21:27:30 20-уми Майи 2025 сол

Ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии Лоиҳаи «CASA-1000» доир шуд

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қирғизистон Таалайбек Ибраев, вазири федеролии энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардар Аваис Аҳмад Хан Леғарӣ (тариқи маҷозӣ), Директори генералии «Da Afghanistan Breshna Shirkat» Доктор Абдул Бари Омар ва шарикони рушд баргузор гардид.

5 cassa 1000 2154899Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа зимни суханронии ифтитоҳӣ, нахуст ҳозиринро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо хушнудӣ иброз дошт, ки корҳои сохтмонии Лоиҳаи «CASA-1000» дар ду кишвар – Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом расидаанд. Интизор меравад, ки соли ҷорӣ корҳои сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба итмом расад ва ба зудӣ корҳои сохтмонӣ дар Афғонистон низ ба анҷом хоҳанд расид.

– 31-уми марти соли 2025 хати интиқоли барқи 500 кВ-и «Датка-Суғд» зери шиддат гузошта шуд ва аллакай, имрӯз мо метавонем аз ин хати барқ барои манфиати мардумони кишварҳоямон истифода барем. Пешрафти назаррас дар ҳамаи чаҳор кишвар на танҳо натиҷаи талошҳои худи кишварҳо, балки натиҷаи пуштибонии пайваста ва ҳамкории созандаи ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд дар татбиқи ин Лоиҳаи стратегӣ ва минтақавӣ мебошад, – таъкид кард Далер Ҷумъа.

Гуфта шуд, ки гурӯҳи кории муштарак Кодекси техникии лоиҳаро таҳия намудааст, ки барои тасдиқ ба Шурои байниҳукуматӣ пешниҳод мегардад. Бешубҳа, ин санад муҳим буда, ба рӯйхати Созишномаҳои асосии Лоиҳа дохил мешавад. Риояи Кодекси техникӣ ба хусус дар заминаи ҳамгироии параллелии низоми энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ аҳамияти вижа дорад.

Дар идома намояндагони кишварҳои аъзои лоиҳа, институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд баромад намуданд.

Сипас, вобаста ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва татбиқи лоиҳа дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон рӯнамоҳо манзур гашт.

Дар ҷаласаи Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» Кодекси техникии лоиҳа тасдиқ гардид.

Дар охири ҷаласа аз ҷониби кишварҳои аъзои Шурои байниҳукуматии лоиҳа Пртоколи ҷаласаи Гурӯҳҳои кории муштакараки кишварҳои аъзои лоиҳа, Изҳороти муштараки кишварҳои аъзои Шурои байниҳукуматии лоиҳа ва Қарордоди ҷаласаи Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» ба имзо расонида шуд.

www.mewr.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