23:23:32 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МОНЕИ ИЛМУ ҲУНАР АММОМА НЕСТ

ТавҷеҳотДу шоҳид барои тавҷеҳ:

Лозимаи тавҷеҳоти Холиқов:

Ва аммо роҷеъ ба шоҳиди торихӢ...

Бештари миҳандӮстону мудофеони ватан, аз фуқаҳои исломӢ буданд

Иқбол чӢ мегӮяд?

Ва аммо он қитъа аз шеъри Иқболи Лоҳурӣ, ки ҷаноби Холиқов, онро низ ба унвони шоҳид бар муддаои худ овардаанд, ҷолиб аст. Магар Иқбол дар ин пора аз шеъри худ чӣ мегӯяд? Албатта, мазмунаш рӯшан аст ва ниёзе ба тавзеҳ надорад. Касе ки онро ба унвони шоҳид овардааст, ё дар муҳтавои он диққат ба амал наоварда, ва ё як дафъа ҳотифи ғайб онро бар забонаш ҷорӣ сохта.

 

Иқбол гуфтанист, пушт кардан ба мазоҳир ва падидаҳои динӣ, ба хилофи пиндори бархе аз ғарбзадаҳои замонаш, ки мепиндоштанд, сабаби пешрафт ва замонавӣ шудан аст, мояи ақибафтодагист на пешравӣ. Дуруст шабеҳи ҳамин андеша, ки имрӯза домангири бархе аз давлатмардони мо шуда ва лоиҳаи қонуни мавриди муноқиша низ, бар пояи ҳамин тарзи тафаккур устувор аст. Ҳол, хоҳиш мешавад, андаке бо тааммул ин шеърро аз назар гузаронем:

 

Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб

Не зи рақси духтарони бе ҳиҷоб

Не зи сеҳри соҳирони лоларӯст

Не зи урён соқу не аз қатъи мӯст

Муҳкамӣ ӯро на аз лодинӣ аст

Не фурӯғаш аз хати лотинӣ аст

Қуввати Афранг аз илму фан аст

Аз ҳамин оташ чароғаш рӯшан аст

Ҳикмат аз қатъу буриди ҷома нест

Монеи илму ҳунар аммома нест

Илму фанро эй ҷавони шӯху шанг!

Мағз мебояд на малбуси фаранг.

 

Комёб бошед!

 

Сайидюнуси Истаравшанӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi