22:57:15 23-уми Августи 2025 сол

Сафари расмии Сергей Лавров ба Тоҷикистон

Рӯзи 30-юми июл вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

minister-mid-russiaБино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, сафари расмии Сергекй Лавров ба Душанбе бо баргузории маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз мегардад.

Ба навиштаи сойти Азия-Плюс, нимаи дуюми рӯзи 30-юми июл вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия доир гардида, аз натоиҷи он ба матбуот маълумот дода хоҳад шуд. Худи ҳамин рӯз Лавров бо дипломатҳои ҷавони тоҷик мулоқот мекунад.

Ахири рӯзи чоршанбе вохӯрии вазири корҳои хориҷии Русия бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Санаи 31-уми июл Сергей Лавров дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе ширкат меварзад. Нимаи дуюми ҳамин рӯз вазири корҳои хориҷии Русия ба Маскав бармегардад.

http://tajik.irib.ir

Назари Шумо

Security code
навсозӣ