16:40:49 02-уми Июни 2025 сол

Вазорати фарҳанг истифодаи фонограмма дар озмуни "Андалеб"-ро манъ кард

Қарор аст аз 4-ум то 22-юми августи соли ҷорӣ бо ширкати  дастаҳои ҳунарии ғолиб аз шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб-2014"  аз доир гардад. Дар ин бора ба "Рӯзгор" аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ  дар доираи барномаҳои фестивал-озмун истифодаи фонограмма, асбобҳои барқии мусиқӣ, ҷалби ҳунармандони касбӣ (ғайр аз коргардон ва устоди рақс), ҳаваскорони дигар маҳалҳо, либосҳо ва жанрҳое, ки дар низомномааи мазкур зикр нагардидаанд, (хор, эстрада), нигораҳои осорхонаҳо манъ аст.

Дар ин озмун ду дастаи ҳунарӣ аз ВМКБ, ду даста аз Суғд, чор дастаи ҳунарӣ аз вилояти Хатлон (минтақаи Кӯлоб ва Қурғонтепа), ки дар озмунҳои маҳаллӣ пирӯз шудаанд, иштирок менамоянд. 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854