19:25:28 22-уми Июни 2025 сол

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург

Санаи 18-уми июни соли 2025, дар шаҳри Санкт Петурбурги Федератсияи Русия Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург таҳти унвони «Арзишҳои муштарак – асоси рушд дар ҷаҳони бисёрқутбӣ» ба кори худ оғоз намуд.

4 ishtirok dar forum 6589548Дар Форуми мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода иштирок намуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин чорабинӣ 20 000 иштирокчӣ, аз ҷумла намояндагони баландпояи давлатӣ, роҳбарони ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва коршиносон аз 140 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд.

Дар доираи чорабинӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар як қатор чорабиниҳои канории Форум, аз ҷумла панели махсус дар мавзӯи “Муаррифии лоиҳаҳои муштараки байналмилалӣ: асоси рушди тиҷорати ватании саноатӣ” иштирок ва суханронӣ намуда, дар он лоиҳаи “Парки саноатии Тоҷикистону Россия дар шаҳри Душанбе” муаррифӣ карда шуд.

Дар доираи Форум ҳайати кишвар, инчунин дар як қатор чорабиниҳои канории Форум иштирок намуда, бо доираҳои давлатию бахши хусусии давлатҳои хориҷӣ мулоқоту вохуриҳо анҷом дод.

www.investcom.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