Берон Меробов аз олам даргузашт
30.04.2014 23:12
1207
Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, роҳбари оркестри Театри давлатии академикии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Берон Меробов, субҳи рӯзи ҷумъаи 25 апрел дар синни 78-солагӣ аз олам даргузашт.
Ду CD-и Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ омодаи нашр аст
30.04.2014 23:10
941
CD-и оҳангҳои бастакори варзидаи тоҷик Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ ба ифтихори садумин солгарди ҳунарманд омода мешавад.
Барои имом-хатибон китоб нашр карданд
30.04.2014 23:08
1019
Кумитаи оид ба корҳои дин ва Маркази исломии Тоҷикистон китоберо бо номи "Мавъизаҳо" ба теъдоди 500 нусха аз чоп бароварданд, ки барои имом-хатибони масоҷиди кишвар барои амри маъруф дар рӯзҳои ҷумъа тавсия мешавад.
Илму фарҳанг дар Паёми солонаи Президент
30.04.2014 23:06
1235
23-уми апрели соли равон чун анъанаи солҳои пеш Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми солонаи худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа кард. Паём фарогири муҳимтарин масъалаҳои зиндагӣ, сиёсати дохиливу хориҷии кишвар буда, чун дастури корӣ барои як сол хидмат мекунад.
Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон: Романи навпайдои Габриэл Гарсиа
30.04.2014 23:04
710
Рӯзномаи испании "La Vanguardia" порае аз романи навпайдои Габриэл Гарсиа Маркесро, ки баъди як ҳафтаи даргузашти адиби маъруф аз миёни дастхатҳояш пайдо шуда буд, чоп кард.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт
30.04.2014 22:59
738
Ҷамъомади васеи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъд аз зуҳри рӯзи 23 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, масъалаҳои иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
Устод Айниро дар Теҳрон ёд карданд
24.04.2014 12:10
1089
Бино ба хабари Шоҳмансури Шоҳмирзо, рӯзноманигор ва пажуҳишгари тоҷики муқими Эрон 19-уми апрел бо ибтикори Муассисаи мутолиоти Эрон ва Авросиё (ИРАС) маҳфили ёдбуд ба муносибати зодрӯзи Устод Садриддин Айнӣ - бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик баргузор гардид. Дар ин маҳфил шахсиятҳо ва мақомҳои дипломатии муқими Теҳрон, рӯзноманигорон, пажуҳишгарон ва донишҷӯён ширкат ....
«Дар сафорати Амрико ва берун аз он» аз чоп баромад
24.04.2014 12:08
894
Нашриёти "Кайҳон" китоби нави нависанда, рӯзноманигор ва кинодраматурги шинохтаи тоҷик Муҳибуллоҳ Қурбон, зери унвони "Дар сафоратхонаи Амрико ва берун аз он" ба теъдоди 2 ҳазор нусха аз чоп баровард.
Сиддиқи Шабоб мегӯяд сурудаш таронаи Наврӯзи байналмилалӣ шавад
24.04.2014 12:07
1146
Аз вижагиҳои озмуни байналмилалии "Ҷило-2014" ширкати ҳунармандоне буд, ки бо пешниҳодоти ҷолиб вориди саҳна шуданд.
Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон
24.04.2014 12:04
1277
Габриэл Гарсиа Маркес, яке аз шинохтатарин адибони охири қарни ХХ ва аввали асри ХХI баъди бемории дурудароз аз олам даргузашт. Ҳанӯз соли 1999 табибон эълон карда буданд, ки рӯзҳои ҳаёти Маркес хеле кам мондаанд, чун адиби оламшумул гирифтори бемории саратон буд.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт
24.04.2014 12:00
1074
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои колумбиягии худ Хуан Мануэл Сантос дар робита ба даргузашти нависандаи маъруф, дорандаи ҷоизаи Нобел Габриэл Гарсиа Маркес барқияи тасаллият ирсол намуд.
Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон: Задорнов аз хонааш маҳрум мешавад?
15.04.2014 21:35
928
Ҳаҷвнигори шинохтаи рус Михаил Задорнов барои пуштибониаш аз Путин дар мавриди Қрим метавонад аз ҳақи истиқомат дар Латвия маҳрум шавад. Рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи зеркомиссияи парламонӣ оид ба муттаҳидии ҷомеа маводҳои иқоматии Задорнов дар Юрмала мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Чопи китоби дуюми "Сармаддеҳ"-и Баҳманёр дар Душанбе
15.04.2014 21:32
1052
Дар муассисаи интишоротии "Истеъдод"- и шаҳри Душанбе китоби дувуми "Сармаддеҳ"-и нависандаи шинохтаи тоҷик Баҳманёр аз чоп баромад. Китоб 25 ҳикояи нави адиби шинохтаро дар бар мегирад ва муҳтавои ҳикояҳо сарнавишти одамон ва сокинони ҳамон деҳаи куҳистониест, ки дар тахайюли адиб ҷой гирифтааст.
Ройзании фарҳангии Эрон озмуни нав эълон кард
15.04.2014 21:30
990
Ройзании фарҳангии сафорати Ҷумҳуриии Исломии Эрон дар Тоҷикистон аз эълони озмуни мақолоти беҳтарин ба муносибати бузургдошти Саъдии Шерозӣ хабар дод. Ройзанӣ аз ҳама хоҳишмандон хостааст мақолоти худро дар ин мавзуъҳо ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 130 (дафтари ройзанӣ) ирсол кунанд...
"Авесто" дар фестивали ҷаззи Бишкек ширкат мекунад
15.04.2014 21:29
815
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Сафорати Швейсария дар Қирғизистон ҳукумати Швейсрия ширкати ду гуруҳи ҳунарӣ аз Тоҷикистон ва Узбакистон- Meatology ва "Aвесто"-ро дар фестивали байналмилалии "Ҷазз-Бишкек-Баҳор" маблағгузорӣ кардааст. Қарор аст фестивали ҷазз таҳт шиори "Мусиқӣ бидуни марз"дар бинои Филармонияи миллии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек 19 апрел оғоз гардад.