23:46:32 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон: 100 миллион "лайк"-и Шакира дар Facebook

Коргардони рус филмашро дар Украина ба навор мегирад

Дар Укроин наворбардории филми "Ҳанси азиз, муҳтарам Пётр", ки соли гузашта вазорати фарҳанги Русия онро сармоягузорӣ накард, оғоз гардид. Дар ин филм ҳунармандони машҳур аз Русия, Олмон ва Укроин, аз ҷумла Якоб Дил, Биргит Минихмайер, Марк Вашке, Марк Хоземанн (Олмон), Роза Хайруллина, Андрюс Даряла (Русия), Светлана Косолапова, Себастян Антон (Укроин) ва дигарон нақш меофаранд.

mindadze 454541Тиқи иттилои ИТАР-ТАСС сенариянависи машҳур Александр Миндадзе ин бор ба зиндагиномаи як муҳандиси оддии олмонӣ, ки пеш аз ҷанг ба Иттиҳоди Шӯравӣ меояд, ҳикоят мекунад.  Маврид ба ёдоварист, ки бо вуҷуди он ки шӯрои коршиносон назари мусбат дошт, вазорати фарҳанги Русия онро сармоягузорӣ накард. Ба ҳимояи он шинохтатрин чеҳраҳои ҳунарии синамои Русия нома навиштанд, вале вазорат инро ба инобат нагирифт. Иллаташро чунин шарҳ медоданд, ки дар филм лаҳзаҳои намоиш дода хоҳанд шуд, ки барои иштирокдорони ҷанги дуюми ҷаҳон хушоянд нест. Аммо Миндадзе инро як иштибоҳи коршиносон номид ва гуфт, ки касе сенарияи маро ба навиштаи дигаре омехта мекунад. Ман дар ин филм ягон саҳнаи ҷангиро намоиш намедиҳам".

Дар Британия Гарри Поттерро қиссаи Инҷил медонанд

Бо хоҳиши ҷомеаи Инҷили Британияи Кабир коршиносон миёни аҳолии маҳаллӣ бо мақсади сатҳи иттилоънокии сокинон ба китоби осмонӣ пурсише доир карданд.

garry-potter 45454512Пусиш нишон дод, ки аз се як нафари атфол намедонанд, ки китоби Инҷил аз зиндагиномаи Исои Масеҳ ҳикоят мекунад, ҳамчунин онҳо аслан дар бораи сохта шудани Одаму Ҳавво маълумот надоранд. Ҷолиб он аст, ки дар пурсиш 11 ҳазор нафар волидон ширкат кардаанд ва қисмати бештари онҳо намедонанд, ки донистани Инҷил ба тарбияи ахлоқӣ ва арзишҳои маънавии кӯдак таъсири мусбат мерасонад. Барои аксари ширкаткунандагони пурсиш мароқовар буд, ки таърихи Аҳди қадим дар Инҷил муфассал баён шудааст, яъне инро онҳо намедонистанд. Олимон ба ин натиҷа расиданд, ки насли ҷавон дар бораи Инҷил ва офаридаҳои Худованд хеле маълумоти ночиз ва камарзиш дорад. Дар аксар маврид онҳо Гарри Поттерро бахше аз таърихи Инҷил медонанд.

100 миллион "лайк"-и Шакира дар Facebook

Ситораи попи Колумбия Шакира бо дарёфти 100 миллион "лайк" дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук дар ҷойи аввал гузашт.

shakira-456121245Ин сарояндаи машҳур, ки бо забонҳои гуногун таронаҳои марғуб бо садои шево ва мусиқии поп мехонад, Эминемаро, ки 91,9 миллион "лайк" дошт гузашт ва дар ҷойи аввал қарор гирифт. Вай бо изҳори миннатдорӣ ба мухлисонаш дар саҳифаи худ навиштааст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ, ба вежа Facebook дидгоҳҳои миллионҳоро ба ҳам меорад ва одамон метавонанд дар садҳо ҳазор километр масофа ҳам бо ҳам қарин бошанд. Шакира махсусан дар замони футболи Бразилия дар шабакаи иҷтимоӣ хеле фаъол буд ва дар он расмҳои зиёдеро гузоштаву ҳаводоронашро водор ба арзёбӣ кардааст. Танҳо як аксаш аз варзишгоҳи "Маракана"-и Риоде-Жайнеро 3,5 миллион "лайк" гирифтааст.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi