14:22:19 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Дар ҷомеаи фасодзадаи мо лимити ройгон ҳам ба соҳибмансабону сарватмандон насиб мешавад

Ба ҳамаи дӯстону ҳаводорон ва хонандагони арҷманди “Рӯзгор” салом арз мекунем. Изҳори ташаккур аз ҳамаи онҳое, ки ин ҳафта ҳам бо мо буданд, бо зангҳои телефониву бо номаҳо андешаҳои худро атрофи мақолоти нашрия иброз доштанд. Ҳар пешниҳоду дархост ва ҳар арзи матлаб барои мо қиммати азим дорад.

ruzgor-haftanoma-655455

“Рӯзгор” навсафари роҳи матбуот аст, ба дили хонанда роҳ меҷӯяд. Аз ҳар занги телефониву номаҳои шумо дармеёбем, ки он маҳбубияте касб кардааст ё на. Ва мебинем, ки шумораи хонандагони мо аз рӯз ба рӯзу аз ҳафта ба ҳафта ва аз моҳ ба моҳи дигар рӯ ба афзоиш дорад.

“Рӯзгор” дар Тоҷикободу Хуҷанд

Ин ҳафта ду занги телефонӣ аз Тоҷикободу Хуҷанд доштем ва хушҳол шудем, ки ду хонандаи қадрдон ҳам пайдо кардем. Аз он ки мутолиа кардаанду занг заданд.

Мӯҳсин Табаров аз Тоҷикобод дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки бори аввал “Рӯзгор”-ро харида ба зодгоҳаш бурдааст ва аз хондани он хуш шудааст, ки боз як нашрияи адабӣ канори “Адабиёт ва санъат” рӯи кор омадааст, ки бештар дарди адабиёту фарҳангро менависад ва мушкилоти бефарҳангиро дар миён мегузорад. Ба ин хонандаи мо гӯшаи “Пурсишеву посухе” мавриди писанд уфтодааст ва зимнан саволеро ҳам ироа кард, ки ҳафтаи оянда дар ин саҳифа посухашро хоҳем дод.

Модари азиз Ҳабиба Азизмуродова аз ноҳияи Зафаробод сӯҳбат карданд. Гуфтанд аслан сокини Зафарободанд, вале ҳоло дар Хуҷанд беморбонӣ мекунанд. Духтарашон Муниса ранҷи гурда дорад ва ҳоло дар бемористони шаҳрӣ мехобад. Хоҳиш карданд, ки зимнан ба табиби ҷарроҳ Мирзамон Мирсоқов, ки барои наҷоти духтарашон аз табу тоби ин маризӣ заҳмат мекашад ва як инсони хоксору марди донишманд ва табиби ҳозиқ аст, аз номашон изҳори миннатдорӣ кунем. Ин модар гуфтаанд, ки мо агар дар бораи табибон ҳам бештар нависем, чуноне дар шумораи гузашта аз ҷарроҳии қалб мусоҳиба чоп кардем, хеле хуб мешавад.

Албатта, пешниҳоди модари азиз Ҳабиба Азизмуродоваро ба ҷон мепазирем ва хоҳем кӯшид, ки дар ин мавзӯъ минбаъд таваҷҷӯҳи бештар кунем. Ва зимнан ба духтарашон шифои комил аз даргоҳи Худованди ҷаҳониён хосторем ва табиб Мирзамон Мирсоқовро ҳам ташаккур мекунем, ки кӯшои сабук кардани дарди як бандаи мӯъмин асту мебинем аз корашу хислату рафтораш беморону бемордорон хушҳоланд.

“Рӯзгор” вориди дарсхонаҳо мешавад

Саидмуроди Холмуҳаммад ҳам аз Восеъ дар даст шумораи навбатии “Рӯзгор” занг зад ва гуфт, ки афсӯс мехӯрад, ки аз шумораи аввал онро пайдо накарда буд. Саидмурод муаллими фанни адабиёт аст ва мегӯяд метавонад аз он ки чанд шумораи “Рӯзгор”-ро дорад, баъзе матолиб, аз ҷумла охирин нафаси Лоҳутиро дар дарс ба хонандагон истифода барад.

“Мо дар китобҳои дарсӣ танҳо дар бораи рӯзгори адибон чизҳои маъмулиро мехонем ва ба хонанда дар доираи он дарс мегузарем. Вале агар хонандагон донанд, ки ин ё он адиб чӣ сухани вопасин гуфтааст ва ё дар рӯзгори хонаводагиаш чӣ мушкил доштаву чӣ осонӣ ва дар ҳаёти воқеъии берун аз навиштанҳо чӣ рӯзгоре доштааст, чӣ хуб аст. Саидмуроди Холмуҳаммад гуфт, ки дар атрофи мақола дар бораи охирин ҳарфи Лоҳутӣ як дарс гузаштааст. Ва ҳоло аз он хуш аст, ки дар ин шумора дар бораи устод Айнӣ матлаби ҷолиби дигар нашр шудааст.

Боз ҳам ташакур ба ин хонандаи арҷманд. Хеле шодем, ки матлаби интишорёфта қобили пазириш ва матлаби дарсӣ шудааст. Дуруст аст, ки хонандаро баъзан аз доираи китобҳои маъмулӣ берун бояд бурд, то тафаккураш рушд кунад, то бештар донаду ҷӯёи дониш бошад. Ва дар ҳақиқат матлаби интишорёфтаи “Сталин: Лаврентий не дури, Айни  не виновен!” як чизи тоза аст, шояд назири он пештар чоп шуда бошад, вале ҳоло он як пажуҳиши нав аст ва метавонад барои хонанда ҷолиб бошад. 

Хонанда бо сармуҳаррири  “Рӯзгор” баҳс мекунад

Ин ҳафта хонандаи мо бо номи Бозоралӣ, ки дар бозори «Саховат» хайёт шуда кор мекунад, дар сӯҳбати телефонӣ бо муаллифи пажуҳиши “Аҳмад Зоҳир ва сад шоир” Султони Ҳамад вориди баҳс шуд ва ин баҳс боис гардид, ки дар бораи як таронаи дигари марҳум Аҳмад Зоҳир ҷузъиёти тоза кашф шавад. Сӯҳбати Бозоралӣ маҳбубияти Аҳмад Зоҳир миёни мардумро бори дигар ба намоиш гузошт ва дарк кардем, ки дар ҳақиқат ин хунёгари нотакрор бо таронаҳои худ то кадом ҳад дар умқи дили мухлисонаш роҳ ёфтааст. Бо гузашти даҳсолаҳо ҳамоно ӯро дақиқназарона гӯш мекунанд.

Бозоралӣ дар сӯҳбат гуфт, ки Аҳмад Зоҳир дар як таронааш байтеро аз Раҳии Муъайярӣ илова кардааст, ки мо шояд хабар надорем. Гуфтем кадом байт аст он. Посух дод, ки ин байт:

Расми дурангӣ оини мо нест,

Якранг бошад рӯзу шаби ман.

Дар ҳақиқат ин байт дар суруди “Зиндагӣ чист? Хуни дил хӯрдан” вуҷуд дорад ва муаллифи пажуҳиш  бехабар буд, ки он моли Раҳии Муъайирист. Зеро матни ҳамин суруд то ба ҳол муаллиф надорад. Ба дигар маънӣ ҳамаи муфассирону пажуҳишгарони осори Аҳмад Зоҳир дар мавриди муаллифи матни суруди мазкур чизе нанавиштаанд ва то ҳол маълум нест, ки Аҳмад Зоҳир онро аз кӣ ё аз куҷо гирифтааст. Ва боз: ин услуби Аҳмад Зоҳир аст, ки метавонад дар як тарона аз чанд шоир байтҳои парешонро гирд оварад ва бихонад. Дар ҷараёни пажуҳиши осори хунёгари мумтоз борҳо ин мушоҳида шудааст.

Ҳамзамон дар рафти сӯҳбати телефонӣ бо Бозоралӣ, мунтахаби ашъори Раҳиро боз кардем ва аз миёни ғазалҳо ғазалеро бо номи «Мактаби ишқ» ёфтем, ки дар он ин байтро пайдо намудем. Ва ҳамзамон аз Бозоралӣ пурсидем, ки ӯ ин ғазалро аз куҷо хондааст. Посух дод, ки китобе дорад бо номи “Ганҷи ғазал”, ки бо кӯшиши шоири машҳури Эрон Маҳдии Суҳайлӣ чоп шудааст ва дар намуна аз осори Раҳӣ ин ғазал омадааст. Вақте Аҳмад Зоҳир месуруд, ба ёдаш ин байт омад ва ҳоло ба мо дар тамос шуд, ки шояд мо надонему  ба мо бигӯяд.

