НАВИД: «ДАР ҲАМА ҲОЛАТ АЗ ЭЪТИДОЛ КОР БИГИРЕМ!»
Имрӯзҳо дар матбуоти хориҷӣ сарусадоҳое дар мавриди ба шакли дигар мунқасим намудани дини Ислом, ба монанди «исломи анъанавӣ» ва «исломи суннатӣ»-ву амсоли инҳо бархостааст. Яъне, ҳамон барномаи «исломситезӣ»- ки Ғарб онро мехоҳад то охир пиёда кунад, бо суратҳои дигар намудор мешавад. Рӯйи ин масъала хабарнигори мо гуфтугӯе дошт бо Муҳаммадӣ Ҳодизода Навид, мудири Маркази тоҷикшиносии назди Китобхонаи миллии ба номи устод Абулқосим Фирдавсӣ.
-Оё ислом анъана шуда метавонад ва тақсим кардани ислом ба монанди исломи суннатӣ, исломи анъанавӣ ва ё ин ки табақабандии ислом ба монанди исломи сиёсӣ ва исломи ғайрисиёсӣ ва ё исломи ҷиҳодӣ, аслан ҳамин мафҳумҳо аз куҷо маншаъ мегиранд, барои кӣ ва чӣ нафъ доранд?
- БРР, аслан мо бояд ҷои таъассуб надошта бошем аз ин иборот ва вожаҳо ва баъзе терминалогияе, ки пайдо мешавад, нисбат ба ислом, зеро муғризин ва онҳое, ки бо ислом сари тез доштанд, яъне душманӣ доштанд, дар ҳама асру замонҳо як унвоне барои ислом, ба истилоҳ мот кардани ислом, бофтанду сохтанд. Мисли ҳамон сохтаву бофтаҳои торихишон ҳаст, ибораи «исломи анъанавӣ», ин бисёр як гапи нодуруст аст, ислом ҳаргиз анъана нест, балки ислом як ақида аст, яъне ба истилоҳи дигар тамоми шууни зиндагиро аз ақоид то ахлоқ то тамоми дигар шуъунро дар бар мегирад.
Ба истилоҳи дигар аз гаҳвора то гӯрро дар бар мегирад. Инҳо ҳамчун як ибороти шарқӣ барои баён кардани мақосиди худашон истифода мебаранд, вале дар асл ин иборот нодуруст аст, исломро мо ҳамчун анъана ҳаргиз қабул карда наметавонем, балки ислом асолати ақидатии мо, аслоти иҷтимоӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ва ҳамаҷонибаи мову шумост.
- Ҷаноби Навид, аз нигоҳи шумо ҳамчун як шахси фарҳангӣ ва пажӯҳишгар , асли бархӯрди ғарбгароҳо бо ин гуна мавзӯъҳо аз чӣ маншаъ мегирад, яъне ҳадаф тазъиф кардани мусалмонон аст ё чизи дигар?
- Асли қазия якрӯза, дурӯза нест, балки решаи торихӣ дорад. Ва мову шумо медонем, ки вақте ки дар асрҳои миёна, дар Аврупо, калисо ва ё дини масеҳии таҳрифшуда, бисёр истибдоду зулме нисбат ба илм раво дошт, масалан бо тамоми ихтироъоту навовариҳои олимон мухолифат нишон дод ва онҳоро ҳамчун муртадду мулҳид ва ҳатто ҷодугар ва дигар... нисбат дод ва аксари онҳоро кушт ва гулханҳоеро оросту маҳкамаҳои тафтишро таъсис дод.
Сиёсатмадорон маҷбӯр шуданд дар асрҳои ҳаҷдаҳ шурӯъ аз Фаронса то тамоми Аврупо, дар баробари ин дуруштии калисо дуруштии дигаре бикунанд. Яъне, чун қувват ва сиёсат дар дасташон буд, онҳо аввалин бор ҷудоии динро аз илм эълон доштанд, яъне маълумоти динӣ дигар аст, гоҳо мутобиқат мекунад, гоҳо намекунад, вале масъалаи илм дигар аст, ки ин роҳи худро дорад. Ва мову шумо медонем, ки ин қазия кашид то ҷудоии сиёсат аз диёнатҳо ва дин аз давлат.
