АБДУЛҚОДИРОВ: МУҒАРРИЗОН ОРОМИИ ТОҶИКИСТОНРО НАМЕХОҲАНД
Пас аз даргузашти Амонуллоҳи Неъматзода, раҳбари Маркази исломиии Тоҷикистон ва ба ин симмат интихоб шудани Саидмукаррам Абдулқодиров чанд рӯйдоди муҳиме дар ин кишвар иттифоқ афтода ва дар ҳаёти мазҳабии Тоҷикистон таҳаввулоте ба амал овард. Бахусус, бозгардонидани донишҷӯёни тоҷик аз мадориси исломии кишварҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон ва кишварҳои исломӣ воканишҳои мухталиферо дар пай дошт.
-Дар сӯҳбате, ки ҳамкорамон Мардони Муҳаммад бо Саидмукаррам Абдулқодиров, раиси Маркази исломӣ ва раҳбари Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дошт, нахуст аз воканиши Маркази исломии Тоҷикистон дар мавриди ин иқдоми давлати кишвар суол кард.
- Мо дар таҷрибаи чандсолаи даврони истиқлол дидем, ки бархе ҷавонон худсарона ба мадорис, донишгоҳҳо ва ҳалқаҳои динӣ ва ҳавзаҳои илмӣ рафта ва бо ақоиди бегона ва тундрав ба ватан баргаштанд. Мутаасифона, ин афрод гузаштаҳои 14 асраи мазҳаби худро ҳукм ба хато, ширк ва куфр карданд. Дар заминаи баҳсҳои мазҳабӣ задухӯрдҳо низ рух доданд. Худ шоҳид будам, дар бархе аз хонводаҳо ба далоили ақоиди мухталифи мазҳабӣ бародар бо бародар ё падар бо писар даъво мекарданд. Дар ҷомеа тафриқаю хушунат ба вуҷуд омад.
Аз ин лиҳоз, иқдоми давлат дар мавриди бозгардонидани донишҷӯёни тоҷик аз мадориси хориҷӣ як иқдоми дурандешона буд, ки боиси ваҳдат миёни мардуми Тоҷикистон ва суботу оромӣ дар ҷомеаи ин кишвар хоҳад шуд. Ҳадаф аз ин иқдоми давлати Тоҷикистон бозгардонидани куллияи ҷавонон ба ватан ва сипас, бо мувофиқаи Вазорати маориф, Кумитаи дин, Маркази исломӣ ва донишкадаи исломии ин кишвар ва бар асоси қарордод фиристодани ҷавонон бо донишгоҳҳое хоҳад буд, ки таълиму тадрис ба таври мӯътадилу мувофиқи мазҳаби Имоми Аъзам анҷом мешавад.
Яъне, ба таври расмӣ ҷавонон дониши худро дар мадорису донишгоҳҳои исломӣ дар кишварҳои хориҷӣ такмил медиҳанд. Ин амр ҳеч мухолифат ё душмание дар ҷомеаи Тоҷикистон дар пай нахоҳад дошт. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон низ барои ҷилавгирӣ аз ноамниҳо ва нофаҳмиҳо аввал маълумоти ибтидоии мазҳабиро дар кишвари худ гирифта ва баъд барои таҳсил дар донишгоҳҳо ба хориҷ мераванд.
-Аммо ба гуфтаи падару модарони донишҷӯён, ки бо онҳо сӯҳбат доштем, дар Тоҷикистон чунин шароит вуҷуд надорад. Яъне, мактабҳои ибтидоии динӣ фаъолият намекунанд, Донишкадаи исломӣ низ имкон ва тавони фарогирии куллияи хоҳишмандонро надорад.
-Қонуни “Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, ки соли гузашта тасвиб шуд, имкон медиҳад, то дар тамоми масоҷиди ҷомеъи шаҳру навоҳӣ мадориси мутавасситаи динӣ ифтитоҳ шавад. Ҳоло дар Тоҷикистон 350 масҷиди ҷомеъ фаъолият дорад, ки мумкин аст дар назди ин масоҷид гурӯҳҳои таълимии ибтидоии динӣ ташкил шавад. Агар ин имкониятҳо ба пуррагӣ истифода шавад ҳамаи ниёзҳо ба таҳсили ибтидоии динӣ бароварда хоҳад шуд.
То замони тасвиби ин қонун дар Тоҷикистон 19 мадрасаи мутавасситаи динӣ фаъолият мекард. Бар асоси Қонуни “Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” қарор аст ин мадорис дубора сабти ном ва фаъолият кунанд. Ҳамчунин, ду соле қабл, Донишгоҳи исломии ба номи Имом Тирмизӣ ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон табдил шуд, ки метавонад ниёзмандон ба омӯзиши аҳкому фароизи исломро ба таҳсил фаро гирад.
