08:42:38 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

"Рӯзгор" аз додгоҳӣ шудани баҳсҳои эҷодӣ пуштибонӣ намекунад

Бо арзи салом хидмати ҳамаи дӯстоне, ки шумораи шашуми "Рӯзгор"-ро мутолиа карданд. Умедворем он барояшон мавриди писанд қарор гирифта бошад. Аз зангҳои телефонӣ ва ибрози назарҳо ба мақолоту сӯҳбатҳои ҷудогонаи он пайдост, ки хонадагон бештар мекӯшанд ба назари интиқод бингаранд ва ин айни ҳамон тақозоест, ки аз ҳаводорони худ дорем. Ифшои ҳар камбудиву норасоӣ моро водор хоҳад кард пайи ислоҳи он бештар кӯшо бошем.

ruzgor-muqova-2013

Ҳафтаи сипаришуда Аъзам Афзалӣ, як тан аз масъулини Ҳизби демократии Тоҷикистон дар гузашта дар тамос бо мо дар бораи мақолаи "Марде, ки илмро бар сиёсат тарҷеҳ дод», ки ба рӯйдоди хотирмони ифтитоҳи китобхонаи шахсии профессор Раҳими Мусалмониён бахшида шуда буд ва муаллиф дар канори он гузаштаву имрӯзаи ин олими барҷаста ва пуркори тоҷикро, ки ҳоло гирифтори бемории фаромӯшхотирист, ба риштаи таҳлил кашида буд, ибрози назар намуд.

Ва баъдан Аъзам Афзалӣ гуфт, ки аз замони ҳиҷрати профессор Мусулмониён ба ин сӯ дигар аз ӯ иттилое надошт ва танҳо баъди мутолиаи мақолаи "Рӯзгор" то ҷое воқиф шуд, ки олими шинохта ба чӣ корҳое саргардон буд ва ҳоло чӣ рӯзгоре дорад.

Мавсуф гуфт, ки дар солҳои истиқлолталабӣ ва то оғози ноамниҳову фирор аз кишвар канори ҳам буданд, узвияти як ҳизбро доштанд, ҳатто профессор Мусулмониён муддате муовини раиси ҳизб ҳам буд. Вале чархи айём ҳар киро дар чорсуи зиндагӣ ва талошҳои будану зистан парешон кард. Ҳоло ки огоҳ шудааст, Мусулмониён бо вуҷуди маризӣ дар Душанбест, аз мо хост мусоидат кунем, то ба аёдаташ равад.

Албатта, мо талош хоҳем кард ин кор сурат бигирад, дар ҳоле ки худи мо низ муштоқи аёдати олими машҳурем. Аммо, агар таваҷҷӯҳ карда бошед, дар шумораҳои баъдӣ ҳам номаҳоеро интишор дода будем ва хонандаи мо Собири Сафо интиқод мекард, ки агар Мусулмониён дар Душанбест, пас чаро шумо наметавонед бо ӯ ва ё хонаводаи ӯ дар тамос бошед.

Ва дар ҳақиқат мо зиёд кӯшидем то суроғаашро пайдо ва иҷозати аёдаташро ҳам аз бастагонаш ба даст орем. Вале то ин лаҳзаҳо муваффақ нашудем. Ҳарчанд муаллифи мақола як сӯҳбати сарироҳӣ бо писари профессор Беҳрӯз доштаву шумори телефони худро гузошта буд, то дар тамос шаванд.

Боиси таассуф аст, ки дигар тамосе аз ҷониби Беҳрӯз нашуд. Вале мо мекӯшем ҷиддитар пайи ин кор шавем ва ба муҷарради дарёфти суроғаву иҷозаи аёдат, шуморо низ хабардор кунем.

Ва ҳоло мепардозем ба мутолиаи чанд номае, ки аз тариқи пустаи электронӣ расидааст:

Чаро намешавад Тоҳир Рашидовро ба додгоҳ кашид?

Ман сӯҳбати басо пурмӯҳтаво бо адиби ҷавон Равшани Махсумзодро хондам. Дуруст аст, ки хонандаи тоҷик кам мутолиа мекунад ва Махсумзод ҳам сабаби инро дар таблиғ нашудани адабиёт медонад, ки банда низ ба ин мувофиқам.

Аммо нуктае, ки маро такон дод, ин даъвои Тоҳир Рашидов дар мавриди пучу бемаънӣ будани шеъру ҳикояҳои адибони муосир аст. Вай дар "Минбари халқ" гуфтааст, ки асарҳо "на танҳо пучу бемаънианд, балки хонандаро аз роҳи рост мунҳариф месозанд". Ман худ ин мақола ё мусоҳибаро нахондаам, иқтибос аз гуфтаи Равшани Махсумзод аст.

Агар ин гуна даъво  пеш гузошта шуда бошад, пас дар ҳақиқат  як иддиои сардаргумкунанда кардааст. Пас чаро Иттиҳоди нависандагон ин гуна муаллифонро ба додгоҳ намекашад? Магар онҳо ба гуфтаҳои Рашидов мувофиқанд? Агар мувофиқ намебуданд ва мебоист эътироз мекарданд. Ба Олга Тутубалина тавонистанд эътироз кунанд-ку?