Онҳо динро аз давлатдорӣ ҳам ҷудо карданд ва динро бурданд гӯша ва масалан ба ғайр аз ақида ва ибодот ва барои умури дигари зиндагии башарӣ онро ҳамчун бегона эълон карданд. Дар тамоми дунё фақат масеҳиҳо зиндагӣ намекунанд, боз мусалмонону дигар диёнатҳо ҳам ҳаст. Ба ин тариқа онҳо мехоҳанд, ҳамин таҳрифкорие, ки нисбат ба дин худ карданд, мехоҳанд, ки ҳаминро болои дигар диёнатҳо ҳам таҳмил кунанд, гӯё исломи ноб ва аз нигоҳи онҳо ҳамин аст, исломи анъанавии бедуни ягон ҳаракат аст, бидуни ягон фарзия аст. Онро ба истилоҳ бисёр ситоиш мекунанд ва исломе, ки ба ҷуз аз ибодат ва ҷуз аз масҷиду мадрасаву дигар дар саҳнаҳои ҳаёт ҷой надошта бошад.
Инро меноманд исломи мӯътадил, исломи сиёсӣ, масалан исломи расмӣ ва анъанвӣ ва агар мусалмонон ба тариқи муътадил мехоҳанд воқеияти исломро, ки ҳаргиз ҷудо аз сиёсат набуд, рӯи саҳна биоранд, чун муборизоти дигар муборизоти сиёсӣ дар чорчӯбаҳои ҳамин меъёрҳои башарӣ сурат мегиранд, мисли ҳизбҳову ҳаракатҳову дигар чизҳои ақидатии ислом, мо мебинем, ки дар худи масеҳият ҳизбҳои масеҳӣ, сотсиалхристианӣ, демократхристанӣ ва.. вуҷуд дорад. Вале чун қисса болои ислом меояд онҳо аз ҳамон бадбинии торихие, ки доранд, ҷудо мекунад исломро ба исломи сиёсӣ ва ғайри сиёсӣю Онҳо исломи сиёсиро дар назари мардум бисёр бад ҷилва медиҳанд.
Ва бад-ин васила, мо медонем, ки як қисме аз мусалмонони огоҳро аз роҳ бурданд, яъне ба ин масъала фиреб ҳам доданд, ҳатто баъзе аз мутаъассибини мо, ки даъвои донишмандӣ ҳам мекунанд, исломро аз сиёсат ҷудо медонанд, ки ҳаргиз инҳо як лаҳза аз ҳамдигар ҷудо набуданд, яъне баъд аз пайдоиши ислом. Ба иборати дигар, масалан, ҳамон ибораҳои исломи ҷиҳодӣ, исломи тундгаро, исломи сиёсӣ ва аз ин қабил иборатҳо истифода мебаранд, ҳол он ки худи ҳамин сиёсати тундро ва ҳамон хушунату тундгароиро низ сиёсатҳои тунди ин абарқудратҳо ба вуҷуд овардаанд. Онҳо меъёрҳо ва чорчӯбаҳои исломро ба назар нагирифтанд.
Хушунат хушунатро мезояд ва саҳнаро барои мусалмонон танг сохтанд ва ба ин хотир мусалмонон маҷбӯр шуданд дар муқобили хушунат хушунатро ихтиёр намоянд. Ин абарқудратҳо на ба роҳи эътидолу оромӣ дар саҳнаи сиёсӣ исломро роҳ медиҳанд, на ба гурӯҳҳо, балки мехоҳанд, ки ислом ва мусалмонон гумном, ба истилоҳи худ исломи анъанавии худро биқапанду бираванд як гӯшае, масалан, масҷиду мадраса бишинад, ба давлат кордор набошанд, ба ин васила як гурӯҳи мусалмонон маҷбӯр шуданд, ки даст ба террор бизананду исломро бадном кунанд.
- Ҷаноби Навид, шумо дар боло қайд кардед, ки ислом анъана шуда наметавонад, агар рафту тарғиби «исломи анъанавӣ» авҷ гираду то ҷое мардум ба он моил шаванд, оё дар чунин ҳолат дини мардум дар хатар буда метавонад ё хайр?