-Вақте Президент Раҳмон дар моҳи августи соли ҷорӣ дар ноҳияи Фархор бо мардум дидор мекард, аз падару модарон даъват кард, то фарзандонро аз мадориси исломӣ ба ватан бозгардонанд. Зеро ба гуфтаи ӯ “дар он ҷо онҳо террурист ва тундрав” мешаванд. Масъулони Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср эътироз карда ва гуфтанд, ки дар муддати беш аз 200 соли фаъолияташ ин донишгоҳ ҳеч гоҳ террурист ё бунёдгаро тарбият накардааст.
-Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи Азҳари шарифро дар назар надошт.
-Аммо аз ҷумлаи 1400 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисоти омӯзишии хориҷӣ таҳсил мекарданд, беш аз 800 нафари онҳо донишҷӯёни Донишгоҳи Ал-Азҳар буданд...
-Дар кишварҳои исломӣ баъзе донишгоҳҳои тундрав вуҷуд доранд ва донишҷӯёни тоҷик пас аз таҳсил дар онҳо тамоми гузаштаи худро ба ширк ва куфр ҳукм карданд. Аммо ин ба Донишгоҳи Ал-Азҳар рабте надорад.
-Зимнан, Шумо дар Донишгоҳи байналмилалии исломии Исломободи Покистон таҳсил кардаед. Ҳамин тур нест?
-Бале. Ман бояд рӯшод гӯям, ки бархе аз донишҷӯёни донишгоҳҳои исломӣ ақоиди бегона ва тундравиро аз берун мегиранд. Ҳатто ин иттифоқ мумкин аст барои донишҷӯёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ рух диҳад.
Барномаи таълимии донишгоҳи исломӣ мутахассиси варзида ва донандаи забони арабиро омода мекунад. Барномаҳои Донишгоҳҳои Ал-Азҳар ё Донишгоҳи исломии Исломобод мӯътадил аст. Мумкин аст донишҷӯён аз берун барномаҳои тундравиро дарёфт кунанд.
-Шумо аз он ибрози нигаронӣ кардед, афроди таҳсилкарда дар мадориси хориҷӣ вазъи ҷомеаро ноором мекунад. Тибқи иттилоъи бархе аз расонаҳои хориҷӣ дар пайи талошҳои мубаллиғини эронӣ ва донишҷӯёни тоҷик, ки мадориси ин кишварро хатм кардаанд, домани мазҳаби ташаюъ дар Тоҷистон густариш меёбад.Гуфта мешавад, ҳоло як сеюми мусалмонони Тоҷикистонро аҳли ташаюъ ташкил медиҳанд. Ин иттилоъ воқеъият дорад?
-Дар ин замина иттилоъи мушаххасе дар даст надорам. Маълум нест, ки чи теъдоде аз мардуми Тоҷикистонро аҳли ташаюъ ташкил медиҳад. Ман ба манотиқи мухталифи кишвар сафарҳои хидматӣ доштам ва имом-хатибҳо танҳо хабари якмазҳабиро шунидам. Дуруст аст, ки теъдоде аз ҷавонони тоҷик дар ҳавзаи илмии Қуми Эрон таҳсил карданд ва шояд фикру ақоиди шиъаро дошта бошанд. Бахусус, афроде, ки саводи кофии динӣ надоштанд. Аммо ман шак дорам, ки теъдоди онҳо зиёд бошад.
-Ба Маркази исломии Тоҷикистон дар мавриди фаъолияти миссионерҳо ё мубаллиғини мазҳаби шиъа дар ин кишвар иттилоъ нарасидааст? Мумкин аст бо истифода аз фақру бенавоии мардум созмонҳои хайрия онҳоро ба ҷониби худ кашанд.
-Мардуми Тоҷикистон нангу номус доранд. Дуруст аст, бахши бузурге аз сокинони кишвар дар фақр ба сар мебаранд, аммо дар сурати ором будани ҷомеа ин вазъ ислоҳ хоҳад шуд. Ба андешаи ман, теъдоди афроде, ки барои як халта орд, барои як кило рӯған ё шакар мазҳаб, имон ва ақоиди худро фурӯшанд, дар ҷомеаи Тоҷикистон кам ҳастанд. Аз ин лиҳоз, халале ба мазҳаби ҳанафӣ ворид намешавад.
-Вале тибқи иттилоъи расмӣ дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор мусалмони ин кишвар ба мазҳаби насронӣ пайвастаанд.
-Тоҷикистон кишвари дунявӣ ва демукротӣ буда ва ҳар кас дар интихоби дину мазҳаб озод аст. Аммо инсон бояд дурандеш бошад. Агар ҳоло фақир аст рӯзе меояд вазъ ислоҳ мешавад. Бояд мусалмони комил имони қавӣ дошта бошад.
-Ҳадаф аз таҳия ва пешниҳоди феҳристи маъвизаҳо дар масоҷиди ҷомеъ низ навъи мубориза бо ақоидаи бегона аст? Тибқи баъзе хабарҳо Маркази исломии Тоҷикистон чунин феҳристро омода карда ва ба имом-хатибҳои масҷоиди ин кишвар пешниҳод кардааст.
-Ин низом дар тамоми кишварҳои исломӣ маъмул аст. Маъвизаи ягона дар масоҷиди ҷомеъ маънои онро надорад, ки пеши кадом ақидае гирифта шавад ё мавриди сарзаниш қарор гирад. Ҳадаф аз ин иқдом низому тартиби кори муайян дар Маркази исломӣ аст ва ин ниҳод бояд дар пешрафти ҷомеа ва таблиғу ташвиқи илмомӯзӣ саҳим бошад. Зеро нифоқу низоъ дар ҷомеаи бесавод мехезад.
Маркази исломӣ тасмим гирифтааст, ки дар тамоми масоҷиди ҷомеъ мардумро барои омӯхтани илм, таҳаммулпазирӣ ва созандагӣ ташвиқ кунад. Ҳамзамон, дар канори ин гуна маъвизаҳо имом-хатибҳо дар ибрози ақоид ва гуфтани панду насиҳат озод ҳастанд.
-Имом-хатибҳо ба ин иқдоми Маркази исломӣ воканише нишон надоданд ё эътирозе накарданд?
-Модоме ки маъвиза барои беҳбудӣ ва мутобиқи шариати исломӣ бошанд, чаро воканиш шавад. Маъвизаҳо мутобиқ ва мувофиқ ба шариати исломӣ аст ва дар онҳо ҳеч ақоидаи бегонае нест, ки боиси эътирозу норизоиятӣ шавад.
-Сару садоҳое ҳаст, ки имом-хатибҳои маъруфе чун Ҳоҷӣ Мирзо ва Эшони Нуриддин дар эътироз ба чунин мудохилаи Маркази исломӣ ба фаъолияти масоҷид истефоъ дода ва дар қасди тарки Тоҷикистон ҳастанд.
-Ин сару садоҳо бепоя ҳастанд. Ҳоҷӣ Мирзо аз имом-хатибии масҷиди шаҳри Кӯлоб даст кашида, аммо ба кишвари дигар нарафтааст. Ман бо ӯ сӯҳбат доштам. Онҳое, ки чунин сару садоҳоро миёни мардум пахш мекунанд, ғаразҳои шуме доранд, ва мехоҳанд ҷомеа ноором бошад.
-Ба андешаи Шумо дар соли оянда аз аҳзобу равияҳои ғайриқонунии маҳзабӣ ба амнияти Тоҷикистон таҳдиде вуҷуд дорад?
-Муҳофиз Худованд аст. Ҳеч хатаре ба амнияти Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳеч неру ё гурӯҳе нест, ки дар баробари дини ислом ё мардум кори баде анҷом диҳад. Аз сӯҳбате, ки бо имом-хатибу сархатибҳои манотиқи мухталифи Тоҷикистон доштам, ҳамчунин хатар ё таҳдиде эҳсос намешавад.
Умедвор ҳастам, ки соли оянда низ чун солҳои қаблӣ соли суботу созандагӣ ва пешрафти ҷомеа мешавад. Зеро мардуми мо бадбахтиҳои ҷанги дохилиро фаромӯш накардаанд ва барои оромии ҷомеа талош мекунанд. Пешрафти дину маънавият низ ба суботу оромӣ бастагӣ дорад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/4006-2010-12-28-19-46-30.html
-
08.05.2025 15:28
185
Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе
-
08.05.2025 09:32
130
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба
-
04.05.2025 13:40
163
Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои низомӣ ва як қатор вазорату идораҳои дигар
-
07.05.2025 23:59
217
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
341
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
197
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
18.05.2025 13:37
98
Боздид аз Минтақаи махсуси иқтисодии «Aлабуга»-и Ҷумҳурии Тотористон
-
14.05.2025 23:45
137
Баррасии ҳамкориҳо бо Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб
-
14.05.2025 23:38
92
Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории муштараки Лоиҳаи «CASA-1000» оғоз гардид
-
14.10.2024 18:41
737
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1434
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3125
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
22.03.2025 12:38
294
Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар чорабинии сатҳи баланди кишвар оид ба об ва пиряхҳо дар СММ
-
23.02.2025 18:20
420
Фишори Трамп ба USAID ва оқибатҳои он барои Тоҷикистон – оё таҳдид воқеӣ аст?
-
14.10.2024 18:43
713
Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд
-
20.03.2025 11:59
293
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
531
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
648
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
234
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
250
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
260
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
471
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
758
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1558
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
371
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
359
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1554
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
1876
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2070
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2764
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
281
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
249
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
705
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2772
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3212
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3201
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
416
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
476
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
415
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?