Бо тафаккури куҳна чӣ гуна метавон меҳмонро пазироӣ кард?
Салом хонандаҳои гиромӣ. Бо гузашти ҳафтаи дигар саҳифаи "Рӯзгор" ва хонанда"-ро боз мекунем, то бубинем, ки ин ҳафта кӣ бароямон чӣ навиштааст. Нахуст аз зангҳои телефонӣ мехоҳем шурӯъ кунем. Масъуди Мухтор, як хонандаи мо аз Восеъ дар тамоси телефонӣ гуфт, ки бори аввал ҳафтаномаро хондааст. Аз матлаби интишорёфта ба мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо "Толибон ва паштунҳо: он сӯи дигари масъала" бештар таваҷҷӯҳ кардааст. Вай мегӯяд эрод-ку надорад, вале қабул карда наметавонад, ки Толибон як нерӯи мӯҳташаме бошанд, ки дар оянда сиёсати Афғонистонро дигаргун созанд.
Ҳарчанд баъди марги Масъуд ва Раббонӣ заъфи нерӯҳои эътилофи шимол ва бахусус тоҷикон дар Афғонистон эҳсосшаванда аст. Аммо мутаассифона, ҳам Толибон ва ҳам эътилофоти дигар ва бахусус тоҷикон чеҳраҳои мондагори сиёсӣ надоранд. Танҳо аз устод Атои мазорӣ ҳарф зада мешавад, ки тоҷики ғаюру ҷавонмард аст. Шояд чунин бошад, чун парвардаи мактаби ҷиҳоди Масъуди шаҳид аст. Вале ҳамвазни Раббонӣ ва ҳамон Аҳмадшоҳи Масъуд марди сиёсӣ нест.
Зайнура, аз шаҳри Душанбе ба мақолаи "Туркия дар остонаи интихобот ва ҳамапурсӣ" эрод гирифт, ки мо зиёда Эрдуғонро ба талош ба мансаб муттаҳам кардаем. Ба андешаи хонум Зайнура Раҷаб Тайип Эрдуғон намунаи беҳтарини исломи муборизро мутобиқ ба як ҷомеаи демократи ҳам ғарбгаро ва ҳам шарқӣ мехоҳад ба намоиш гузорад.
Аммо ин хонандаи мо низ бар ин назар аст, ки шояд қисмати талхе исломиёни Туркияро насиб гардад, чун Ғарб кӯшиш дорад баъди ошкор кардани қувваҳои созанда дар мамолики исломӣ тадриҷан роҳҳои саркӯбии онҳоро низ ҷӯяд ва далели ин барканории Мурсии мисрӣ бо дасти мардуме, ки соле пеш барояш овоз дода буданд ва тазоҳуроти густардаи мардуми Туркия бо баҳонаи боғи Ғозӣ буд, ки ба хушунат анҷом гирифт.
Боқӣ сӯҳбатҳои телефонии мо бо хонандагони ҳафтанома сӯҳбатҳои маъмулӣ буданд, ки зикрашонро ҷоиз намедонем. Танҳо аз Шокири Азизулло ёд мекунем, ки пешниҳод дошт саҳифаи пурсишҳои ҳафта ҳамешагӣ бошад. Ба гуфтаи ӯ дигар нашрияҳо ҳар афта як пурсише доранд, вале "Рӯзгор" на ҳамеша.