- Намегӯем, ки асли ақидаи мардум мувоҷиҳи хатар мешавад, вале дар он ҳолат як исломе ба вуҷуд меояд, ки исломи дилхоҳи абарқудратҳост, яъне як исломе, ки ба ҷуз ибодат дигар коре надорад, чунин як пиндори ғалат пайдо мешавад, ки ислом фақат ибодат асту ақида тамом, дигар он на ба сиёсат на ба иҷтимоиёт, на ба ахлоқиёти мардум ва на ба қавонини башарӣ кордор нест. Яъне чунин як пиндоре ба миён меояд, ки албатта, хатарнок аст!
Вале мо дар тӯли асрҳо мебинем, ки барои гӯша бурдану аз саҳнаи сиёсату иҷтимоиёт ва фарҳанг дур кардани ислом кӯшишҳо карда истодаанд, вале чун аз ибтидо табиати ин дин, ҳақиқату воқеияти дини ислом хеле вақт аз ин ҷомеа берун набуд, фикр мекунам, ки кӯшиши онҳо ҳам самараи дилхоҳе барои эшон нахоҳанд овард.
- Ҷаноби Навид, ибораи «эҳёи исломи анъанавӣ- беҳтарин ҷойгузин барои ифротгароии мазҳабӣ» то чӣ андоза метавонад мантиқӣ бошад?
- Ин фикр ғалат аст! «Исломи анъанвӣ», ибораи бофтаи онҳост. Назари мо ин аст, ки ифротгароӣ ва хушунат аслан бо табиати ислом, бо ҳақиқати ислом, мухолифат дорад. Ҳаргиз ислом таълиму таблиғ намекунад барои хушунату тундгароӣ. Беҳтарин василаи аз байн бурдани ин ифроте, ки ба ислом нисбаташ медиҳанд, ин сиёсатҳои муътадил ва сиёсатҳои бо адолатонаи абарқудратҳо дар баробари мусалмонҳост, аз нигоҳи ман.
Яъне, агар онҳо як сиёсати воқеъбинонаро дар баробари олами ислом ба кор бигиранд, мусалмонҳоро барояшон ҳуқуқ қоил бошанд, ки мусалмонҳо ин диёнаташон диёнате ҳаст, диёнати иҷтимоист, онҳо метавонанд, ки дар саҳнаҳои сиёсӣ ширкат бикунанд ва ба василаҳои интихобот ва амсоли онҳо сари қудрат биоянд, ҳаргиз хушунате дар ин ҳолат пайдо нахоҳад шуд ва агар онҳо то замоне, ки дар баробар мусалмононро саркӯб мекунанд, онҳоро тақҳир мекунанд, ҳам ба воситаи ҷангу куштор ва ҳам ба воситаи қолабҳои сохтаву бофта мисли ҷудоии дин аз давлат ва дигар корҳое, ки олами исломро мехоҳанд онро таҳмил бикунанд, ҳаргиз муваффақ нахоҳанд шуд ва албатта бар хилофи табиат ва воқеияти ислом чунин гурӯҳҳои ифротӣ пайдо хоҳанд шуд ва сабаби пайдоиши онҳо ҳам чуноне, ки гуфтам, ҳамин сиёсатҳои нодурусти абарқудратҳои дунё хоҳад буд.
- Ҷаноби Навид, дар бораи хушунат гуфтед, шояд ин суол каме аз мавзӯъ фосила дошта бошад, яъне пурсидинаям, вақте як мусалмон ғайраташ ҷӯш мезанаду мехоҳад аз ҳаримаш дифоъ кунад, онро хушунатгаро ва табъиззо меноманд, мегуфтед, ки аз сарҳади ғайрат то марзи хушунат чӣ қадар фосила вуҷуд дорад?
