13:35:11 25-уми Июни 2025 сол

Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид

Дар ҳошияи Конфронси 3-юми байналмилалӣ таҳти унвони «Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маросими ифтитоҳи Харитаи роҳи Ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон баргузор гардид.

2 kharitai rohi hadaf 986548745Харитаи роҳ аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ​Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) таҳия шудааст.

Зимни маросим Манучеҳр Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки Харитаи роҳ барои татбиқи устувори Ҳадафи 7 дар кишвар аҳамияти калидӣ дорад ва ифтитоҳи он як қадами муҳими стратегӣ дар самти таҳкими амнияти энергетикӣ ва гузариш ба энергияи “сабз” ба ҳисоб меравад.

Муовини вазир ба ташаббусҳо ва лоиҳаҳои амалкунандаи марбут ба рушди энергияи барқароршаванда дар кишвар ишора намуда, онҳоро омили муҳим барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда арзёбӣ кард.

Харитаи роҳ тавсияҳои зеринро ҳамчун афзалиятҳо муайян намудааст:

1. Баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, махсусан дар бахши манзил, бо мақсади коҳиши сарфаи захираҳои энергетикӣ.

2. Иваз намудани технологияҳои кӯҳнаи пухтупаз ва гармидиҳӣ бо технологияҳои самаранок ва муосир то ҳадди имкон бо таҷҳизоти барқӣ.

3. Диверсификатсия намудани манбаъҳои истеҳсоли неруи барқ тавассути афзоиши ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар маҷмуи таъминоти энергетикӣ.

Бешак, иҷрои ин тавсияҳо на танҳо ба таҳкими заминаҳои устувори энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард, балки ҳамчун намунаи муассири ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ барои татбиқи амалии Ҳадафҳои Рушди Устувор арзёбӣ мегардад.

www.mewr.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