04:58:03 02-уми Июли 2025 сол

Мулоқот бо сафири Ҷопон хонум Кейко Фурута

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурутаро ба ҳузур пазируфт.

6 muloqot bo safiri jopon 5412455Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахши энергетика ва захираҳои об мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазири энергетика ва захираҳои об изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои шарикӣ бо Ҷопон дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаи энергетика аҳамияти хос зоҳир менамояд.

Сафири Ҷопон хонум Кейко Фурута аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии кишварашро барои рушд ва густариши робитаҳо дар самти таъмини рушди устувори энергетикӣ иброз дошт.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи равобит, табодули таҷриба ва ҷалби сармоя ба самтҳои афзалиятноки соҳаи энергетика таъкид карданд.

www.mewr.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