- Ин суол ҷузъе аз баҳси болост. Мову шумо медонем, ки тамоми оятҳои Қуръон далолат бар эътидол доранд ва дар ҳадисҳои Паёмбари Акрам(с) омадааст, ки осонгирӣ бикунед, ин гуфтаи Ӯ(с) далолати зиёд дорад. Вале бад-ин васила чунин пиндоре пайдо нашавад, ки мусалмон дар ҳама ҳолат сархам, саршикаста ва ҳеч гуна ҷуръату ҷасорат аз худ надошта бошад. Балки мусалмон дар ҷоҳои муайян ва вақти муайян аз худ ҷуръату ҷасорате бояд дошта бошад, ки аз ҳарими худ дифоъ карда битавонад. Вақте мусалмононро ба хушунату табъиззо нисбат медиҳанд, мақсадашон ин аст, ки як мусалмони беҷуръату беҳаммиятро бубинанд. Вале таълимоти ислом бар хилофи ин аст.
Дар ҳадиси Паёмбар(с) мехонем, ки мӯъмини қавӣ беҳтар ва дӯстдоштатар аз мӯмини заъиф дар назди Худованд аст. Ва дар ривояте, дар ҳар кори хайре. Пас инҳо мегарданд, ба ҳамон заъфу қувват, на ба сӯи хушунат. Вақте як нафар аз заъифӣ худро берун мекашад, ё ин ки маҳрами худро аз баъзе роҳҳо манъ мекунад, ба василаи устуворӣ ва одобдодан, наметавон онҳоро хушунат биномем. Ин асли ҷуръату ҷасорат ва ҳаммияти як мусалмон аст, ки дар мавқеи худ ҳатман бояд аз ин сифат пайравӣ кунад.
- Ҷаноби Навид, имрӯзҳо дар баъзе аз маҳфилҳои кишвар андешаеро ба унвони «муллоҳои ҳукуматӣ ва ғайри ҳукуматӣ» дар байни мардум тарғиб доранд, ин то чӣ андоза метавонад таъсири хуб ё баде дошта бошад?
- Ин гуна ибораҳо ва суханҳо суханҳои сохта ҳастанд. Равиши замон маҷбӯр мекунад, ки чунин як ибороте пайдо бишванд. Вақте ҷомеа мебинад, ки як гурӯҳе аз уламо дар асру замонҳо, дар тамоми кишварҳо, дар ҳама вақт, бо ҳама низомҳо созиш доранд ва дар хидмати онҳо ҳастанд, ба онҳо аслан хоҳ низоми коммунистӣ бошад, хоҳ низоми демократӣ бошад ё ҳар низоме, ки бошад, баъзе аз донишмандони мазҳабӣ худро мутобиқ мекунанд, бо он давлат ва дар хидмати он мераванд, пас ночор барои онон як вожа сохта бароварда мешавад, ки онҳоро аз дигарон шинохта шавад, пас мегӯянд, муллоҳои давлатӣ ва ё муллоҳои ҳукуматӣ.
Ва дар баробари онҳо як қисми аз донишмандоне ҳастанд, ки дар ҳама ҳолат меъёрҳои шаръро риоят мекунанд ва ҳаргиз он шарофату каромат ва воқеияти як мусалмонро поймоли сиёсатҳо намекунанд ва онҳо намераванд дунболи манофеи шахсиашон ва дар хидмати ҳукуматҳо бошанд. Агар он давлату ҳукуматҳо дар воқеъ мустабид бошанд, ё ин ки аз меъёр ва чорчӯбаҳои мазҳабӣ берун бошанд. Ин тоифае аз донишмандон худро дар ин ҳолат нигаҳдорӣ мекунанд ва аз ҳарими ислом берун пой намениҳанд. Онҳоро мегӯянд донишмандон ё уламои мутаъаҳҳид ё онҳое, ки бо ҳукуматҳои мустабид доимо дар ситез ҳастанд.
- Ҷаноби Навид, мо шоҳиди онем, ки дар кишварҳое назири Покистону Эрон, Ироқ, Лубнону Баҳрайн ва ғайра мардуми мусалмонро байни ҳам бо ин ки ин шиа асту он суннӣ, бо ҳам мехезонанду ҷанг меандозанд, мегуфтед, идеяи муллоҳои ҳукуматӣ ва ғайри ҳукуматӣ дар кишварамон назири ҳамон фитанҳост ё чизи дигар?
