01:10:40 30-уми Июни 2025 сол

“Харҷ агар аз киссаи давлат бувад...”

Алимардонов Музаффар Ашурмаҳмадович, санаи таваллудаш 12 апрели соли 1975, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯшониён, маълумоташолии иқтисодӣ, муваққатан бекор, оиладор ва соҳиби 7 фарзанд, аз моҳи майи соли 2010 дар вазифаи сармутахассиси бахши молияи Суди вилояти Хатлон кору фаъолият намуда, ба содир намудани ҷиноятҳои давомдори тасарруфи молу мулки ғайр, яъне азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ, ки дар ихтиёраш қарор доранд, бо истифодаи мақоми хизматӣ ва бо расонидани зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон, инчунин сохтакории хизматӣ даст задааст.

moshennik 655412254Чунончӣ, Алимардонов М.А. давоми солҳои 2020 - 2021 бо роҳи сохтакории хизматӣ ба содир кардани ҷинояти тасарруф намудани молу мулки давлатӣ даст зада, давоми фаъолияти худ бо иваз намудани ному насаб ва ворид кардани ному насаби баръало бардурӯғ дар табелҳои бақайдгирии вақти корӣ, маоши моҳона дар тартиби ҳисобӣ ва пардохт намудани музди меҳнат, ки дар мақомоти суди кору фаъолият намекунанд даст зада, дар 41 ҳолат ба 11 ному насаби сохтааш, ҷамъ ба маблағи зиёда аз 48346 сомонӣ номнавис карда, ҳуҷҷатҳои бо роҳи сохтакорӣ омада кардаашро ба мақомоти бонкӣ пешниҳод намуда, дар асоси он ба ин 11 нафар ному насаб кортҳои бонкӣ гирифта, пас аз ворид гаштани маблағҳои болоӣ ба корти бонкӣ, дар маҷмӯъ маблағи зиёда аз 48346 сомониро тариқи гирифтан аз таҷҳизоти бонкӣ (банкомат), онҳро пурра тасарруф, яъне азонихуд карда, ин маблағҳоро ба эҳтиёҷоти худ сарф карда, бо ин кирдорҳояш ба давлат зарари моддӣ расонидааст.

Ҳамзамон Алимардонов М.А. кирдорҳои ҷиноии давомдори худро идома дода, дар якчанд ҳолат ба исрофкории маблағҳои давлатӣ даст зада давоми соли 2020-ум аз ҳисоби нодуруст пешниҳод кардани табелҳои бақайдгирии вақти корӣ, маоши моҳона дар тартиби ҳисобӣ ва пардохт намудани музди меҳнат ба маоши кормандони судии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъ маблағи бештар аз 57388 сомониро барзиёд ҳисоб намуда, ин маблағҳо беасос пардохт гашта, дар натиҷа бо ин кирдорҳои исрофкоронааш Алимардонов М.А. ба давлат зарари моддӣ расонидааст.

Ба ҳамин монанд Алимардонов М.А. кирдорҳои ҷиноии давомдори худро идома дода, дар якчанд ҳолати дигар ба исрофкории маблағҳои давлатӣ даст зада давоми солҳои 2020-2021 аз ҳисоби нодуруст пешниҳод кардани табелҳои бақайдгирии вақти корӣ, маоши моҳона дар тартиби ҳисобӣ ва пардохт намудани музди меҳнати кормандони судӣ дар маҷмӯъ маблағи зиёда аз 24583 сомониро барзиёд ҳисоб намуда, ин маблағҳо беасос ба номбурдаҳо пардохт шуда, дар натиҷа бо ин кирдорҳои исрофкоронааш Алимардонов М.А. ба давлат ба маблағи зиёда аз 24583 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Ҳамчунин, Алимардонов М.А. кирдорҳои ҷиноии давомдори худро идома дода, дар якчанд ҳолати дигар ба исрофкории маблағҳои давлатӣ даст зада давоми фаъолияти солҳои 2020 - 2021 аз ҳисоби нодуруст пешниҳод кардани табелҳои бақайдгирии вақти корӣ, маоши моҳона дар тартиби ҳисобӣ ва пардохт намудани музди меҳнат ба маоши 112 нафар кормандони Суди вилояти Хатлон ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маблағи бештар аз 106171 сомониро барзиёд ҳисоб намуда, ин маблағҳо беасос ба номбурдаҳо пардохт шудааанд ва дар натиҷа бо ин кирдорҳои исрофкоронааш Алимардонов М.А. ба давлат ба маблағи зиёда аз 106171 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Алимардонов М.А. дар маҷмӯъ ҷиноятҳои пешбинишудаи моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонро содир намуда, ба давлат зарари махсусан калони моддӣ, ба маблағи умумии 305428 (сесаду панҷ ҳазору чорасаду бисту ҳашт) сомонӣ расонидааст.

Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ, парвандаи ҷиноятӣ нисбати мавсуф бо ин моддаҳо ба итмом ва бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Бо ҳукми суди вилояти Хатлон мавсуф дар содир намудани чиноятҳои зикршуда пурра гунаҳгор дониста шуда, бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 2200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 138000 сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати 5 сол таъин карда шудааст.

Дар урфият беҳуда намегӯянд “Харҷ агар аз кисаи меҳмон бувад, Ҳотами Тойӣ шудан осон бувад”, дар ҳамин маънӣ Алимардонов М.А. маблағи давлатро маблағи кисаи меҳмону кисаи худ гумон карда, як муддат осонакак Ҳотами Той шуд, вале ин ном эшонро ба зудӣ ба пушти панҷараи зиндон бурд.

Худкардаро давое нест.Вовайлои пинҳонӣ!

Зайниддинов В.Д., Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон,мушовири адлияи дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