15:09:37 25-уми Июни 2025 сол

Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ

Санаи 23-юми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳошияи ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ мулоқоти вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо ноиби Президенти Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ Константин Лимитовский баргузор гардид.

4 muloqoti hayati tj 5621441Зимни вохурӣ ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ, рафти татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи аз ҷониби Бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузоришаванда ва лоиҳаҳои нави эҳтимолиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар доираи вохурии мазкур байни ҷонибҳо созишномаи грантӣ дар маблағи 2,04 млн доллари ИМА барои дастгирии фаъолиятҳои иҷтимоии лоиҳаи “Сохтмони роҳи Обигарм - Нуробод” ба имзо расонида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки маблағгузории Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ ба соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика ва нақлиёт равона гардида, ба рушди устувор ва беҳсозии инфрасохтори кишвар мусоидат менамоянд.

Ба ҳолати 1-уми майи соли 2025 Бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи 4 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳаҷми 410,5 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо намудааст.

Аз ҷумла, дар моҳи декабри соли 2024 барои лоиҳаи сохтмони НБО Роғун аз ҷониби Бонк дар ҳаҷми 270 млн доллари ИМА маблағҳои қарзӣ ҷудо гардидааст.

www.investcom.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