Маросими баимзорасонии Шартномаи суратҳисоби бонкии эскроу
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Шартномаи суратҳисоби бонкии эскроу миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, КВД “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик”, “Шабакаҳои интиқоли барқ”, “Шабакаҳои тақсимоти барқ” баргузор гардид.
Шартнома дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон аз 23 майи соли 2025, №297 “Дар бораи суратҳисоби бонкии эскроу барои тақсимот ва пардохти воситаҳои молиявие, ки аз фурӯши неруи барқ тавассути низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд” таҳия шуда, имзо шуд.
Ҳадаф аз имзои Шартнома таъмини шаффофият ва самаранокии тақсимоти маблағҳои воридшаванда аз фурӯши неруи барқ мебошад.