Ва инак, матолиби дигари ин бахш:
“Муҳаббат” –ро Сайфиддинов қабул дорад
Дар шумораи шашуми “Рӯз-гор” номаи хонанда Инъом Шодиев бо номи “Ҳусни ҷаҳоноро” “Муҳаббат” шуд: Сайфиддинов қабул дорад?” чоп шуда буд. Сухан сари намоишномаи нави театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ “Муҳаббат” мерафт, ки ҳоло таҳия мешавад ва қарор аст дар фурсатҳои наздик нахустнамоиши он низ баргузор шавад. Спектакл аз рӯи асари “Ҳусни ҷаҳоноро” – Шарифиддин Сайфиддинов омода шудааст ва чун он 40 сол пеш навишта шуда буд, Муҳаммадҷон Шодиев, коргардони асар мегуфт номи онро ба “Муҳаббат” табдил ва навад дар сади асарро низ вобаста ба замон тағйир додаанд. Муалифи нома суол мегузошт: агар коргардонҳо навад дар сади асарро дигар карда бошанд, пас чӣ гуна метавон онро моли Шарофиддин Сайфиддинов номид? Боз ин дар ҳолест, ки номи онро низ бадал кардаанд. Метавон итминон дод, ки муаллиф ба ин тағйироту иловаҳо розӣ бошад ва қабул дорад, ки заҳмати дигаронро моли худ донад”?
Хабарнигори “Рӯзгор” барои дарёфти посух ба саволи хонанда бо устод Шарофиддин Сайфиддинов мулоқот кард ва атрофи ин савол ва паҳлуҳои дигари намоишнома бо ӯ сӯҳбате анҷом дод, ки дар шумораҳои ояндаи ҳафтанома интишор хоҳад шуд. Аммо нуктае, ки чун посух ба саволи хонандаи худ мегӯем, он аст, ки муаллиф сад дар сад аз тағйироту иловаҳо ба намоишнома розист, ҳатто ба тағйири номи он низ. Зеро ин ҳама бо маслиҳати ҳамдигар сурат гирифтааст. Шарофиддин Сайфиддинов зимнан ба Тӯрахон Аҳмадхонов барои ибтикор ва пуштибониаш изҳори миннатдорӣ намуд ва дар сӯҳбат дар бораи таърихи баъзе таронаҳои бастакор сухан рафтааст, ки тавре гуфтем дар шумораҳои оянда мутолиа хоҳед кард.
Аз сӯҳбати бонуи шоира Латофат Кенҷаева хушам омад
Баҳси китобу хонанда ба як баҳси ҳамешагӣ табдил шудааст. Воқеъан ҳам агар ба дӯконҳои китоб сар халонед ва хоҳед китоб харед, аз нархи дандоншикани китоб холӣ берун меоед. Маоши ман ҳатто 600 сомонӣ ҳам нест, вале як китоб 50-60 сомонӣ арзиш дорад. Пас мани “китобдӯст” чӣ бояд кунам: бо ин пул меваву сабзавот барои зиндагии кӯдаконам харам ё китоб? Аммо ин бонуи ҳунар роҳҳои арзон кардани китобро пешниҳод кардааст. Чаро нашриётҳои мо тӯли ин солҳо ин корро карда наметавонанд? Зарфи ин даҳ соли охир Латофат Кенҷаева зиёда аз як миллион адад китоб интишор додааст. Аҳсан мехонам. Дар ҳақиқат ман китобҳои “Истиқбол”–ро дидаам, ки ҳам зебову ҳам арзонанд. Ҳоло ду номгӯ китобашон дар хонаи мо ҳаст, ки хеле олӣ ороиш ёфтаанд.
Ва боз ман ба ғайрату ҳиммати мардонаи ин зан қоилам, ки бо пули қарз ва ҳатто бо гарав мондани хонаи истиқоматиаш барои миллат китоб чоп мекунад.
Мардон Салимзода, ноҳияи Бохтар
Шоира Латофатро ошиқи китоб дарёфтам
Ба гумонам шоира Латофат Кенҷаева бо ин мусоҳибааш ба даҳони ҳамаи онҳое, ки даъво доранд китоб хонанда надорад ва ё чопи китоб зараровар аст, зад. Ба ин хулоса омадам, ки инсон агар бо садоқат ба ҳар кор даст занад, муваффақ мешавад. Бону Латофатро ошиқи китоб ёфтам, танҳо шахси ошиқ аз мушкилот наметарсад ва барои расидан ба ҳадаф аз ҳар имкон истифода мекунад. Шоира роҳи осони расидан ба ҳадафи ниҳоӣ, арзон кардани бозори китобро пешниҳод мекунад. Вай мегӯяд давлат бо додани қарзи бефоиз онҳоро дастгирӣ кунад, дар он сурат вай метавонад ба ҳадде китобро чоп кунад, ки аз пастии нарх нодортарин инсон соҳиби китоб шавад. “Агар ҳукумат, сармоядорони тоҷик дар ин роҳ ба мо ёрии моддӣ расонанд, мо метавонем шумораи китобҳоро ба маротиб афзуда, нархи як китобро ба 50 дирам расонем. Ва ҳамчунин дар ин сурат ба кӯдакони нодору маъюб ва бепарастор ин китобҳоро бепул ҳадя намоем...”
