08:35:27 25-уми Майи 2025 сол

ДИНДОРОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

Соли 2010 барои ҷомеаи динии Тоҷикистон соли гузариш маҳсуб мешуд. Чунки дар ҳамин сол ҳодиса ва воқеаҳое рӯй дод, ки асло диндорони мусалмон онро интизор надоштанд…

 

мечетьЭълон шудани шаҳри Душанбе-пойтахти кишварҳои исломӣ ба Душанбегиҳо ба ғайр аз ном чизе надод. Он чорабиниҳое, ки дар сатҳи донишмандон гузаронида шуд, аксар маврид ҳадаф аз онҳо барои шаҳрвандон пӯшида монд. Овезаҳои таблиғотие, ки дар гӯша ва атрофии шаҳр низ дар ин робита ҷойгузин шуда буданд, тири муъаллақ ё бенишон боқӣ монданд. Оғози сол, ки бо мавсими интихоботи парлумонӣ дар кишвар рост омад, як қатор умедҳо ва арзишҳои дар дил парваридаро зери суол қарор дод.

 

ҲНИТ, ҳизби сиёсии динӣ дар ин интихобот бо вуҷуди талошҳо ва халлоқияти усулҳои нав дар раванди интихобот фаъолона ширкат кард, вале бо эълони натоиҷи орои мардум сокит ва сокин дар ҳошияи парлумон қарор гирифт. Ҳарчанд даъвоҳое дошт ва иддаъо мекард, ки натоиҷи интихобот таҳриф шудааст, аммо натанҳо касе ӯро гӯш накард, балки сокитона зери фишор низ қарор гирифт.

 

Дар ҳамин сол байни исломгарони сиёсӣ, ҷиҳодӣ ва мардуми омма фарқ гузошта нашуд. Аниқтараш дар робита ба ин аз ҷониби мақомоти қудратӣ ташхиси нодуруст анҷом шуд. Мақомоти қудратии кишвар натавонистанд аз нигоҳи илмӣ ва мантиқӣ дуруст исбот кунанд ва ба мардум бифаҳмонанд, ки марзи ифрот то расидан ба сарҳади тафрит чӣ қадар фосила дорад.

 

Ҳамзамон ҳаракатҳои ҷиҳодие, ки дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон шуда буданд, то кунун теъдоди тарафдоронашон вуҷуд дорад ва мақомоти қудратӣ низ  натавонистанд мардумро мутмаин намоянд, ки паи пои онҳо кай руфта мешавад. Заъфи мақомоти қудратӣ замоне фош шуд, ки ба ҷои Мусо Исоро сарзаниш карданд. Яъне, дар натиҷаи тахшиси нотамом ва адами шинохти гурӯҳҳои исломӣ, ба ҷои дастгир кардани «ҷиҳодиён»  риши чанд тан афроди ба онҳо рабтнадоштаро тарошида дил ва умеди мардумро бори дигар аз худ канданд...

 

Нооромиҳо дар минтақаи Рашт ва Кӯлоб буд, аммо ҷабри он ҳама дар пойтахт ва ҷойҳои дигар сурат мегирифт. Сӯхтани масҷиди Ҳизби Наҳзат ва манъи намозгузорӣ дар он аз як имтиҳони таърихӣ барои бонувони ҷумъахон дарак дод. Бонувон ва ҳизбиҳо ҳама собит ва сокиту сабурона ниёишҳои дастаҷамъии худро дар ин маркази фарҳангӣ тарк карданд.

 

Даргузашти муфтӣ  Амонуллоҳ Неъматуллоҳзода, раиси  Маркази исломии Точикистон, барои пайвандони ӯ талаф ва барои ин Маркази исломӣ шараф буд. Марҳум, ҳангоми беморӣ ҷон супрд, на кадом кори дигар, ки боиси рахнадор шудани номи ӯ шавад. Бо омадани гурӯҳи нави корӣ дар  Маркази исломии Тоҷистон фаъолияташ бо нерӯи тоза оғоз шуд ва дар ин ду моҳ натиҷа ҳам дод.

 

Беш аз ҳазор нафар донишҷӯи тоҷик аз кишварҳои бозпас ба ватан баргаштанд. Мабалағе, ки барои гирифтани таълим сарф карда буданд ҳама аз ҳисоби худи донишҷӯён буд, аммо аз омадан ва қатъ гардидани таҳсилоти онҳо ба кӣ чӣ расид? Донишҷӯён ва пайвандони онҳо то ҳол дарди дар нимароҳ мондани таълими худро фаромӯш накардаанд, чунки вақт мол ва умри онҳо дар ин муддат сарф шудааст…

 

 Дастгир шудани рӯҳониён ва боздоштани ҳалқаҳои илмии онҳо дар муҳаватаи хона низ ғайричамдоштҳое буд, ки ҷомеаи динӣ пазирои он набуданд.  Радикализми дунявӣ низ дар ҳамин сол ба авҷи аъло расид. Чанд бонуи сатрпӯши тоҷикро таҳқир карда «маймун»  ва  «зоғи сиёҳ» хонданд...

 

Дар ин сол рангҳо ва рамзҳо  барои диндорони мусалмон дар Тоҷикистон тағйир карданд. Ҳатто ранги кабуд ё осмонии соф, ки аз ҷониби ҳизби сиёсӣ-динии кишвар интихоб шуда буд бо ғубори буфҳои ҳамтоёнашон аз аҳзоби дигар зери чангу ғубор қарор гирифт ва бо дидани ӯ хатибону имомони масоҷиди кишвар низ зери таъсир қарор гирифтанд.

 

Ин буд, ки Кумитаи оид ба дини кишвар ҷасорат пайдо кард ва беҳамоҳангӣ бо Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз номи онҳо овоз баланд карда гуфт: барои имомхатибони ҳудуди 60 мавзӯъи диниро ба имомхатибон ҳамчун мавзӯъҳои тавсиявӣ пешниҳод хоҳад то дар зарфи 15- дақиқаи ҷудо карда барои хутбахонӣ аз эҷодиёти масъулини Кумитаи оид ба дин ба мардум нақл кунанд.

 

Ба ҳамин раванд пешвоз гирифтани соли 2011-ро низ барои ҷомеаи динии Тоҷикистон хушбин нестам, чун ки тундгароии мазҳабӣ ва радикализми дунявӣ бо ҳам рақобат доранд ва то замоне, ки онҳо эътидолро нигаҳ надоранд дигарон ором ва осудахотир буда наметавонанд.

 

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/4009-2010-12-29-07-28-55.html

Шарҳҳо   

 
+2 #1 Guest 30.12.2010 19:26
Бовар кунед боиси афсус аст, чунки 99%-и ахоли даъвои мусулмони доранд вале он бародароне,ки суннати паёмбарро ичро мекунанд онхоро бо чашми бад менигаранд.
Худованд чомеъаи мора ба рохи рост хидоят кунад. Омин!!!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ



banner ruzgor cinema 2025-1