13:10:44 05-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мардум мебинанд, ки китоби адиб аз рӯзгори ӯ нест, на мехаранд ва на мехонанд

Китобхонаи миллӣ расолати таърихии худро адо мекунад

Аз чанд гузориши "Рӯзгор" фаҳмидам, ки зарфи як моҳи охир чандин чорабинии муҳими фарҳангӣ дар Китобхонаи миллӣ баргузор шудааст. Аз ҷумла маҳфили Ҳофизхонӣ ва ахиран бузургдошти Саъдии Шерозӣ. Гумон мекунам китобхона нав ба иҷрои расолати фарҳангии худ мепардозад. Ва роҳандозии ин гуна маҳфилҳову ёдбудҳо обрӯи онро ба маротиб боло мебарад ва дар ҳақиқат ба як кохе шабоҳат хоҳад дошт, ки аз он танҳо фарҳанг мерезад. Он чӣ аз гузориши "Рӯзгор" хондаму писандам омад, бо забонҳои русиву туркӣ ҳам қироат шудани ашъори Саъдии бузург буд.

Андеша Комил, донишҷӯ

Юсуф аз Канъон бурун омад азизи Миср шуд...

kitob khonanda 5455665Вақте дар бораи намоишномаи Барзу Абдураззоқов Дон-Жуан дар саҳнаи театри Бишкек хабар хондам, ростӣ ҳисси рашку ҳасад дар ман боло гирифт. Барзу метавонист ин гуна як намоишномаи ҷолиб ва шоҳасари классикиро дар Душанбе рӯи саҳна орад. Вале афсӯс, ки қадрношиносии сарварони фарҳангӣ боис шуд, ки ин ҳунарманди нотакрор тарки Ватан кард ва акнун дар диёри бегона маъруфият касб мекунад. Ҳамон мисраи машҳур ёдам омад: "Юсуф аз Канъон бурун омад азизи Миср шуд...".

Намехоҳам баҳс кунам. Вале ин нуктаро ҳам гӯям, ки мо аслан толиби театр нестем. Ба наздикӣ Нозим Меликов дар театри ҷавонон намоишномаи "Иштибоҳ" аз рӯи асари драматурги фаронсавӣ Албер Камюро ба саҳна гузошт. Дар нахустнамоишаш ҳатто залаш пур набуд. Ҳол он ки ба гумонам беҳтарин ва шоистатарин намоиши рӯз буд. Ва мо агар диламон ба рафтани Барзу месӯзад, пас бояд Нозим Меликов, Қурбони Собир ва даҳҳо ҳунарманди дигарро дастгирӣ кунем, ки онҳо бошанд ва барои мо намоишнома таҳия кунанд. Зеро ҳузури мухлисони зиёд ҳунармандро руҳбаланд мекунад, илҳомашро меорад. Ва ҳамзамон ин дастгирӣ мешавад, дастгирии театр, дастгирии ҳунармандон ва дастгирии санъати асил.

Гулзира Орифова, Душанбе

Зиёӣ ва боз ҳам зиёӣ

Вақте ба сарлавҳаи "Зиёиён парчамбардори маънавиёт" чашмам уфтод, аз баҳси судии Олга Тутубалина ва зиёиёни кишвар ёдам омад, ки зиёиёнро ба таъбири Ленин гуҳ гуфта буд. Ҳар қадар рӯзҳо аз чопи мақолаву баҳси судӣ мегузаранд, ман наметавонам фаромӯш кунам ва на танҳо фаромӯш намекунам, балки мутмаъин мешавам, ки Олга Тутубалина зиёдаравӣ накардааст, балки ҳақи гапро гуфтааст. Ҳарчанд дағалтар омадааст, вале ин ибора мансуб ба Ленин будааст, на ихтирокардаи худ ӯ.

Зиёиёни мо даъво доранд, ки онҳо ин тавр нестанд, вале соле гузашту шахсан ман дар фаъолияти онҳо мардумсолориро надидам. Надидам ва нахондам мақолаеро, ки як адиби машҳур аз вазъи бади зиндагонии мардум навишта бошад. Боз ҳамон устоди бузург Муъмин Қаноат ба ин пириву ранҷурӣ нигоҳ накарда гоҳ-гоҳе ҳақи гапро мегӯяд. Мегӯяд, вале ба ҳамлаи шогирдони нотавонбинашу иддае аз зиёитарошону ба истилоҳ меҳанпарастон рӯ ба рӯ мешавад.

Ман бар ин назарам, ки як сабаби дурии мардум аз адабиёт ин дурии адиб аз ҳаёти воқеъии халқ аст. Адибон ҳаёти имрӯзаро намедонанд ва агар донанд ҳам онро наменависанд. Шояд истиҳола мекунанд, ки аз ҳамин як бурда нонашон ҳам мемонанд, шояд биме аз он доранд, ки ба ҳамлаи матбуотии дигарон дучор мешаванд ва шояд намехоҳанд бо мақомоти давлатӣ мушкил дошта бошанд. Ва мардум мебинанд, ки китоби адиб аз рӯзгори ӯ нест, на мехаранд ва на мехонанд.

Насрулло Ниёзов, Ғончӣ

Надонистем, ки билохира Фрай дар куҷо хок шуд

Хуб шарманда ҳам шудем. Ричард Фрай ҳафтаҳо дар мурдахона хобид ва пайвандонаш интизор монданд, ки кай Эрон тасмим мегирад пайкараи ӯро тибқи васияташ ба Зояндарӯд интиқол диҳад ва чун эрондӯсти асил ба хок супоранд. Вале ҳайҳот, ки низоми Ҷумҳурии Исломӣ ин гуна иқдом накард ва мо ҳам намедонем ин фарди воқеъан дӯсти миллати Эрону форсзабонон билохира дар куҷо оромиш ёфт.

Иддае аз зиёиёни мо ҳам ташаббус доштанд, ки ба ҳукумат муроҷиат кунанд, то ӯро дар Тоҷикистон ба хок супоранд, вале ҳукумати мо ҳам наметавонист ин корро бикунад ва худро дар назари эрониён бад созад, яъне шумо накардед, мо кардем. Бисёр мехостем Ричард Фрайро дар Эрон хокшуда бинем, чун ӯ бо хизматҳое, ки анҷом дод, сазовори ин қадршиносӣ буд. Ва боз дар ҳолест, ки чун ошиқи Эрон васият ҳам карда буд, ки ӯро дар Зояндаруди Исфаҳон дафн кунанд.

Сарварбону Низомова

Иштибоҳи дониста ё надониста?

Дар ин шумораи "Рӯзгор" суҳбат ҷонишини сармуҳаррири муассисаи давлатии сарредаксияи илмии Энсиклопедияи милли тоҷик Баҳодури Раҳматзодро хондам ва аз фаъолияти ин муассисаи давлатӣ огоҳ шудам. Аммо дониста буд ё надониста, ки китоби машҳури ибни Сино Ал-Қонун Ал-қоида чоп шудааст. Надонистам, ки ин хатои муаллифи мусоҳиба, мусоҳиб ё идораи ҳафтанома аст.

Собир Абдуллоев, нафақахӯр

Рӯзгор: Барои таваҷҷуҳи хонандаи азиз Собир Абдуллоев ташаккур. Эродашон дуруст ва мо ҳам нав онро дидем. Он на иштибоҳи муаллифи мусоҳиба ва на мусоҳиб, балки иштибоҳи техникии идора аст, ки маъзарат мехоҳем. Таҳқиқ кардем, ки вақти чоп хато рафтааст.

Муаммои сарбастаи ҷанг бисёр аст

Ҷанги шаҳрвандии мо садҳову ҳазорҳо муаммои нокушода доштааст. Аз "Гуфтугӯи тамаддунҳо" ва мақолаи Раҷаби Мирзо дарёфтам, ки дар Афғонистон танҳо мардуми бечора сар ба паноҳ набурда будаанд. Балки дар миёни онҳо даҳҳо афсарони хадамоту мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ҳузур доштаанд, ки муассиси "Рӯзгор" Султони Ҳамад низ аз ҳамин қатор будааст. Ман инро намедонистам ва ин донистам, ки даҳҳо ин гуна инсонҳо низ пешопеши тири силоҳбадастон рӯ ба фирор овардаву дар хоки Афғонистон паноҳ бурдаанд.

Ростӣ меҳрам ба Афғонистон афзуд. Агар мо он солҳо Афғонистон намедоштем, пас ин сад ҳазору 80 ҳазор ҳам зери танку тӯпи гуруҳҳои силоҳбадаст нобуд мешуданд? Ба дарё ғарқ мегардиданд?

Як дӯстам, ки 4 сол дар Мазори Шариф буд, қисса мекард, ки чун афғонҳо худ ранҷи муҳоҷират ва ҷабри инро дида буданд, бархӯрдашон ошно буд. Онҳо ҳич миннат намекарданд, ки тоҷиконро нон додаву макон. Балки шод буданд, ки тоҷикон мисли онҳо дар Покистону Эрон азоб намекашанд, балки чун ватани худ озодона иқомат доранд.

Ҳатто вай аз Аҳмадшоҳи Масъуд ёд овард, ки гуфтааст, ин хонаи дуюми шумост, тасаввур кунед, ки аз хонае ба хонаи дигаратон омадаед. Чӣ сухани бузург аст. Ва хуб шуд, ки Афғонистон буд, вагарна талафоти ҷангии мо ба маротиб меафзуду ин доғи шармандагӣ шуста намешуд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №17, 30 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi