Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам...
Аз нахустин рӯзи интишори шумораи панҷуми “Рӯзгор” то ба ин дам шоҳиди зангҳои телефонии зиёд шудем, ки наметавон дар бораи ҳар кадоми онҳо муфассал муҳокимаронӣ кард. Иддае аз хоннадагон пешниҳодоти вижае доштанд, ки қабул кардем, вале ҳоло ифшо намекунем, онҳоро дар ҷараёни кор амалӣ хоҳем кард.
Устод Иброҳим Усмон, ки пири журналистони кишваранд, бо як занги телефонии худ чанд шумораи ахири “Рӯзгор”-ро мухтасар таҳлил карданд. Барои он мо он нукта хушҳолкунанда буд, ки нашрия аз ҷониби ин устоди сухан мусбат арзёбӣ шуд ва зимнан чанд камбудии онро низ гуфтанд, ки мухлисона ва шогирдона қабул дорем. Ва устод Иброҳим Усмон пешниҳодоти ҷолиб ҳам барои беҳтар шудани мӯҳтавои нашрия иброз доштанд, ки боз ҳам қобили қабул аст.
Журналисти шинохтаи кишвар Абдуқаюми Қаюмзод дар тамоси телефонӣ гуфт, ки “Рӯзгор”-ро дар радифи 7 нашрияе қарор додааст, ки маъмулан худаш пайваста мехонад.
Садриддин Камолзода аз Кӯлобшаҳр хостори аз як саҳифа бештар нашри кардани “Қиссаҳо аз рӯзгори эшони Султон” шуд. Вале ба хонандаи азиз посух ҳам додем, ки ба сабаби маҳдуд будани саҳифаҳои “Рӯзгор” ва тақсимбандӣ шудани ҳар саҳифа наметавонем қиссаро аз ин беш чоп кунем.
Ва ҳоле муруре дорем ба баъзе аз номаҳои электронии то ин лаҳзаҳо ба дастрасида:
Қомуси сулҳи тоҷикон бояд таъсис шавад
Мутолиаи сӯҳбат бо Мастура Ашурова маро ба андешае водор кард. То ба имрӯз шахсан ин ҷониб шояд даҳҳо сӯҳбату мақолаҳо дар бораи сулҳи тоҷикон хондаам. Ман ба он андеша, ки сулҳи тоҷиконро беназир ва як таҷрибаи нодири ҷомеаи байналмилалӣ меноманд, мувофиқам. Дар ҳақиқат тоҷикон кореро анҷом доданд, ки масалан бародарони афғонии мо дар орзуи онанд. Мо медонем, ки ҷанги мо аз ҷанги Афғонистон фарқ мекунад. Дар Афғонистон дастони бегонагон баръало намудор аст, дар мо низ чунин буд, вале кор ба ҷое нарасид, ки бегонагон пурра вориди мамлакат шаванд. Ақли пурзаковати тарафҳо кор дод ва мо бештар муваффақ шудем.
Аммо ҳадафи ман ин нест, чун ин мавзӯъ борҳо таъкид шудааст. Ман пешниҳод доштам. Шояд вақти он расида бошад, ки як қомуси фарогири таҳқиқотии сулҳи тоҷикон ташкил карда шавад ва он фарогири ҳамаи матолиби то ин замон нашршуда бошад. Бовар кунед, ки ин кор басо зарур аст, чун гирдоварии он ҳама мақолаҳои чопшуда имкон хоҳанд дод, ки дар оянда муаррихону таҳлилгарон вазъро хуб таҳқиқ кунанд ва таърихи воқеъии фоҷеаи миллат дар поёни садаи 20 навишта шавад.
Муҳаммадҷон Нарихӯҷаев, аз шаҳри Қурғонтеппа
“Ҳусни ҷаҳоноро” “Муҳаббат” шуд: Сайфиддинов қабул дорад?
Иҷозат диҳед дар атрофи мусоҳибаи ҳунарманди шинохтаи кишвар Муҳаммадҷон Шодиев нуқтаю назарҳои худро баён дорам. Вале қабл аз ҳар чизи дигар маъзарат мехоҳам ва бовар дорам намеранҷед. Аввалан то кадом андоза ба рӯҳи замон мувофиқ омадани асари саҳнавии 40 сол пеш эҷодшуда мавриди шубҳа аст.
Вале Муҳаммадҷон Шодиев итминон медиҳад, ки он хеле кор хӯрдаву ба талаботи замон мувофиқ гардонида шуд. Дар сӯҳбат санъаткори шинохта сабаби рӯ овардан ба ин асарро пуштибони аз Шарофиддин Сайфиддинов, ки бемуҳобо як чеҳраи матраҳ дар олами санъати кишвар аст, қаламдод кардааст.
Ва гуфтааст, ки “хато намешавад агар гӯем, ки навад дар сади асарро комилан тағйир додем”. Ва саволи ман ҳам ин аст: агар коргардонҳо навад дар сади асарро дигар карда бошанд, пас чӣ гуна метавон онро моли Шарофиддин Сайфиддинов номид? Боз ин дар ҳолест, ки номи онро низ аз “Ҳусни ҷаҳоноро” ба “Муҳаббат” бадал кардаанд. Метавон итминон дод, ки муаллиф ба ин тағйироту иловаҳо розӣ бошад ва қабул дорад, ки заҳмати дигаронро моли худ донад?
Инъом Шодиев, ш. Душанбе
Ба хеш аз назари бегонагон
Хеле мақолаи ҷолиб аз Абдуллои Раҳнамо хондам. Ташаккур ба “Рӯзгор”. Хеле таҳлили фарогир, олимона, коршиносона. Абдуллои Раҳнаморо намешиносам, ҳарчанд бо чанд навиштаи ӯ дар матубот огоҳам. Ва шунидам, ки чанд китоб ҳам дар ин мавзӯъҳо таълиф кардааст, вале ман надидаам.
Он чӣ аз мақолаи “Дин ва давлат дар Осиёи Марказӣ” мавриди писандам қарор гирифт, тафсири замонавии достони “Рустам ва Сӯҳроб” буд. Як бори дигар ба ғояи ҷовидонаи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ аҳсант хондам.
Абдуллои Раҳнамо достонро ба вазъи имрӯз мувофиқ таҳлил кардааст . Вай менависад: “...сабаби фарзанд куштани Рустам ва худро чунин заифу танҳову бадбахт кардани Рустам пеш аз ҳама дар як чиз буд: “дар надоштани шинохти саҳеҳ ва надоштани иттилооти дуруст. Ӯ гумон мекард Сӯҳроб кадом паҳлавони бегонаи туронӣ ва душмани ҷони ӯст... Аксар давлатҳо ва давлатмардони Осиёи Марказӣ дар баробари Ислом шинохти табиӣ, худӣ ва дуруст надоранд ва нақши он дар таҳкими ҷомеа ва давлатдории худро дуруст тасаввур карда наметавонанд, худро бо дасти худ ва ва яке аз потенсиалҳои қавитарини худ маҳрум месозанд ва гоҳо ҳам бо он мубориза мекунанд...”
Ва бардоште, ки аз таҳлили сиёсати динии ҳукумати кишвар кардам ин буд, ки дар ҳақиқат марказҳои таҳлилӣ аз вазъи динӣ дар кишвар иттилои бегона доранд ва агар он таҳлилҳо худӣ ва чуноне Раҳнамо мегӯяд табиӣ ва дуруст мебуд, шояд стратегия муносибати давлат бо дин тағйир мехӯрд.
Тавре Хоҷа Ҳофиз фармуда:
Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,
Ки бо ман ҳарчӣ кард, он ошно кард.
Мавзуна, унвонҷӯ
“Бӯи Худо аз ҳама сӯ мерасад...”
Хеле ҷолиб, ки “Рӯзгор” саҳифаеро ба моҳи Шарифи Рамазон ихтисос додааст. Мехостам бо истифода аз фурсат ҳамаи сокинони кишварро ба муносибати фарорасии ин моҳи муборак табрик кунам. Умедворам номаи ман ҳам дар “Рӯзгор” чоп мешавад.
Салима Ҳайларова, нафақахӯр
Чаро Аҳмад Зоҳир тавонисту мо не?
Таҳқиқоти таронаҳои хунёгари бемисл ва булбули шӯридаи Шарқ Аҳмад Зоҳир хеле кори пурарзиш аст, ки “Рӯзгор” интишор медиҳад. Бо гузашти солҳо аз марги ин сарояндаи нотакрор сафи мухлисону ҳаводоронаш ба маротиб меафзоянд. Шояд дар ин чанд даҳсолаи охир касе назири ӯр таърихи санъати форсзабонон ёд надошта бошад, ки ин қадар маҳбуб ва ба қалби ҳар кас наздик бошад.
Шахсан ман замоне ба дунё омадаам, ки Аҳмад Зоҳир рахт аз олам барбаста буд. Таронаҳои ӯро тадриҷан аз бар кардам, оҳанги таронаҳо яке марғубтар аз дигаре буданд. Аз назари ман фарқ миёни Аҳмад Зоҳир ва сарояндагони мо он аст, ки дар мо тақлидгарон зиёданд ва боз ин ки аксари таронаҳои онҳо матни хуби шеърӣ надоранд. Аммо дар Аҳмад Зоҳир инро намебинем. Вай таронаҳояшро бештар бо матни шоирони машҳур сохтааст ва абадзиндагии таронаҳои Аҳмад Зоҳир ҳам аз баландии мазмуни матни сурудҳои ӯянд.
Бинед, вай аз Ҳофизу, Бедилу Лоҳутӣ мехонад ва ҳамаи он ғазалҳо зери навои эстрада ба ҳам меоянд. Магар шумо ёд доред, таронаи эстардии тоҷикиро, ки матни он аз Ҳофизу Хайём истифода шуда бошад? Албатта, ҳастанд, вале хеле кам. Ташакур ба сарояндагони шашмақомсаро, ки аз ашъори бузургони классик истифода мекунанд. Аммо чаро дар эстрада Аҳмад Зоҳир тавонисту сарояндагони мо наметавонад?
Гулзира, шаҳри Ваҳдат
“Рӯзгор”: Албатта, хонандаи мо Гулзира, ки мутаассифона, нанавиштаанд чӣ касб доранд ва чӣ шуғл, назари шахсии худро иброз доштаанд ва “Рӯзгор” на ба ҳамаи он фикрҳо розӣ буда метавонадд. Мо сарояндагони тавонои мусиқии эстрада дорем, ки матнҳои классикиро ҳам дар қолаби ин мусиқӣҷаззоб сурудаанд ва овардани номи танҳо Далер Назар кофист, ки андешаҳои Гулзираро рад кунем. Вале муаллифи мактуб хуб дарк кардааст, ки ҳофизони муосир хеле кам ба ашъори пурғановати классикони адабиёти тоҷик таваҷҷӯҳ мекунанд. Мо инро қабул дорем. Нома шояд ишорае шавад, ки муосирони мо ҳам дар пайравӣ аз Аҳмад Зоҳир муруре ба ғазалиёту рӯбоиёти классикон кунанд ва шояд ашъореро дарёбанд, ки дар қолаби мусиқи эстрада бештар мувофиқ бошад. Фақат кӯшиш ва ҷустуҷӯ лозим аст.
-
12.11.2025 14:29
271
Маросими қабули эътимодномаҳо аз сафирони нави давлатҳои хориҷӣ
-
08.11.2025 13:52
454
Иштирок дар зиёфати корӣ дар чаҳорчӯби Ҳамоиши дуюм дар қолаби “Осиёи Марказӣ-ИМА” (С5+1)
-
08.11.2025 13:50
439
Вохӯрӣ бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп
-
26.09.2025 12:42
471
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
533
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1242
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
21.11.2025 12:03
476
Дар Душанбе ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии ИДМ баргузор гардид
-
12.11.2025 14:31
509
Сармоягузорони ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи худро ба Тоҷикистон равона месозанд — нашри махсуси The Investor 2025
-
19.10.2025 11:39
600
Баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе Инвест-2025
-
16.10.2024 00:22
1673
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
14.10.2024 18:41
1604
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
2308
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
19.10.2025 11:43
506
“Рашк- андешаи шайтонист!”
-
19.10.2025 11:37
539
Иштироки Вазири энергетика ва захираҳои об дар «Ҳафтаи энергетикии Русия”
-
12.10.2025 18:38
400
«Қонун зери назорат қарор дорад!»
-
24.09.2025 19:57
520
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
474
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
24.09.2025 19:51
609
«Забони мо ҷаҳони мо!»
-
30.11.2025 19:44
455
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
21.11.2025 12:01
427
Вохӯрии Вазири меҳнат бо намояндагони ширкати TELC GmbH – Олмон
-
25.10.2025 14:35
555
Қадами аввали муҳоҷирони тоҷик ба Кореяи Ҷанубӣ тариқи барномаи давлатии EPS (Employment Permit System)
-
28.02.2025 13:34
1592
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1648
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2577
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1244
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1214
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2426
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
21.11.2025 11:56
409
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
432
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
463
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1066
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1237
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1059
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3586
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3750
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4201
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
16.08.2025 12:02
669
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд
-
07.08.2025 16:09
675
Русия ва ИМА дар мавриди мулоқоти Путин ва Трамп ба мувофиқа расиданд
-
20.07.2025 13:13
737
Аз вазъи мураккаби ҷаҳон то Ваҳдати тоҷикон










































