15:34:08 01-уми Июли 2025 сол

Вохӯрӣ бо роҳбари дафтари минтақавии Бонки исломии рушд

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Алӣ Муҳаммад Хан, роҳбари Дафтари минтақавии Бонки исломии рушд дар шаҳри Алмаато, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, мулоқот намуд.

7 bonki rushdi islomi 87548754Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба раванди татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» қарор гирифт.

Изҳори итминон гардид, ки дар ҳамкории зич ва тавассути ҳамоҳангсозии фаъол, татбиқи пурраи Лоиҳаи «CASA-1000» амалӣ гардида, ба таъмини рушди устувор ва амнияти энергетикӣ дар минтақа мусоидат хоҳад кард.

www.mewr.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