06:54:05 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Духтарон аз хурдӣ омода бошанд, ки рӯзе бояд модар шаванд

Салом ба ҳамаи азизоне, ки ҳафтаи сипаришуда бо "Рӯзгор" буданд. Дар оғоз чанд сухан мехостем дар бораи саҳифаи "Пурсишеву посухе" бигӯем. Хонандаи мо Шамсиддин Назарзода аз шаҳри Хуҷанд аз аввалин оромгоҳи мусалмонон суол карданд.

modar 254122655Хостанд додананд, ки аз кай ва чӣ гуна қабристони мусалмонон аз дигарон ҷудо шуд. Посухи суол тақозо дошт, ки дар ин масъала як мақола ҷудогона интишор шавад, чун мавзуъ доманадор ва донистани он барои ҳар фарди мусалмон зарур аст. Вале мо як посухи хеле кутоҳро дар ин саҳифа ҷо кардем ва мақолаи Абдушарифи Боқизода, муфассири Қуръонро дар ин бора дар яке аз шумораҳои ояндаи "Рӯзгор" чоп хоҳем кард.

Он чизе ки мехостем иловатан бигӯем он аст, ки аз хонандагон хоҳиш кунем суолоти худро мушаххас нависанд ва кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки бештар аз масоили илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва динӣ пурсанд.

Ин ҳафта мо 12 савол дарёфт кардем, ки ба 4 савол ин ҷо посух додем. Панҷ саволи дигарро барои ҷавоб навиштан ба шахсон ва вазоратҳо равон кардем. Се савол комилан номушаххас буд ва аз онҳо сарфи назар шуд. Вале бо муаллифонашон телефонӣ дар тамос шудем ва иллатро барояшон гуфтем. 

Дар шумораи гузашта номаи хонандаи мо Садбарг аз шаҳри Қурғонтеппа чоп шуда буд, ки аз саҳифаи "Ҳамешабаҳор" ва маҳфили Хайрандеш мепурсид. Садбарг менавишт: "Хуш будам, ки пайваста аз тариқи "Рӯзгор" аз ин маҳфил огоҳ мешудам ва ашъори ширкаткунандагонашро ҳам мехондам. Мутаассифона, ҳар шодӣ интиҳое доштааст ва ҳоло мебинам, ки чанд шумора ба инҷониб "Ҳамешабаҳор" дар "Рӯзгор" чоп намешавад. Шояд маҳфил қатъ шуд ё матлаби он интишор намешавад. хулоса барои мо номуайян аст. Мехостам донам, ки сабаб чист"?

Ва айнан ба ҳамин савол мо ба худи Хайрандеш муроҷиат кардем. Посух дод, ки маҳфил дар ҷараён аст, вале мушкиле пеш омадааст, ки саҳифаи "Ҳамешабаҳор"-ро наметавонад омода кунад. Мушкили сирф техникист ва тасмим дорад аз аввали сентябр ба ин масъала расидагӣ кунад. Яъне, шумо саҳифаи "Ҳамешабаҳор"-ро дар "Рӯзгор" сар аз моҳи сентябр хоҳед хонд. Албатта, агар мушкилоте, ки Хайрандеш гуфт, роҳи ҳалли худро пайдо кунад.

Ва инак, муруре ба номаҳои расида:

Ёди театри солҳои донишҷӯӣ

Қурбоналӣ Раҳмонов аз зумраи сарояндагони писандидаи мардум аст. Солҳост ӯро гӯш мекунам, вале боре ҳам аз наздик надидаам. Дурии роҳ моро аз дидори ҳунармандон маҳрум мекунад.

Солҳои донишҷӯӣ қариб ҳар ҳафта театр мерафтам. Толори холиро дида дилам зиқ мешуд, вале медидам, ки ҳунармандон барои 10 кас ҳам бошад, тавре саҳнадорӣ мекарданд, ки гӯё он пури одам аст. Аслан мо санъаткорони хуб зиёд дорем, вале миллат ҳоло дар ғами нону об аст, ки аз куҷо ёбаду фарзандонаш гуруснаву ташна намонанд.

Ду моҳ қабл пойтахт рафта будам. Ба театри Лоҳутӣ сар задам, мутаассифона он рӯз намоиш надоштанд. Дами дар ҳунарманди дӯстдоштанӣ Шералӣ Абулқайсовро дидам ва аз ӯ пурсидам. Гуфт, ки фардо барнома дорем. Вале мутаассифона, ман наметавонистам фардоро мунтазир бошам. Баргаштам ба деҳа. Баъзан дили инсон чиҳое мехоҳаду наметавонад дастрас кунад.

Олим Соҳибназаров, Дарбанд

Ишқ ҳам мегузарад...

Таронаҳои Фарзонаи Сафариён хушам омад. Хеле самимиву дилрас. Гумон мекунам нависандаи хуб мешавад, агар ба гуфтаи устоди шодравон Худойназар Асозода истеъдодашро сайқал диҳад. Аммо баъзан донишҷӯёни соҳибистеъдод баъди хатми донишгоҳ вориди зиндагии дигар мешаванд ва таронасароиро ҳам фаромӯш меакунанд. Аз навиштаҳои Фарзона ҳамон бӯи муҳаббат ба зиндагӣ меояд ва баъзан маҳзункунанда. Ин табиист, дар ин синну сол маъмулан ишқу ҳавас ба ҳам меоянд ва баъзан душвор мешавад дарк кард, ки ишқи асил кадом аст. Ҳамон ишқ бо Худованд асил ва номурданист, боқӣ ҳама аз байн мераванд.

Ситора, омӯзгор

Кош мулло Ҳайдарҳо барвақт носеҳи мардум мешуданд...

Ба гуфтаҳои устод Иброҳим Усмон ҳамнавоям. Дуруст гуфтаанд, ки ҷанг бадбахтист. Ҷанг набошад сулҳ ҳам даркор нест.

Ҳамаи касоне ки ҷангро сар карда буданд, билохира пушаймон шуданд. Ҳатто домулло Ҳайдарро бинед чӣ гуфтааст: "Онҳое, ки ба ҷанги Сурия мераванд, ба 4 китоби Худованд муқобил мебароянд. Сиёсати давлат аст, ки пеши роҳро мегирад, вагарна инҳо дар ҳамин ҷо хеста чӣ корҳое накарда истодаанд..." Кош ин домулло ҳамин гапи 4 китоби Худоро  соли 1992 мегуфт. Ё он вақт ин китобҳоро намедонист?

Сайрам Носирова, Восеъ

То кай бе барқ биншинем?

Аз зиндагии бебарқи деҳот мехоҳам бинвисам. Ҳасад мебарам ба сокинони пойтахт, ки 24 соат барқ доранд, вале вой бар мо, ки беш аз ниме аз шабонарӯз дар хонаҳои сарду торик ба сар мебарем. Ҳукумати Тоҷикистон 10 шабакаи телевизионӣ ҳам дошта бошад, фоида надорад, чун 90 дар сади Тоҷикистоон аз тамошои барномаҳои он аз бебарқӣ маҳруманд. Мо аслан як ҳаёти бенуру зиёро пушти сар мегузорем. Фарзандонамон дар рушании шамъ дарс мехонанд, баъзан аз беҳезумӣ наметавонем барояшон таоми гарм пазем. Намедонам ин ҳол то ба кай давом мекарда бошад?

Ҳар сол зимистон ба умедем, ки ақалан дар баҳору тобистон соҳиби барқу рушноӣ мешавем. Вале имсол ин гуна умед ҳам надорем. Ними баҳор гузашту лимит барҳам нахӯрд. Баҳонаи "Барқи тоҷик" зиёд. Гоҳ беобиву гоҳ чизи дигар.

Марзия, Бохтар

Суҳбат дар "Рӯзгор" кам шуд

hoshim-gado_548455554.jpgСуҳбатҳои "Рӯзгор" бо ходимоти театру кино кам шудаанд. Ҷойи ин гуна суҳбатҳои хубро мақолаҳо гирифтаанд. Гумон мекунам мақола шавқовар аз суҳбат нест. Пас бояд "Рӯзгор" ба гузаштаи худ баргардад. Шахсан ба ман аз нақл дар бораи ҳунарманде хондани суҳбати ӯ писанд аст. Мехостам бо Ҳошим Гадо суҳбат хонам. Ин ҳунарманд ва нобиғаи театр ба синни пирӣ расида бошад ҳам ҳамоно аз саҳна нарафтааст. Порсол моҷарои хонаи сардаш пахш шуда буд. Вале номаълум монд, ки хонаашро таъмир карданд ё на. Чаро инро напурсем?

Чаро мумкин нест аз ҳаёти шахсии ҳунармандон, зиндагонии оилавии собиқадорони ҳунар, ки дарси ибратанд, суҳбатҳо бо худи онҳо ё ҳамсарону пайвандонашон чоп накунем? Бовар кунед ин хеле муҳим аст.

Шоҳин Иззатбеков, омӯзгор

Дар тарбияи фарзанд набояд умед ба мактаб баст

Духтархолаам баъди се моҳи тӯяш ба хона баргашт. Натавонист дар хонадони шавҳараш зиндагонӣ кунад. Сад баҳона пеш меовард. Аз дағалмуомилагии хушдоман, то беҳурматии шавҳараш. Намедонистем ба кадом гапаш бовар кунем. Мӯсафеди падараш хомӯшона гӯш меандохту мегуфт: сабр, ки накардӣ, умре наметавонӣ соҳибхона шавӣ.

Мақолаи "Танҳо барои ҷавонписарон"-ро хондаму ҳамин рӯйдод пеши назарам омад. Мо наметавонем фарзандонро ба ҳаёти мустақилона омода кунем. Нозпарварӣ дар хонадон онҳоро ба сахтиҳои оянда мутобиқ намекунад. Ин хеле бад аст. Духтарон бояд аз синни хурдӣ омода бошанд, ки рӯзе бояд модар шаванд. Албатта, ба онҳо наметавон дар он синну сол ин гуна гуфт, вале омода бояд кард. Чӣ гуна? Дар сахтӣ зистану тоб овардан ба мушкилот. Пӯхту пазу рӯбичини хона. Агар духтар аз хурдӣ вобаста ин кор нашавад ва волидон гӯянд, ки ҳоло ҷавон аст, баъд ёд мегирад, бовар кунед аслан ёд намегирад.

Муҳити мактаби имрӯза мактаби замони интернет аст ва фарзандон дар ин муҳит бад калон мешаванд. Вале агар пойдевори тарбияи оилавӣ аз хурдӣ мустаҳкам бошад, мешавад, ки назорат кард, мешавад умед баст, ки муҳити нав камтаъсир хоҳад буд.

Аз ин рӯ чун омӯзгор хоҳиш мекунам аз волидони арҷманд, ки дар тарбияи фарзандонашон фақат ба умеди мактаб нашаванд. Кӯдак 6 соат дар мактаб аст, боқӣ 18 соат бо онҳост. Мо бо ҳам метавонем фарзандро солим ба камол расонем.

Шарофат Қароева, омӯзгор, Ваҳдат

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №15, 16 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi