16:43:51 12-уми Июни 2025 сол

Баррасии ҳамкориҳо бо Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб

Санаи 13 майи соли 2025 дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт мулоқоти ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ ва Вазири молияи кишвар Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб Валид Шимлон ал-Баҳар баргузор гардид.

8 muloqot kuveyt 87545541221Дар мулоқот ҷонибҳо ҷараёни тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Фонди мазкурро дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингард, барқарорсозии шабакаҳои барқиву обёрӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намудаанд.

Ҳамзамон, дар идомаи мулоқот ҳайати Тоҷикистон ба роҳбарияти Фонд барои дастгирии пайваста ва саҳми арзанда дар рушди инфрасохтори кишвар, махсусан аз маблағгузории сохтмони НБО “Роғун”, ки дар тақвияти амнияти энергетикии Тоҷикистон нақши муҳим дорад, изҳори миннатдорӣ намуданд.

www.moliya.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854