08:18:55 25-уми Майи 2025 сол

АБДУРРАҲИМ ХОЛИҚОВ: «ИЛМ ОМӮХТАН НИЗ ИБОДАТ АСТ»

Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» Амруллоҳи Низом бо раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурраҳим Холиқов мусоҳибае дошт, ки мӯҳтавои онро  пешкаши шумо, муштариёни гиромии сомона менамоем.

 - Дар ин чанд моҳи фаъолияти ниҳоде, ки роҳбарияшро Шумо ба ӯҳда  доред,чи дастовардҳо ва чӣ бохтҳое доштаед?

 

Холиков - Ташаккур, ҳанӯз дар бораи муваффақияти фаъолияти Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ, сухан гуфтан барвақт аст. Зеро 6 – 7 моҳи фаъолият аз назари замон барои баҳогузории ниҳоди навтаъсис ба мантиқи баҳогузорӣ мувофиқат намекунад. Албатта, таи ин муддат  амалҳои зиёдеро аз қабили корҳои ташкилӣ, барномарезӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти  сохторҳои Кумита, дастурамалу низомномаҳои корӣ, ба анҷом расонида, атестатсияи имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, ҷомеъи марказро тамом карда, ба аттестатсияи имомони масҷидҳои панҷвақта ва кормандони бахшҳои дини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шурӯъ кардем.

 

Вазъи иҷроиши қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Озодии виҷдон ва иттиҳодияхои диниро» дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон дар ҷаласаҳои ҳайати мушовара, мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода, барои ислоҳи камбудию норасоиҳо нақшаи чорабиниҳо омода гардид. Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти диниро дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф омода намуда, санҷиши фаъолияти қонунии иттиҳодияҳои диниро дар ҳудуди ҷумҳурӣ оғоз намудем. Ба Низомномаи 493 комиссияҳои доимии танзими анъанаи  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо тағйироти дахлдор ворид карда шуд.

 

Бозомӯзии кормандони бахши динро дар Донишкадаи хизмати давлатӣ ба роҳ монда, семинарҳои сайёрро бо кормандони соҳаи дин ва имомхатибон дар вилоятҳои Хатлону Суғду шаҳри Душанбе ташкил кардем… Ба қайдгирии иттиҳодияҳои динӣ, ташкили таҳсилоти динӣ, ҳаҷҷи фарзӣ ва умра чун кори ҳаррӯзаи Кумита мавриди иҷро буданд. Ба бозомӯзии имомхатибон дар Донишкадаи исломӣ шурӯъ кардем… Кумита тайи ин муддат боз даҳҳо корҳои дигари муҳимро анҷом додааст, вале онҳоро ҳанӯз нишонаи музаффарият ва дастовард ҳисобидан барвақт аст, гузашта аз он баҳои воқеиро нисбат ба дастовардҳои Кумита аз ҷониби роҳбари он шунидан ба ахлоқи баҳогузорӣ мувофиқат намекунад. Мо дар зинаи роҳандозӣ кардани фаъолияти Кумитаи нав дар доираи талаботи қонун қарор дорем. Мушкилиҳо дар ин зина, албатта, зиёд аст.

 

Муҳимтарин мушкилӣ дар доираи талаботи қонун роҳандозӣ кардани фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, дар доираи талаботи қонунҳои ҳуқуқии кишвар таъмин кардани ҳуқуқ ба озодии виҷдони шаҳрвандон ва ҳимоя  намудани фазои  андешаи динии мамлакат аз дидгоҳҳои ифротӣ, иртиҷоӣ ва хурофотист. Роҷеъ ба камбудӣ ва ё чи тавре, ки шумо гуфтед, бохтҳо, ҳаминро гуфтаниам, ки камбудӣ ва норасоӣ дар фаъолияти ҳар кори дастаҷамъона ва ё инфиродӣ вуҷуд доштанаш имкон дорад. Шояд дар фаъолияти Кумитаи мо низ чунин ҳолатҳои ҷузъӣ дида шавад, ба ҳар ҳол мо ислоҳи норасоиро роҳи ҳалли мушкилӣ меҳисобем на нолидан аз онро. Мисол, қабул ва ислоҳи эроди Шумо доир ба доштани сомонаи махсус аз ҷониби Кумита худ нишонаи гуфтаҳост. 

