабри солши 2013 бо ҷурмҳое, чун ришвахорӣ, сӯиистифода аз мақом ва таҷовуз ба номуси ноболиғ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi