Таронаи муҳаббат: аз Мавлоно то Лоиқ
Ҳамеша бар ин назар будам, ки устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ на танҳо дар офариниши шеъру ғазал, балки сурудани тарона низ беназир буданд. Ва инро баъди мутолиаи бахши дигар пажуҳиши "Аҳмад Зоҳир ва сад шоир" барои худ тайид кардам. Султони Ҳамад ҳангоми таҳлили таронаи марғуби хунёгари нотакрор "Ошиқ шудаӣ, ай дил ғамҳот муборак бод", ки замоне хеле замзама мекардем, руҷуъ ба ғазалиёти Мавлоно низ мекунад, ки бо ҳамин вазну қофия ғазале иборат аз 9 байт дорад.
Ва дар дигар ҷойи ин мақола хондам, ки бо хоҳиши Фаттоҳ Одина устод Лоиқ таронаеро дар ҳамин вазн навиштааст, ки куллан матни он аз дуи дигар фарқ мекунад. Ва ёдам меояд, вақте Тоҷиддин Муҳиддин онро месуруд, шахсан ман гумон мекардам, ки ҳамон сурудаи Аҳмад Зоҳир аст. Вале баъдан дониста будам, ки ин ду таронаҳои гуногунанд, ки ба вазну қофия наздики ҳам мебошанд.
Ҳоло бошад донистам, ки ҳам Абдулаҳмади Адо ва ҳам устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ дар сурудани тарона ғазали Мавлоноро сармашқ қарор додаанд ва ҳатто устод Лоиқ иқтибос аз Мавлавӣ будани мисраи "Ошиқ шудаӣ, эй дил, савдот муборак бод!"-ро таъкид кардаанд.
Ба сурати умум, ҳам Аҳмад Зоҳир ва ҳам шодравон Тоҷиддин Муҳиддин ин таронаро хеле марғубу дилписанд мехонданд.
Моҳниссо Шоҳмузаффар, Душанбе
Ваҳдат бо киву бо чӣ?
"Рӯзгор"-и ин ҳафта дар арафаи рӯзи Ваҳдати миллӣ чоп мешавад ва мехостам ҳамватанони гиромиро ба ин муносибат муборакбод кунам.
Бо гузашти солҳо ҳарчанд мо бештар аз ваҳдати миллӣ ҳарф мезанем, вале мебинам, ки назокатҳои он рӯз дигар нест. Танҳо ду ё се сол мо медидем, ки ҷонибҳои сулҳ бо ҳам ин рӯзро таҷлил мекунанд. Вале баъдтар тоҷи ваҳдат камранг шуд, мо ҷониби дигарро дар аввал камтар ва имрӯз умуман дар гирди хони таҷлили ин рӯз намебинем. Ҳоло намедонем, ки давлати имрӯза бо кӣ сулҳ кардааст, дасти оштӣ сӯи кӣ дароз кардааст? Зеро он дастро намебинем. Пас мантиқан метавон гуфт, ки ҳукумати имрӯз худаш ҷангидаву бо худаш сулҳ кардааст.
Ва хабар ёфтам, ки Наҳзати исломии Тоҷикистон чун як тарафи сулҳ худаш мустақилона рӯзи 24-уми июн рӯзи Ваҳдатро таҷлил кардааст. Зеро боз ҳам аз рӯи шунидам ва хабари расонаҳо ҳукумат ин бор намояндагони ин ҳизбро аслан ба рӯзи Ваҳдат даъват накардааст. Хеле бад аст. Ва гумон мекунам тарроҳони ин сиёсат хеле бехабар аз асли қазияанд ва гумон ҳам намекунанд, ки расидан ба иззати нафси ҳамдигар хуб нест.
Саидбек Амриддинов, Вахш
Бухли адиб бас хатар дорад
Аз китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ хонда будам, ки устоди сухан шикоят дорад: чопи ҳар асарашро ҳамкасбонаш "бо найза" пешвоз мегирифтанд. Ва аз суҳбати духтари адиби номвар Дилафрӯз Икромӣ донистам, ки аксари китобҳои Ҷалол Икромӣ аввал бо русӣ дар Маскав чоп мешуданд ва баъд дар Тоҷикистон. Яъне, хусумату бадбинӣ миёни адибон ҳам будааст. Ва инро аз сӯҳбати "Рӯзгор" бо Абдурофеъ Рабеъзода (Шераки Ориён) низ хондам.
Аҷиб, агар эҷодкорон ин қадар ба ҳам бухл варзанд, мо одамони оддӣ чӣ кунем? Вале боз ҳам меандешам, ки бухл дар тинати одамӣ ҳаст ва бе он шояд нашвад. Вале адибону олимон бухси дигар доранд, бухли кушанда, бухле, ки метавонад истеъдодашонро нобуд созад ва бо ин васила башар бе қутбнамо монад.
Шераки Ориён хеле бо парда сухан гуфтааст ва кас намефаҳмад, ки он адувон киҳоянд ва чаро ӯро фишор меоранду ҳатто хонаву бӯстонсрояшро гирифтаву барнамегардонанд. Вале ман пештар медонистам, ки ин адиб Шамсия ном духтари соҳибистеъдоде дошт, ки ҳанӯз ба синни камолот нарасида, аллакай чандин асараш бо забонҳои хориҷӣ тарҷума ва чоп шуда буданд. Аммо ин духтар хеле ҷавон, душизаву бегуноҳ аз ин олам рафт. Ва он ки фарзанди дуввуму занаш ҳам тарки олам кардаанд, ин мусибати азимест барои як нависанда. Ва боз ин мард зинда аст, ин истеъдод, ин шахсияти матину қавиирода зинда аст.
Барояш барор мехоҳам, чун як хоҳари имонӣ, чун як шахсе, ки хеле назидикам ба адабиёт, шеър, тарона, ҳикоя ва қисса.
Маҳваш
Худоё, муҳоҷиронамро саломат дор!
Рӯйдодҳои Бадахшон дилгирам карданд, намехоҳам дар кишварам ҷанг бошад. Ва боз ин боздошти ба истилоҳ шпионҳо. Моро намегузоранд осуда бошем, маро намегузоранд зиндагии фараҳмандона дошта бошем. Зеро мо худ ғами худро намехӯрем. Беш аз миллион нафари мо дар хориҷ аст ва аксари онҳо толиби шаҳрванди Русия шудан ҳастанд. Безорӣ аз Ватан инсонро ба хорӣ мебарад, вале он хориро қабул доранду бозгаштан ва бо Ватан буданро не.
Хуб шуд, ки Президент ба худ омад ва сохтани қасрҳоро манъ кард. Гуфт, корхона созанд, то мардум дар он кор кунанд. Барвақт бояд ин гуна дастур дода мешуд. Хеле барвақт, ҳатто пеш аз сохтани Парчами баландтарин, ҳатто пеш аз бунёди калонтарин чойхона. Намедонам кӣ дар ин гуна чойхона чой менӯшад, ки ин гуна вақт дорад. Шахсан ман надлорам.
Се писари муҳоҷир дорам ва инак ин се тан чорумин моҳ аст, ки наметавонанд пул фиристанд ва наметавонанд баргарданд. Кор меҷӯянд, намеёбанд. Яъне, дар муҳоҷират ҳам мушкил. Ман орзуи дигар надорам, ман бозгашти саломати онҳоро мехоҳам. Бигзор бе як тин пул, бигзор бе савғо, чун тани шарифашон бузургтарин савғо барои ин модари дилфигор аст.
Марям Олимова, Қурғонтеппа
Танҳоӣ ва дод аз танҳоӣ
Чӣ матлаби хубе хондам дар бораи аввалин қабристони мусалмонон. Ташаккур ба "Рӯзгор", ташаккур ба муаллифи мақола Абдушарифи Боқизода.
Бақеъ чун аввалин қабристони муслимини Мадина дар канори масҷиди Пайғамбар (с) ҷой гирифтааст ва дар он бузургоне чун Усмон ибни Аффон (р), имом Ҳасан, Аббос бинни Абдулмуталиб, духтарон ва аксари ҳамсарони Пайғамбари гиромӣ (с) ва дигар бузургони садри Ислом хобидаанд. Худи ба забон овардани исми ин азизон ёди касро ба замони Пайғамбар (с) мебарад, ки аксари ёрони он бузургвор дар ин қабристон оромиши қалбӣ ёфтаанд.
Дил мехоҳад ба Бақеъ равад ва канори гури он азизон биншинад ва садои қарнҳоро бишнавад. Тасаввур кунад замони Расули Акрам (с)-ро, замони гуcтариши Исломро, замони муҳоҷиратро. Ба ёд орад он ҳалқаҳои илмии замони набувватро, баъди реҳлати ҷонгудози Расули раҳматро ва бигиряд зор-зор дар ҳасрати он замон, ки инсонҳо дарси ҳикмати илоҳиро аз забони Расулаш (с) мешуниданду аз бар мекарданд.
Замоне, ки кинаро бо нури ислом мешустанд, замоне, ки як саҳобӣ дар дилашро медонист ба кӣ гӯяд, ки садои ӯ оромбахши хотираш бошад ва рушанкунандаи роҳаш.
Вале мани оҷиз имрӯз дардамро намедонам ба кӣ гӯям. Агар дар даҳ нафар гӯям, даҳ маслиҳат шунавам, ки ҳич кадоме шабеҳи якдигар нест. Пас ман надорам касе, ки биншинам бо ӯву дарду алам бигӯям.
Танҳоӣ ва дод аз ин танҳоӣ...
Ҳоҷӣ Мусои Амриддин, Хуҷанд
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 25 июни соли 2014
-
22.03.2026 15:27
295
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
427
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
02.03.2026 23:41
262
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
-
26.09.2025 12:42
893
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
1154
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1867
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
24.12.2025 15:30
813
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
822
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
10.12.2025 17:00
771
Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
-
24.12.2025 15:28
574
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1192
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2162
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
15.03.2026 21:06
141
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
-
28.02.2026 22:52
136
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
-
28.02.2026 22:48
326
«Таҳкими қонуният мароми мост!»
-
19.03.2026 23:06
382
Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак бод!
-
19.03.2026 23:04
366
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
-
10.12.2025 17:06
1186
Вазири маориф ва илм дар ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф иштирок намуд
-
10.12.2025 16:56
729
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1064
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1001
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2129
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2205
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3222
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
373
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1714
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1839
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
855
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1018
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1005
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
15.03.2026 21:02
141
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
-
26.07.2025 17:17
1229
«Ҷавонон ва маърифати ҳуқуқӣ!»
-
27.04.2025 14:10
1545
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
07.10.2019 10:46
4212
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4432
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4746
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?










