 

-Кумитаи дин ахиран тасмим гирифт, ки китоб ва адабиёти диние, ки дар дохили кишвар  таҳия ва таълиф мешаванд ва  адабиёти диние, ки аз хориҷи кишвар ворид мегарданд,  барои хондану ташхис кардани ҳар як саҳифаи онҳо Кумитаи оид ба корҳои дин маблағ талаб мекунад. Лутфан мегуфтед, ки ҳамин маблағситонӣ то кадом андоза шуморо муваффақ карда метавонад, ки пеши роҳи ифротгароӣ ва ё родикализми диниро  гирифта бошед?

 

-Маъзарат, суоли Шумо, ки аз пурсишҳои мухталиф манбаъ гирифтааст, таркибан мураккаб буда, сари чанд андеша рӯшноиро талаб дорад. Аввал оиди он ки «Кумитаи дин ахиран тасмим гирифтааст… маблағ талаб кунад барои ташхис…» ҷавоб ин аст:

 

Кумита оид ба корҳои дин аз пеши худ ҳаққи муайян кардани пардохтеро бидуни муқаррароти қонун ва санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ надорад.  Масъалаи ташхиси истеҳсол, содир, ворид фурӯш ва паҳн кардани адабиёти динӣ дар қисми 3 моддаи 22 Конуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» муайян шудааст. Чунин муқаррарот дар қонуни қаблӣ ва қонунҳои кишварҳои дигари мутамаддин низ дида мешавад. То таъсис додани Кумита музднок будани гузаронидани чунин ташхис мутобиқ ба талаботи қонун ва Низомномаи ташхиси адабиёти динӣ, ки аз ҷониби Хукумати Чумҳурӣ қабул шуда аст,  муқаррар шуда буд. Вале мушкилӣ сари он буд, ки то замони таъсис ёфтани Кумита бо роҳҳои гуногун талаботи меъёрҳои мазкур риоя нагардида, пардохт намудани  ташхиси адабиёти динӣ аз назари масъулин дур монда  буд…

 

Бо роҳҳои мухталиф чунин адабиётҳо ва ашёҳои тарғиботии динӣ вориди кишвар мешуданд. Акнун талабот қатъист. Албатта, ин ба онҳое, ки аз ин ҳисоб фоида ба даст меоранд ва онҳое, ки ба сироят кардани фазои  андешаи динӣ манфиатдоранд маъқул нест. Вале барои мо ин аҳамият надорад. Мо имрӯз масъулем, ки қонун дар ин самт риоя шавад, манфиати давлат ва миллат ҳифз гардад суботи ҷомеа таъмин бошад ва онҳое, ки барои ташхиси чунин адабиётҳо заҳмат мекашанд мутобиқ ба Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ бояд ҳаққи худашонро гиранд. Дуюм дар масъалаи он, ки то кадом дараҷа ташхиси адабиёти динӣ дар ҷомеаи озод зарурият дорад:

 

 - Ҳар фазои андеша зарурат ба ҳимояро дорад, ҳам фазои андешаи илмӣ, ҳам фазои андешаи сиёсӣ ва ҳам фазои андешаи динӣ. Бубинед, фазои андешаи илмӣ аз усулҳои носолиму ғайриилмӣ, сиёсӣ аз усулҳои нопоки муборизаи сиёсӣ ва  динӣ аз ифротгароию тафриқаангезӣ дар масири таърих чӣ зарарҳо бардошта, чӣ миқдор дастовардҳои илмӣ, давлатҳои бузургу динҳои ҷаҳониро ба маҳқумии мавҷудияту  муноқишаҳои сарбаста кашида, чӣ андоза халқу миллатҳоро ба коми ҷаҳолат бурдааст?  

