16:17:53 18-уми Августи 2018 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Август 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Молер дар "Дон-Жуан" нақшеро махсус барои худ навишта аст

Салом ба ҳамаи хонандагони азиз. Бештари номаҳо ва зангҳои телефонии ин ҳафта пурсишиву дархостӣ буданд, ки дар бахши "Пурсишеву посухе" қисман истифода шуданд. Аз дархостҳои пешин дар шумораи гузашта як матлаб дар бораи номгузорӣ чоп кардем.

don-zhuan 454445Хонандаи мо Муҳаммадраҷаб аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ суол карда буд, ки ба фарзанд кадом номи исломиро монем? Мақолаи "Номгузорӣ дар Ислом" посух ба ҳамин савол буд. Аммо аз мутолиаи мақола боз суолҳо пайдо шуданд, ки дар зер мехонед ва посухи онҳоро низ баъдан хоҳем дод.

Сар аз ҳамин шумора дархости хонандаи худ Саодат Холмирзоева аз ноҳияи Ёвонро амалӣ мекунем. Эшон хоста буданд, ки баъзе матлабҳои шумораи пешомадро аз қабл муаррифӣ кунем. Агар ба ҳамин саҳифаи «Рӯзгор ва хонанда» дуруст таваҷҷуҳ кунед, инро хоҳед дид.

Ва инак, номаҳои дигар:

Қаҳрамонони сунъӣ фаромӯш мешаванд

Фоҷеаи Қаҳрамони Афғонистон ва аввалин кайҳонаварди ин кишвар нуктаҳои зиёди омузанда дорад. Абдулаҳади Муманд сарнавиште доштааст, ки бояд ба ҳама дигар афроди хориҷипарасти як кишвар дарси ибрат шавад.

Ӯро Шӯравӣ ба кайҳон баровард, чун одами худ парвариш кард, ба камол расонд. Вале дар ҳоли зарурат қурбонаш кард. Баъди он ки дид аз он ба баъд дар Афғонистон наметавонад бимонад, ҳатто ин парвардаи худро, ки барояш ҳатто унвони Қаҳрамони Шӯравиро ҳам лоиқ дониста буд, напазируфт. Ин дар ҳолест, ки ҳазорҳо марду зани афғонӣ он замону ин замон дар сарзаминҳои қаламрави Шӯравии собиқ соҳиби кору зиндагонии шоиста ҳастанд. Агар Муманд дар ҳақиқат қаҳрамон мебуд, ба Шӯравӣ ба кор меомад, вале чун ин унвон танҳо ҳадафи сиёсиро дунбол мекард ва он сиёсат акнун шикаст хӯрда буд, Муманд ҳам даркор нашуду Наҷиб ҳам.

Ин сарнавишт ҳушдорест ба ҳар бегонапараст хоҳ дар Афғонистон бошад ва хоҳ дар Тоҷикистон, ки қадри ифодаи манфиати як бегона беш аз ин нест. Инсон дар мамлакати худ инсон аст, Ватани шахс ҳамон ҷоест, ки ба гуфтаи солмандон хуни нофаш дар он рехтааст. Аз ин Ватан, ки ронда шуд, қадраш дигар пайдо намешавад.

Хуб аст, ки Муманд бо ҳар азоб ҳам бошад соҳиби обруи худ аст ва Худованд хораш накардаст. Аммо ҳазорҳо ҳамватани мо имрӯз пайи ҷустуҷӯи пораи нон дар Русия ва дигар мамоликанд, ки рӯзе бояд баргарданд. Ва агар онҳо профессору академик ҳам шаванд, дар он кишвар бегона мемонанд.

Абдусамеъ Давлатҷонов, Ҳисор

Чаро сохторҳои давлатии Тоҷикистон зуд-зуд дигаргун мешаванд?

Коргардони шинохта Сафарбеки Солеҳ ба Кумитаи радио ва телевизион додани бахши синаморо иштибоҳ донистааст. Ин воқеъият аст. Зарфи ин бештар аз 20 соли истиқлолият мо борҳо сохторҳои давлатиро тағйир додем ва дар аксари ин мавридҳо баъди гузашти муддате дарк кардем, ки ин кор иштибоҳ буд. Аввали соли ҷорӣ ҳам сохтори баъзе вазоратҳо тағйир ёфтанд. Ва боз шоҳид хоҳем буд, ки муддате пас иштибоҳӣ будани онро дарк мекунем. Аммо афсӯс, ки дер мешавад.

Гулзира Назарзода, Душанбе

Маъруфияти Барзуи барои Тоҷикистон нодаркор дар Қирғизистон

Дар суҳбат бо Сафарбеки Солеҳ, ки шахсан ӯро мешиносам ва эҳтиромаш мекунам, дар бораи зарари ҷуброннопазири аз Тоҷикистон рафтани мағзҳои мутафаккире чун Барзу Абдураззоқов хондам. Гумон мекунам Сафарбек хеле дуруст мегуфт. Ва ҳақ, ки Барзу ба мо нодаркору ба қирғизҳо даркор шуд.

Вақте мусоҳибаро мехондам, ба навиштаи шоири хуби мо Сиёвуш чашмам афтод, ки дар саҳифаи Фейсбуки худ менавишт: "Бо иҷозаи дӯстон имрӯз аз тафсилот худдорӣ мекунам. Ҳоло ҳарфе надорам. Таассуротамро баъдан мегӯям. Танҳо бо як ҷумлаи як мунаққиди театри Қирғизистон иктифо мекунам. Вақте баъд аз нахустнамойши "Дон Жуан"-и Барзуи Абдурразоқ аз ин хонуми коршинос суол кардам "Эже (вожаи қиргизӣ, ки маънои хоҳари бузург, апа-ро дорад), чӣ тур буд?" Гуфт: "Я думаю, Молер был бы доволен!" Инро эже-хонум дар ҳақи намойшиномае гуфт, ки як асари барои худи Молер маҳбуб буд. Бино ба гуфтаи Барзу, Молер ҳатто дар ин намоишнома нақшеро махсус барои худ навишта аст. Ва инро касе гуфт, ки назари ӯ, фикри ӯ дар маҳофили театрии Қирғизистон дараҷаи ҳукмро дорад!

Ин низ нагуфта намонад, ки дар нахустнамойиш мақомоти олии Қирғизистон - Дониёр Норинбоев, раиси дафтари раёсати ҷумҳурӣ, Комила Толиева, вазири фарҳанг, Худойберген Бозорбоев, вазири тавсиъаи иқтисодӣ, Чинибек Турсунбоев, раиси фракцияи сотсиал-демократӣ дар Парламенти Қирғизистон, Султон Раев, вазири собиқи фарҳанги Қирғизистон, суфаро ва дипломатҳои кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Фаронса, Олмон ҳузур доштанд".

Хондам ва гуфтам: Зиҳӣ Барзу!

Ҳомид Шамсиддинов, Ҳисор

Одам набояд Нор номида шавад. Ё ғалат гуфтам?

Аз матлаби "Номгузорӣ дар Ислом" хушам омад. Кайҳо мехостам ҳассосияти номгузориҳо дар Исломро донам. Шунида будаму нахонда. Ҳоло хеле чизҳоро фаҳмидам. Акнун иншооллоҳ иштибоҳ намекунам. Ба ин ҳадиси қудсӣ таваҷҷуҳ кунед: Зишттарин ном назди Худованди мутаъол дар рӯзи қиёмат мардуст, ки худро Шоҳаншоҳ, Шоҳи шоҳон ном ниҳода бошад, дар сурате, ки фақат Худованди таъоло морлик ва соҳиби ин ҷаҳон аст". Намедонам касе худро шоҳаншоҳ меномад ё не, вале дар деҳаи мо марде мезист, ки худро аз такаббур Авлиё меномид. Аммо авлиё гуфтанаш таҳқиромез ҳам буд.

 Баъзеҳо дар мо Нор ё Нормаҳмад ном доранд, ки агар дуруст бингарем хеле бад аст. Нор оташ аст, магар мешавад, ки инсон номи фарзандашро оташ монад?

Аммо мехостам ин мавзуъ идома дошта бошад. Мехостам мақолае хонам, ки шакли дурусти номҳои Худовандро, ки ба фарзандон мегузоранд, нависанд. Зеро медонам, ки Раҳмону Субҳон номидан нодуруст аст. Пас чӣ гуна бояд бошад?

Муслим Олимҷонов, Қубодиён

Матлаби "Рӯзгор" ёдамро ба солҳои ҷавонӣ бурд

Вақте аз шумораҳои гузаштаи "Рӯзгор"  идомаи матлаби "Аҳмад Зоҳир ва сад шоир"-ро мехондам, ёдам омад, ки мо худ шоҳиди назиранависиҳои шоирони мо бар ғазали  Абдулаҳмади Адо будем. Дар нашрияи адабии он замон шеърҳои зиёде чун ҷавобия ба ғазал интишор ёфтанд, вале воқеъан ҳам ғазали устоди шодравон Лоиқ олитарин назира буд, ки шумо овардед.

Кас бисёр мехоҳад ин гуна баҳсҳову назиранависиҳо аз сар гирифта шаванд ва адибон каме ба шӯру шавқ оянд ва бо илҳом нависанду мо хонем. Афсӯс, ки нест имрӯз мисли Адо шоире, ки ин кори хайрро шуруъ кунад.

Назира Мирзоева, омӯзгор

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №16, 23 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1