Шавкат, ноҳияи Рӯдакӣ

ӯзгор": Бале, метавон эътироз кард, метавон ба додгоҳ кашид. Вале "Рӯзгор" на ҳамеша аз додгоҳӣ шудани ин гуна масъалаҳо пуштибонӣ мекунад. Мо ҳам даъвои Тоҳир Рашидовро бепоя медонем, чун ба ҳадди имкон ошноии бештар бо адабиёти муосир дорем, ашъори хубу сараро зиёд хондаем. Аммо он ки чаро ба изҳори назари Олга Тутубалина ин гуна вокуниш шуд, вале сухани Тоҳир Рашидов ношунида монд, чизе гуфтан бармаҳал аст.

Ба ҳар ҳол дар ду маврид ҳам мо ҷонибдори додгоҳӣ шудани масъала нестем. Тоҳир Рашидов бо истифода аз озодии баён ин гуна изҳори назар кардааст ва бигзор он ғалат бошад, вале дарки маънавии ӯст ва адабиёти муосирро ҳамин гуна шинохтааст. Пас зарур аст бо интишори мақола ё сӯҳбати ҳамсон ба ӯ фаҳмонд, ки бародар ту ҳақ нестӣ. Бо далел исбот бояд кард, ки адабиёти муосир касеро мунҳариф аз роҳ намекунад.

Чун даъвои мунҳариф кардан хеле даъвои баланд аст. Яъне, ба гуфтаи ҷаноби Рашидов адабиёти мо хонандаро ба роҳи бад ҳидоят мекунад. "Рӯзгор" омода аст баҳсе сари ин даъво оғоз кунад, вале боз ҳам бо ҳамон риояи одоби сӯҳбат. Дар мавриди додгоҳӣ шудани баҳс бо Олга Тутубалина низ мавқеъи мо яксон аст. Набояд баҳс ба додгоҳ мерафт. Мебоист дар ҳамон "Азия-плюс" посухи арзишманд дода мешуд.

Сафар Ҳақдод бо накардему нагуфтем сӯҳбатро поён бурдааст

Киношиносу коргардони синамо Сафар Ҳақдод хеле таҳлили хуб дар мавриди вазъи синамои имрӯзаи кишвар кардааст. Вале ба назар расид, ки сар то по вай мекӯшад бо накардему нагуфтем вазифаи худро адошуда ҳисобад. Магар бо ин кор мешавад? Дуруст аст, ки Иттифоқи синамогарони Тоҷикистион, ки раёсаташро ҷаноби Ҳақдодов ба ӯҳда дорад, як созмони ҷамъиятист.

Аммо пешниҳоди таъсиси ниҳоди давлатии таҳқиқи роҳҳои рушди синамо то куҷо амалишаванда ва муассир аст. Мо аз ташкили сохторҳо аксар вақт бохтаем, чун вазифадору маошхури зиёд пайдо мешаваду кор зайли пештара мемонад. Дар ҳоле, ки мо вазорати фарҳанг дорем. Магар синамо аз доираи фаъолияти ин вазорат берун аст ва кино ин фарҳанг нест? Агар ҳа, пас бигзор ба ин кор ин вазорат машғул шавад. Сохтори нав дар ин як замони мушкил чӣ лозим аст?

Абдулҳай Соҳиб, Душанбе

Ман аз сӯҳбати Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров гурез аз посух ба саволҳоро мушоҳида кардам. Шумо чӣ?

Ҳатто мекӯшад ба саволи "Ҳангоми тамошобин буданатон ба бозии кадоме аз ҳамкорон ва дӯстонатон дар саҳна самимона кафкӯбӣ кардаед? Посух медиҳад: Ростӣ ман кам дар толор мешинаму бозии ҳамкоронамро тамошо мекунам. Зеро худам низ дар намоишномаҳо банд ҳастам".

Дар ҳама намоишнома Бурхвалӣ нақш намебозад ку? Будагист спектакле, ки ӯ тавонад на дар саҳна, балки дар қатори тамошобинон бошад. Ба фикрам ин просухи он қадар ҷиддӣ ҳам набуд.

Соро, Қӯрғонтеппа

Аз саҳифаҳои рамазонии шумо хушам омад. Аз мақолаи "Ҳикмати гуруснагӣ, рӯза ва тансиҳатӣ" хеле чизҳои нав хондам, ки пештар намедонистам. Мақолаи эшони Сайид Қиёмуддин "Дило, дар рӯза меҳмони Худоӣ" низ хеле мақолаи хуб ва омӯзанда буд. Бисёр мехостам шахсиятҳое чун эшон дар саҳифаҳои "Рӯзгор" баромад мекарданд ва ҳикмату фалсафаи рӯзаро мефаҳмониданд.

А.Назир, шаҳри Ваҳдат



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi