17:26:47 02-уми Июни 2025 сол

Таҳдидоти амниятӣ алайҳи Осиёи марказӣ пас аз соли 2014

Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон муътақид аст, ки пас аз соли 2014 ва хуруҷи низомиёни амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон, таҳдидоти амниятӣ алайҳи кишварҳои Осиёи марказӣ ташдид хоҳад шуд. Ба гузориши сойти 24.kg, женерол Ҳасанбек Оламхоҷаев ин матлабро тайи нишасти хабарии ахири худ дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон баён кардааст.

osiyoi-markazi-54451212Вай бо ишора ба эҳтимоли ташдиди авзои амниятии Афғонистон пас аз соли 2014, бар зарурати тақвияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон таъкид кардааст. Зеро ба гуфтаи вай, эҳтимол дорад марзҳо мавриди таҳдиди гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир қарор гирад.

Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ҳадаф аз баргузории размоиши муштараки нерӯҳои низомии кишварҳои узви Паймони амнияти ҷамъӣ дар Қирғизистонро нишон додани тавони ин нерӯҳо барои муқобила бо таҳдидоти амниятӣ дар Осиёи марказӣ унвон карда аст.

Размоиши  муштараки низомиёни Русия, Белорус, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон таҳти унвони "Дӯстии халалнопазир – 2014"  аз 29 июл то аввали моҳи августи соли ҷорӣ дар Қирғизистон баргузор мешавад.

http://tajik.irib.ir

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854