 

Дигар ин ки ҳар озодӣ ва ҳар ҳақ сарҳад ва доираи амали худро дорад. Берун рафтан аз он вайрон намудани табиати ҳамон озодӣ ва ҳақ аст. Зеро дар он сӯи ин озодӣ ва ҳақҳо ҳақҳо ва озодиҳои дигарон қарор доранд. Онҳое, ки имрӯз зарурияти ташхисро намеписанданд, манфиати иддаи китобфурӯш ва матбааҳоро ба инобат гирифта, манфиати кулли мардуми Тоҷикистон, китобхонон ва  оромии ҷомеаро аз мадди назар дур мондаанд. Алабатта, ин ҳолат табиист, зеро онҳо имрӯз ба сарҳади ҳаққи худ бархӯрдаанд ва манфиатҳо онҳоро кӯшиши баровардан  аз ин ҳад кардааст. Аммо ҳаққи қишри дигари ҷомеа, ки акнун оғоз мешавад ҳанӯз садояш шунида намешавад, вале бо гузашти андак вақт агар ҳифз нашавад хатари он маҳвкунанда аст, зеро вайронию таназзулро дар ақида ва мағзи инсон ҷой хоҳад кард.    

 

Аз ин лиҳоз, ҳимоя намудани фазои андешаи динӣ муҳимтарин вазифа ва масъулияти давлат буд, ҳаст ва хоҳад монд. Агар мақомоти давлатӣ бо қонуни ҳуқуқии кишвар ин фазоро ҳимоя накунад, ин фазо метавонад,  бар зарари ҷомеа кор кунад, вазъияти муътадилро номуътадил гардонад ва муноқишаю тафриаангезиро чун унсури ҳастии миллати азиятдида ба ҳукми анъана дарорад. Ҷангҳои шаҳрвандӣ, мазҳабӣ ва ҳатто муноқишаҳои давлатӣ аз он сарчашма мегирад. Барои ҳамин ҳам қонунҳои давлатҳои демократӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», бо талаботи мушаххас ин фазоро ҳифз кардааст.

 

Дар масъалаи адабиётҳои динии маъмулӣ ва эътирофгардида: Адабиёти динии классикии мо, ки аз ҷониби бузургон ва мутафаккирони варзидаи  эътирофшудаи форсу тоҷик ва мутафаккирони варзидаи олами ислом иншо шудаанду онҳоро миллатҳо ва ҷомеаҳо қарнҳо боз чун адабиёти илмӣ, ахлоқӣ ва ибодатӣ қабул кардаанд, ягон зарурат ба таҳлил ва ташхис надоранд. Аммо он адабиёти диние, ки барои мафкураи динӣ ва мафкураи илмии кишвар шинос нест ва гузашта аз он, чунин адабиёт бори аввал ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, барои он ки мазмун ва муҳтавои он ба қонунҳои кишвар мухолифат накунад, ба фазои андешаи динӣ зарар наорад, барои он ки ба рушду суботи ҷомеа латма назанад, мақоми ваколатдор тибқи Қонун вазифадор аст, ки онҳоро аз таҳлил ва ташхиси диншиносӣ гузаронад. Ҳангоми гузаронидани таҳлил ва ташхис ба чанд нуктаҳои муҳими қонунгузорӣ ва мазҳаби ҳанафӣ диққат дода мешавад: хусумати бадбинӣ байни динҳо, даъват ба тафриқа ва низоъ, даъват ба қатл, маҳкум ва маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодии инсон, тарғиби низоъи байни мазҳабӣ ва низоъи байни миллӣ ва  нажодӣ дар мазмуни асар дида нашавад.

