19:44:53 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Президенти Русия Владимир Путин хостори таҳлилу таҳқиқи ҳамаҷониба суқути ҳавопаймои Боинг - 777 шуд. Дар изҳороти ахири худ навишт:

"Бояд коре кард, ки бехатарии кори коршиносони байналмилалӣ дар маҳалли фоҷеа таъмин гардад. Имрӯз дар он ҷо аллакай намояндагони Донбасс, Донетск, коршиносони Малайзия ва вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Укроин ба кор оғоз кардаанд. Вале ин кам аст".

Президенти Русия бар ин назар аст, ки як тафтишу санҷиши фарогир зери парчами ICAO роҳандозӣ шавад ва мегӯяд навоҳии гирифтори ҷанг сабабгори ин фоҷеа шудаанд ва ҳоло онҳо барои баррасии фоҷеа ва ҷамъоварии далелҳо мушкилӣ мекашанд. 

ххх

Маврид ба ёдоварист, ки 17-уми июли соли равон дар қаламрави вилояти Донетски Укроин ҳавопаймои мулкии "Боинг-777" мансуб ба ширкати ҳавонарвардии Малайзия бар асари исобати мушаки "замин ба ҳаво" сарнагун шуд ва 298 мусофир бо шумули сарнишинони он ба ҳалокат расиданд. Гуфта мешавад, ки 192 мусофири он шаҳрвандони Нидерландия буданд, 44 тан табаъи Малайзия, 27 австролиёӣ, 12 индонезӣ, 10 британиёӣ, чор олмонӣ, чор белгӣ, се нафар аз Филиппин, як канадиёӣ ва як нафари дигар аз Зеландияи Нав буданд.

ххх

Қирғизистон аз Тоҷикистон ба арзонтарин қиммат-2 сент ба ҳар киловатт соат нерӯи барқ мехарад. Дар ин бора сарвазири ин кишвар дар дидораш бо сокинони вилояти Ҷалолобод изҳори назар намудааст. Сарвазири Қирғизистон гуфтааст, ки "нархи энержии барқӣ аз Тоҷикистон ҳукумати кишварашро қонеъ мекунад. Душанбе розӣ шудааст, ки ҳар киловатт соат барқашро барои Қирғизистон ба арзиши 2 сент бифрӯшад.

Масалан, кишварҳои дигаре, ки моро иҳота кардаанд, мисли Қазоқистон наметавонанд ба қиммати камтар аз 5-6 сент ба киловатт соат барқ бифрӯшанд. Вале мо барои аҳолӣ ҳар киловатт соат барқро 1,5 сент мефурӯшем. Ҳамчуноне мебинед, мо ҳатто ба барқи тоҷикӣ ҳам наметавонем фоида ба даст орем ва онро бо арзиши поинтар аз харид ба мардум мефурӯшем".

Ба саволи оё имкони харидории барқ аз мамлакатҳои дигар пешбинӣ мешавад ё на, сарвазир гуфтааст, ки агар ҳар киловатт соат неруи барқро аз кишварҳои дигар ба арзиши 4-5 сент харем, пас давлат аввал бояд аз буҷа 3,5 сент пайдо кунад, ки ба болои он гузорад ва ба мардум 1,5 сент фурӯшад. Яъне, Қирғизистон дар айни замон имкони берунтар аз Тоҷикистон харидани барқро надорад.

ххх

Миср барои куштори 22 марзбонаш дар таърихи 19-уми июл cе рӯз мотами умумихалқӣ эълон кард. Президенти ин кишвар Абдуфаттоҳи Сиси гуфтааст, ки ҳамлаварон ба зудӣ сазои аъмоли худро хоҳанд дид. Коршиносон мегӯянд дар ҳоле, ки мушаххас нест чӣ касоне ба марзбонон ҳамла кардаанд, эҳтимол меравад Сиси қасди онҳоро ба Бародарони мусалмон гирад. Ин ҳодиса дар маҳале бо номи Вадӣ Ҷадид рух додаст ва гуфта мешавад, ки низ дар муқовиматҳо кушта шудаанд. 

ххх

Шаби якшанбе неруҳои давлатии Украина фурудгоҳи шаҳри Донетскро аз дасти ҷудоихоҳан гирифтанд ва онҳоро ба фосилаи тирнорас ақиб ронданд. Ҷудоихоҳони вафодор ба давлати Русия қадам ба қадам ақиб менишинанд. Чанд рӯз пештар аз ин артиши Украина ҷудоихоҳонро аз назорат бар фурудгоҳи Луҳанск маҳрум сохта буд.

ххх

Зарфи 13 рӯзи ҷанг дар навори Ғазза неруҳои давлати яҳудӣ бештар аз 400 фаластиниро куштанд. Танҳо рӯзи якшанбеи гузашта теъдоди қурбониён зиёда аз 60 нафарро ташкил медод. Телевизиони "Ал-Ҷазира" ахиран хабар дод, ки 67 дар сади кушташудагон сокинони ғайринизомӣ бо шумули тифлону пирон ва занон мебошанд. Аз ҷониби Исроил 7 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 5 нафари онҳо сарбозон ва 2 сокини мулкӣ мебошанд.

ххх

Исроил ба навори Ғазза аввал ҳамлаҳои ҳавоӣ ва баъдан заминӣ анҷом дод, ки то ба имрӯз идома дорад. Амалан ҷомеаи ҷаҳонӣ шармандавор хомӯш аст, танҳо мардумони оддӣ дар ҳар гӯша аз хоки Сайёра ба муқобили Исроил садои эътироз баланд мекунанд. Давлатҳои арабӣ муҳри сукут ба лаб задаанд ва амалан аз иқдоми давлати яҳудӣ дар ҳамла ба ҲАМОС пуштибонӣ мекунанд.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi