17:54:40 28-уми Июни 2025 сол

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Чин

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷи Шуминро ба муносибати анҷоми фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

1 muloqot bo safiri chin 2154665Зимни мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин ба сафир Ҷи Шумин барои саҳми арзандааш дар рушди муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва таҳкими шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори сипос намуд.

Сафир Ҷи Шумин барои дастгирӣ ва ҳамкорӣ дар ҷараёни сафараш дар кишвари мо изҳори сипос намуда, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Чин изҳори умедворӣ кард.

www.mfa.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