 

Барои он ки мафкураи динии мардум ба ҳамин ғаразҳо сироят нашавад, мақоми ваколатдор вазифадор аст, ки ин самтро назорат кунад ва адабиётҳои диниро аз ташхис гузаронад. Акнун сари  масъалаи музднок гузаронидани  таҳлил ва ташхиси динӣ, оё аз рӯи адл аст? Албатта, чунки ҳар заҳмат бояд пардохт шавад. Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносӣ барои ҳифзи амнияти кишвар маводи аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳодгардидаро ройгон ташхис карда истодааст, ки теъдоди он хеле зиёд аст. Гузашта аз он Раёсат ба ташхиси ҳуҷчатгузории иттиҳодияҳои динӣ машғул аст. Адабиётҳои динии соҳибкорону муаллифон, ки бо мақсади фоида ба даст овардан равона шудааст, заҳмати иловагиро талаб мекунад. Аз ин рӯ, чунин заҳмат тибқи талаботи қонуни адл ҳақро талаб менамояд.   

 

Дигар ин ки, дар раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносӣ ҳамагӣ 5-6 мутахассис кор мекунад ва ҳар моҳ теъдоди зиёди адабиёт ворид мешавад, пас онҳо низ аз нигоҳи ҷисмонӣ тавони онро надоранд, ки ҳамаи ин асарҳоро дар тӯли як моҳ хонда таҳлил ва тахшис намоянд. Бинобар ин дар назди Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносӣ, Шӯрои коршиносон ва таҳлилгарон аз Академияи илмҳо, аз Маркази исломшиносӣ ва олимони соҳаҳои гуногун ҷалб карда мешаванд. Пас, вақте ки мо онҳоро ҷалб мекунем ва онҳо иловагӣ ба вазифаҳои хидматиашон  меҳнат мекунанд, заҳматашон  ҳаққи муайянро талаб мекунад… аз ин хотир тибқи талаботи Кодекси граждании ҶТ, Кодекси меҳнати ҶТ, тибқи талаботи дигар қонунҳои ҶТ ҳаққи заҳмати зиёдатии онҳо дар асоси шартнома  пардохт карда мешавад. Барои дар доираи талаботи қонун ба роҳ мондани ин амал, Кумитаи оид ба корҳои дин нархномаи ташхиси адабиётҳои диниро бо мақоми ваколатдоре, ки қиммати меҳнати исонро муайян мекунад, мувофиқат кардааст. Дар асл ин маблағ на он қадар зиёд аст. Дар давоми 7 моҳи фаъолияти Кумита 646 номгӯй адабиёти динӣ аз ташхиси диншиносӣ гузаронида шуда, маблағи умумии ситонидашуда ҳамагӣ 1398 сомониву 92 дирамро ташкил медиҳад, боқи ҳамааш ройгон тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба Кумита пешниҳод шудаанд. 

 

- Дар ҳоле, ки як фард аз хориҷи кишвар барои худаш адабиёти динӣ харида ба кишвар ворид мекунад, оё он ҳам бояд ба мисли дигар адабиётҳои динӣ аз ташхис ва таҳлил гузаронида шавад ва  оё қимати таҳлил ва ташхиси адабиётҳои динии хусусияти инфиродидошта низ ба адабиёти фурӯшӣ баробар аст ё хайр?

 

 -Адабиёти диние, ки хусусияти инфиродӣ дораду тибқи Қонун аз сарҳади ҶТ мегузарад, вай ҳам зарурат ба ташхис дорад. Аммо  ҳолати инфиродӣ будани онҳо, ба инобат гирифта шуда,  бо нархи арзонкардашуда мазмуни он ташхис карда мешавад. Агар дар онҳо  даъват ба низоъ ва ҳамин гуна омилҳои сирояткунанда вуҷуд дошта бошад, Кумита  хулосаи манфӣ дода, метавонад онро боздошт  намояд.  