- Бале, масалан як воқеияти рӯшан аст, ки мардум бо чашми худ мебинанд, бисёре аз иборот ва вожагон аз байни мардум, аз оммаи мардум бармехезад. Масалан шумо бубинед, ҳамин фолклоре дорем, дар натиҷаи мушоҳидот мардум як чизеро бисёр зиракона мебинанд, дарк мекунд ва ҳоло ба тариқи паҳлавиёт, ё масалан ҳамон ибораҳои забонӣ паҳн мешавад ва дар тӯли торих мо аз ин мисолҳо дорем. Яъне, оммаи мардум мушоҳидкор ҳастанд, муллоҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ воқеиятест, ки мардум бо чашмашон диданд, аз худи ҳамон мардуме, ки мо онҳоро содаашон нишон медиҳем, аз ҳамон ҳост.
Ва дигар ин ки то чӣ андоза мисли ихтилофоти мазҳабӣ ин таъсир дорад, назари ман ин аст, ки як гуна дурӣ ва фосиларо байни донишмандони исломӣ эҷод мекунад. Чанд соли ахир дар ҷомеаи худамон мушоҳида мекунем, ин бигӯ магӯҳо гоҳ ба тариқи расмӣ ва гоҳ ба тариқи пинҳониву ошкоро байни ақшори ҷомеаи уламои Тоҷикистон вуҷуд доранд. Баъзе аз онҳо баъзе ҳаракатҳоро мазамат мекунанд ва баъзе ҳалқаҳои сиёсиро қабул надоранд ва баъзе аз ин сиёсатмадорони мо ҳам, ҳамон қишри уламое, ки ҳама вақт дар хидмати сиёсатҳо будандро радд мекунанд.
Ин идея ихтилоф эҷод мекунад, вале воқеият оҳиста-оҳиста маълум мешавад. Дар он шиддате, ки дар аввали солҳои истиқлол байни ақшори ҷомеа буд, ҳоло мебинем, рӯ ба як навъ эътидол омадааст, вале ихтилофот боқӣ ҳастанд. Назари ман ин аст, ки бояд донишмандони мазҳабӣ сари як нуктае биоянд, чуноне, ки пайравӣ кардан аз мазоҳиби гуногун дар як ҷомеа сабаби ихтилофоти амиқ ба мисли Покистону Ироқ аст, Худой накунад, ки то ба он поя бикашад…
Мо бояд дар ҳама ҳолат аз эътидол кор бигирем, ҳам дар масоили иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҳам дар масоили мазҳабӣ бояд, ки аз ҳамон асолати мазҳабӣ, ки мо ва шумо дар тӯли таърихи ин минтақаи Мовароуннаҳр ва Хуросон дорад, пайравии ҷиддӣ дошта бошем ва ҳаргиз ба ихтилофоти мазҳабӣ ва пайдоиши мазоҳиби нав мусоидат нанмоем.
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
08.05.2025 15:28
185
Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе
-
08.05.2025 09:32
131
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба
-
04.05.2025 13:40
163
Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои низомӣ ва як қатор вазорату идораҳои дигар
-
07.05.2025 23:59
217
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
341
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
197
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
18.05.2025 13:37
98
Боздид аз Минтақаи махсуси иқтисодии «Aлабуга»-и Ҷумҳурии Тотористон
-
14.05.2025 23:45
137
Баррасии ҳамкориҳо бо Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб
-
14.05.2025 23:38
92
Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории муштараки Лоиҳаи «CASA-1000» оғоз гардид
-
14.10.2024 18:41
737
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1434
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3125
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
22.03.2025 12:38
294
Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар чорабинии сатҳи баланди кишвар оид ба об ва пиряхҳо дар СММ
-
23.02.2025 18:20
420
Фишори Трамп ба USAID ва оқибатҳои он барои Тоҷикистон – оё таҳдид воқеӣ аст?
-
14.10.2024 18:43
713
Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд
-
20.03.2025 11:59
293
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
531
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
648
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
234
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
250
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
260
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
471
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
758
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1558
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
371
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
359
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1554
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
1876
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2070
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2764
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
281
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
249
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
705
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2772
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3212
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3201
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
416
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
476
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
415
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?
Шарҳҳо
RSS Обуна