Орзуи фантастикӣ, аммо амалишаванда. Барои ман не, барои Латофат Кенҷаева, ки таҷриба кардааст ва медонад. Ман бошам аз қарз меларзам ва ҷуръати ин корро надорам...
Гулчеҳра, донишҷӯ аз Душанбе
Адвокати тоҷик овоз надорад
Мақолаи “Адвокатҳо бояд аз як гиребон сар бароранд...” –ро хонда, ба ин хулоса расидам, ки вакилони мудофиа дар кишвари мо аслан овоз надоранд. Зарфи 10 соли охир надидаам ва нашунидаам, ки адвокат тавониста бошад шахсеро бо исботи бегуноҳӣ аз зали суд раҳо карда бошад. Ба назари ман онҳо ҳамеша мағлубанд, чун мебинем, ки ба муҳлати пурсидаи прокурор суд ҳатман посухи мусбат медиҳад ё ду- се сол кам мекунад ё изофа. Аммо боз ҳам инро на бо кӯшиши адвокат, балки бо солоҳдиди худ анҷм медиҳад. Судҳо мекӯшанд нақши адвокатҳоро хира бинанад, аз ин рӯ ҳукмҳо бо хости худи онҳо эълон мешаванд. Албатта, ин андешаи шахсии ман.
Меъроҷиддин, ҳуқуқшинос
Бо тафаккури куҳна чӣ гуна метавон меҳмонро пазироӣ кард?
Аз пурсиши “Ҷаҳонгардонро чӣ гуна бояд шефтаи Тоҷикистон кард” посухи Қурбони Собир писандам омад. Кӯтоҳ, пурмаънӣ ва таъсирбахш. Ман худ борҳо сафари хориҷ кардаам ва медонам, ки дар чашми оламиён хортар аз мо касе нест. Фурудгоҳи мо дар аввалин дақиқаи фуруд омадани меҳмон дилбазан аст. Аз ҳамин фурудгоҳ чеҳраи шаҳр ва симои миллату давлат дида мешавад. Тасаввуроти аввалинро меҳмон аз муносибати кормандони фурудгоҳ мегирад. Сӯҳбатҳои дилхарош, дағал, суханони бемантиқ, ифтихороти пуч як саҳнаест, ки ба гумонам то берун рафтани меҳмон аз кишвар ӯро ҳамроҳӣ мекунад. Ҳоло бинои фурудгоҳ симояшро дигар мекунад ва терминали нави онро фаронсавиҳо месозанд. Аммо дар терминали нави бо меъёрҳои байналмилалӣ сохташуда бо тафаккури куҳна ворид шудани кормандони фурудгоҳ чизеро тағйир намедиҳад. Мо бояд аввал аз милисаи дарбон то ходими оддӣ онҳоро омӯзем ва баъд вориди салонҳои терминали нав кунем.
Наргис, шаҳри Душанбе
-
22.06.2025 14:51
145
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
266
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
278
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
499
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
604
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
490
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
30.06.2025 13:00
150
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
30.06.2025 12:58
126
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок намуд
-
25.06.2025 11:36
144
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
14.10.2024 18:41
981
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1692
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3384
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
141
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
126
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
141
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
514
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
763
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
882
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
463
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
498
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
472
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
773
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1021
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1887
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
629
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
608
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1801
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2121
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2115
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2329
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
534
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
475
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
952
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3076
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3515
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3510
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
660
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
684
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
631
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?