 

-Китобфурӯшҳое, ки  мо дорем, яъне, ман дар назар дорам соҳибони дӯконҳои китобфурӯшие, ки ба фурӯши китобҳои динӣ сару кор доранд, мегӯянд, ки Кумитаи оид ба корҳои дин ҳатто Қуръони маҷидро низ барои таҳлил ва ташхис талаб мекунад, чаро?

 

-Не, Қуръон, маҷмӯаҳои ҳадис ва сарчашмаҳои аслии исломиро мо аз ягон макони китобфурӯшӣ барои таҳлил ва ташхис нагирифтаем ва нахоҳем гирифт, албатта, агар тартиби чоп ва аслияти онҳо  мувофиқ ба талабот бошад. Лекин чун аз берун чунин китобҳо ворид мешаванд, онҳо аз ҷониби масъулин ба мо барои баҳогузорӣ пешниҳод мешаванд. Пас аз шиносоӣ  агар онҳо асл бошанд ва изофакорӣ надошта бошанд, барои вориди онҳо бидуни пардохти хаққи  ташхис иҷозат дода мешавад. Дар масъалаҳои тарҷима ва тафсирҳои чунин сарчашмаҳо  диққати асосӣ ба ташхиси чанд ояте, ки шакли навишт ва фаҳмишашон баҳснок аст, дода мешавад. Барои аз ташхис гузаштани онҳо ҳамагӣ ба миқдори то 10 сомонӣ маблағ ситонида мешавад.

 

-Хеле хуб, бармегардем ба авзои кунунии Тоҷикистон, имрӯз лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,  хеле баҳсҳои зиёдеро байни мардум тавлид кардааст. Ва ахиран ду сад тан насрониёни муқими вилояти Хатлон ҳам як вокунише нишон доданд, онҳо гуфтанд, ки баъд аз ғусли таъмид навзод ва ё пайрави Масеҳ бояд пойбанди калисо бошад ва тибқи таълимоти мазҳабии онҳо навзод ва шахсе, ки ба тозагӣ ғусли таъмидро дар калисо гирифтааст, бояд баъд аз он ҳамеша пойбанди таълимоти калисо бошад, дар маросимҳои динии он пайваста ширкат кунад, агар ин Қонун бо ҳамин шакл, яъне бо маҳдуд кардани рафтани фарзандони то сини 18-сола ба Масҷид ва калисо ва умуман ба иттиҳодияҳои динӣ қабул шавад, мо Тоҷикистонро тарк хоҳем кард ва ин як навъ вокунишеро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба вуҷуд овард. Рӯҳониёни тоҷик бо нигаронӣ аз ин банди лоиҳаи Қонун низ дар ин бора назарҳои худро гуфтанд, нарафтани фарзанди то сини 18-соларо ба масҷид мухолиф ба таълимоти исломӣ унвон карданд, аммо Шумо ҳамчун раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, дар ин замина чӣ назар доред?

 

- Аввал ин ки Лоиҳаи  қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», аз ҷониби ҷомеа хеле хуб пазируфта шудааст. Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ВАО аз меъёрҳои он пуштибонӣ карда истодаанд, фикру дархостҳо низ дар мавриди бандҳои ҷудогона пешниҳод шуда истодааст. Ба ду сад тан насрониёни вилояти Хатлон, ки нигаронӣ аз ҷалби ҷавонон ба иттиҳодияҳои динӣ кардаанд, гуфтаниам, ки фарзандони онҳо ба ғайр аз озодии эътиқод ҳуқуқ ба таълим ва тарбияи хуб тибқи Конститутсия ва қонунҳои кишвар доранд. Ин ҳаққи онҳо низ бояд эҳтиром карда шавад. Дар масъалаи тарки Тоҷикистон гуфтаниам, ки кишваре бо чунин табиати зебо ва бо чунин фазои андешаи озод ва бо чунин мардуми интернатсионалист ва гуманист дар ин шароити ҷаҳонишавӣ ёфтан  ғайриимкон аст.

