Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
Аз 18 то 21-уми июни соли 2025 намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур ва муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло дар кори 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалӣ маҳсуб ёфта, намояндагони беш аз 140 кишвару минтақаҳоро ҷамъ овард, иштирок намуд.
Форум ба майдони муҳими муколамаи боз ва созанда доир ба масъалаҳои калидии иқтисоди ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табдил ёфт. Дар маркази таваҷҷуҳ мушкилиҳо ва имкониятҳои глобалӣ, аз ҷумла гузариш ба ҷаҳони бисёрқутбӣ, мушкилоти экологӣ ва иқлимӣ, рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, масъалаҳои рушди устувор, навсозии низоми таҳсилот ва бозори меҳнат қарор гирифта, баррасӣ гардиданд.
Дар доираи чорабиниҳои Форум намояндагони Тоҷикистон як қатор вохӯриҳоро бо доираҳои соҳибкорӣ ва сохторҳои шарикона баргузор намуда, дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин масъалаҳои ҷорӣ намудани маҳсулотҳои инноватсионию рақамиро баррасӣ намуданд.
Иштирок дар Форум ба Тоҷикистон имкон дод, ки афзалиятҳои худро дар соҳаи рушди устувор, таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва густариши шарикӣ бо кишварҳои дӯсту бародар баён намояд.
www.medt.tj