 

Ман ҳамчун як шаҳрванди ҶТ ба ин суол посух гӯям, ба фикрам беҳтар аст. Чаро? Чунки лоиҳаи Қонун дар муҳокимаи умумихалқӣ қарор дорад, яъне Президенти кишвар зарурияти ин Қонунро дарк карда, онро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод кардаанд. Бинобар имрӯз шаҳрвандон озод андешаи худро баён карда истодаанд ва ба ман низ чун шаҳрванди давлат айни ҳол фурсат дода аст, ки андешаи шахсии худро баён намоям. Дигар ин ки аз ин минбар чун шахси мансабдор нисбат ба лоиҳа изҳори назар кардан, аз ҷониби оқилон мумкин аст чун як баҳогузории расмӣ ва таъсиррасонии ниҳодӣ шинохта шавад. Ҳамчун як шаҳрванд, гуфтаниям, ки Лоиҳаи Қонун бениҳоят саривақтӣ буда, он аз лиҳози мазмун ва мундариҷа давоми мантиқии Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» мебошад. Лоиҳаи Қонун танҳо ба мақсади омода намудани насли солим, солеҳ ва ояндасози миллат нигаронида шудааст.

 

 Масъалае, ки дар банди 24 - и моддаи 7, доир ба ҷалб нанамудани фаразндони ноболиғ ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ меравад, аз ҳар ҷиҳат қобили дастгирист. Сухан на дар бораи манъ кардани хондани намоз ва ё ибодати динӣ меравад, балки таъкид ба ҷалб нанмудани фарзандони ноболиғ ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ меравад. Кӯдак то ба балоғат расидан ҳақ дорад тоату ибодати худро дар хона ва манзилашон назди падару модараш анҷом диҳад, инро касе манъ накардааст. Вале кӯдаконро бо баҳонаи хондани намоз ва ибодат ба иттиҳодияҳои динӣ ҷалб намуда, онҳоро аз вазифаи аслиашон омӯзиши илм ва дониш дур кардан кори миллати ояндабин нест.

 

Имрӯз, мо дар айёми интихоби арзишҳои оянадаи давлати миллиамон қарор дорем. Аз интихоби чунин арзишҳо фардои давлат ва миллат вобастагӣ дорад. Рӯҳониёни мӯҳтарам  бояд донанд, ки тарбияи насли наврас дар рӯҳияи илмомӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, миллатдӯстӣ ва одамгарӣ аз вазифаҳои  ҷонию бобоии онҳо маҳсуб мешавад. Ҷойи он ки масҷидҳоро мавзеи  буду боши кӯдакон гардонему муллогиро касб, беҳтар он аст, ки  онҳоро ба омӯзишу илму дониш сафарбар намуда, меҳнати софдилонаю  содиқона, сабру таҳаммул ва муҳаббат ба ватанро ба ҷавонон омӯзонем садҳо бор фоидааш афзалтар аст. Имрӯз ҳар яки мо, чӣ ҷавону чӣ пир бояд як мақсад дошта бошем. Тоҷикистони ободу зеборо барои фардоиён ба мерос гузорем, чунин Тоҷикистонро на бо ҷалби ҷавонон ба иттиҳодияҳои динӣ, балки ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, созандагию бунёдкорӣ мумкин аст барпо намуд. Давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонро бинед, онҳо дар як ё ду даҳсола ба ин зина нарасидаанд. 

 

Ин меҳнати дастаҷамъона ва якҷояи ду ва ё зиёда насли он миллатҳост. Имрӯз, мо аз баъзе мушкилиҳои  вазнини ба меросгирифта изҳори норизоӣ намуда, гузаштагони худро онҳоеро, ки дар саргаҳи гардишҳои куллии таърихӣ натавонистанд манфиати миллат ва давлатро барои ояндагон ҳифз намоянд, ба тарозуи инсоф ва адл мекашем. Аммо андеша намекунем, ки мо  ба ояндагон чӣ карда истодаем ва чӣ ба мерос хоҳем гузошт. Ба ёд оред, замонеро, ки нахустдавлати мутаммаркази тоҷикон Сомониён чи тавр аз саҳнаи таърих фурӯ рафт. Вақте лашкари қарахонӣ дарвозаи Бухороро мекуфт, аҳли дарбор  ба мардуми Бухоро муроҷиат карда, даъват бар он мекард, ки амирони Сомониро дастгирӣ намуда, ватан ва мулки хешро аз ин хоинон ва ғосибон ҳифз намоянд… 

 

Бино ба маълумоти муаррих Ҳилол ас-Сабӣ «…он замон ба мардуми Бухоро «фақеҳони» мӯҳтарами замон фатво доданд, ки Сомониён ва Карахониён байни худ на барои дин балки барои ҳокимият мубориза мебаранд,  аз ин лиҳоз, мусулмонон набояд ба ин низоъ дахолат кунанд…». Яъне мо ҳама мусулмонем ва як ҳастем. Онҳо дар доираи уммати исломӣ ҳарф зада, ҳуқуқ ба сиёсату идораи мустақилонаро дар сарҳади аҷдодии  мардуми тоҷик аз назар дур монданд… Афсӯс, ки касе он замон гуфта наметавонист, ки чунин биниши бегонапарастона чароғи идораи миллиро ба мӯҳлати қариб ҳазор сол ба олами хомӯшӣ хоҳад партофт. Хатои асосӣ-дар сари интихоби роҳ ва арзишҳо буд. Ё бингаред замони мустамликаи кишварҳои исломиро, ки чи тавр миллатҳои чандсадмиллионаи мардуми шарқ тобеи халқиятҳои 3-4 миллионаи донишманди Аврупо гаштанд. Ҳақ ба ҷониби Иқболи Лоҳурист, ки гуфтааст:

 

Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,

Не зи рақси духтарони беҳиҷоб,

Не зи сеҳри соирони лоларӯст,

Не зи урёнсоқу не аз қатъи мӯст.

Маҳкамӣ ӯро на аз лодинӣ аст,

Не фурӯғаш аз хати лотинӣ аст.

Қуввати Афранг аз илму фан аст,

Аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст.

 

Ё бубинед, замоне, ки дини насрония вориди салтанати Рум гашт, асрҳои 3-4 милодӣ илм ва фалсафаи буғишуда ба кишвари Сосониёни Эрон фирор намуда, пояи давлатдорӣ ва идораи адли онро устувор кард. Таърих садҳо мисол дорад, ки чи тавр тундгароию иртиҷопарастӣ халиқиятҳоро ба нестиию чи тавр илм давлатхоро ба рушду нумӯъ расонидааст. Шараф нест, ки мо дар асри ХХ1 сари масъалаи интихоби илм ва ё ибодат баҳс намоем. Ҳамчун ҳуқуқшинос бо дар назардошти омӯзиши таҷрибаи давлатдории Шарқу Ғарб  итминони комил дорам, ки имрӯз миллат ва мардуми Тоҷикистонро омӯзиши илм наҷот медиҳад. Мо тоату ибодати диниро манъ намекунем, бигузор ҷавонон назди волидонашон озод аз кашмакашиҳои динӣ ба қонеъ намудани эътиқоди диниашон машғул бошанд.

 

Вале онҳо аз мактаб ва раванди таълим заррае дур набошанд. Меъёри мазкур боз аз он назар эътибор дорад, ки дар ҷомеаи озод иттиҳодияҳои динии пайрави мухталиф (ислом, насрония, бабтистҳо, шоҳидони яҳё ва ғ.) барои васеъ кардани доираи тарғиботии худ байни қишрҳои ҷомеа бештар ба қишри ҷавонон, ки аз назари мафкура нисбатан тозаанд, майл доранд. Ин раванд  хоҳ нохоҳ ҷавононро ба муборизаҳои динӣ чун воситаи асосӣ ҷалб менамояд. Меъёри мазкур дар чунин шароит манфиати ҷавононро хамаҷониба ҳифз менамояд. Ниҳоят илм омӯхтан низ ибодат аст.  Аз назари меъёрҳои динӣ; ислом, масеҳия ва ҳама динҳо қариб, ки илмро болотар аз ибодат медонанд. Имом Ғаззолӣ дар боби илм, ба нақл аз ҳадиси паёмбари Ислом(с) овардааст,  як боб илм омӯхтан беҳтар аз сад ракаъат намоз хондан аст. Даҳҳо ҳадиси Паёмбари ислом (с)-ро дар ин замина далел овардан мумкин аст…

 

-Аз ифротгароӣ гуфтед, таҷрибаи собиқ иттиҳоди Шуравӣ нишон дод, ки ҳангоми муқобила бо родикализми динӣ ва истифода аз зӯру зиндон ва ба Сибир равон кардан натиҷаи дилхоҳ дода натавонист. Коршиносони имрӯз ҳам бар он назаранд, ки ҳангоми муқобила бо ифротгароии динӣ ва родикализми дунявӣ тавассул ба зӯру зиндон қариб, ки арзиш надорад, дар ҳоле, ки таҳоҷуми фикрии родикалии динию дунявӣ авҷ гирифтаасту таъсиргузории гурӯҳҳои бегона ба монанди Ҳизби Таҳрир ва амсоли он ба мафкура, мағз ва бинишҳои динии ҷавонони тоҷик рӯ ба афзоиш аст,.Шумо ҳамчун раиси Кумитаи дин, барои пешгирии он дар ин хусус чӣ назар доред?

 

-Гегели бузург гуфтааст: «Ба ғоя бояд бо ғоя истодагарӣ кард ва бо андеша бояд ба андеша муқобилат». Мо пеш аз ҳама бояд, ҷанбаи андешавӣ ва ҷанбаи мафкуравиро тақвият бахшем. Мисол, агар фаҳмиш хато бошад, бояд фаҳмишро ислоҳ кунем, агар андеша иштибоҳ бошад, андешаро бояд ислоҳ кунем ва агар сӯиистифода аз андеша бошад, мо бояд андешаро ҳифз кунем. На родикализми дунявӣ ва на ифротгароии динӣ роҳи наҷот нест ва буда ҳам наметавонад. Роҳи дуруст ва асосӣ роҳи давлати демократӣ, дунявӣ  ва давлати ҳуқуқӣ бо қонунҳои ҳуқуқист.

 

-Ба ҳар ҳол, шумо дар ояндаи наздик дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ дар Академияи илмҳои ҶТ, Маркази исломшиносии назди Президенти ҶТ, Маркази исломии Тоҷикистон, оё андешаи тасмими таъсис кадом як минбареро доред, ки бо афкор ва андешаҳои ифротгароӣ бо андешаи солим  мубориза барад?

 

 -Албатта, Кумитаи оид ба корҳои дин, ҳамчун мақоми ваколатдор аллакай дар якҷоягӣ бо  Маркази исломшиносӣ, бо Маркази исломии Тоҷикистон ва бо Академияи илмҳои ҶТ, корҳои муайянеро кардаистодааст. Ҳозир чандто нақша дорем. Чорабиниҳои мо ҳамчун мақоми ваколатдор ҳам бо мақомотҳои давлатӣ, ҳам бо донишгоҳу донишкадаҳо амалӣ шуда истодааст.

-Барои ин суҳбати ҷолиб ташаккур мекунем ва бароятон муваффақиятҳоро орзӯ дорем.

-Барои шумо низ барору муваффақиятро хоҳонем.

 

Мусоҳиб Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/4569-ilm-omukhtan-niz-ibodat-ast.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ



banner ruzgor cinema 2025-1