Воқеъан барои мо ин як бозёфти хеле ҷолиб буд ва ба хулосае расидем, ки пажуҳиши осори мусиқиву суруди Аҳмад Зоҳир поён намепазирад. Ҳар қадар жарфтар меравем, чизҳои тозаву ҳайратангез пайдо мекунем. Дар суруди “Зиндагӣ...”дар ҳақиқат ин байт аз Раҳӣ роҳ ёфтааст, вале то ҳол муаммост, ки худи матни тарона моли кӣ бошад.

Хонанда эрод мегирад ва ӯ ҳақ аст

Амрия Шукрихудо аз Хоруғ мегӯяд, ки “Рӯзгор” аз фавти нобаҳангоми падари сарояндаи дӯстдоштаи ӯ Фарзонаи Хуршед хабар надод ва матлабе чоп накард. Ва мепурсад, ки чаро?

Эроди хонандаро қабул дорем. Ҳоло ҳам фурсат ҳаст, ки ба падари Хуршеди марҳум Ҳабиб Рабиев изҳори тасаллият намоем. Сармуҳаррири “Рӯзгор” дар маросими фотеҳаи Худораҳматӣ ҳузур дошт ва ба қиблагоҳи Хуршед арзи тасаллият намуд. Ва ҳоло бо истифода аз фурсати муносиб як бори дигар аз номи худ ва хонандагони арҷманди худ ба сарояндаҳои шинохта Фарзонаву Шабнам, бонуи ҳунар ва модари ин хонадон Сурайё Қосимова ва падари марҳум Ҳабиб Рабиев даргузашти ногаҳонии Хуршедро тасаллият арз мекунем. Худованд фирдавси баринро макони ҳамешагиаш қарор диҳад ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил ато фармояд. “Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем”.

Ҳабиб Рабиев аз ҷумлаи шахсиятҳои шинохта ва хидматкардаанд. Қабл аз ин ҳам тасмим доштем бо эшон сӯҳбате дошта бошем, вале ҳамеша бо сабабе он баргузор намешуд. Ҳоло кӯшиш хоҳем кард дар наздиктарин фурсат ин кор анҷом гирад ва дар ҷараёни сӯҳбат ҳатман аз Хуршеди марҳум, хонаводаи ӯ низ суол хоҳад шуд. Интизор бошед!

Хонандаи “Рӯзгор” табобати ройгонро афсона медонад

Дар ин нома хонанда андармони шубҳа шудааст ва тааҷҷуб мекунад, ки духтур аз табобати ройгон ва боз ҷарроҳии қалб сухан меронад. Ва боз дар Тоҷикистони имрӯза.

“Сӯҳбати ҷарроҳи қалб, доктори илми тибб, профессор Алиҷон Ғоибов маро ба андеша водор кард. Аксаран дар кишварҳои муттараққии олам ташхису таҳқиқ шудааст, ки кадом қишр ё табақаи аҳолӣ ва ё намояндагони кадом касбу кор ба бемориҳои дил бештар мубтало мегарданд. Аммо дар ҷумҳурии камбизоати мо ин кор амалан номумкин ба назар мерасад. Ва профессор ба саволи хабарнигор дар ин маврид посухи дақиқ надодааст. Маълум мегардад, ки ин навъ пажуҳишҳо гузаронида намешаванд, шояд аз он бошад, ки маблағу воситаҳо талаб мешавад. Вале намешавад, ки хотирҷамъ буд ва гуфт, ки чун мо маблағ надорем, пас намекунем. Бояд таҳқиқ шавад ва бояд тибқи таҳқиқот амал кард.

Аз ҷониби дигар профессор Алиҷон Ғоибов мегӯяд, ки ҳукумати шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст амали ҷарроҳии 150 бемори мубтало ба касалии дилро аз миёни оилаҳои камбизоат маблағгузорӣ кунад. Лекин метарсам, ки дар ҷомеаи фасодзадаи мо ин лимити ройгон ҳам ба соҳибмансабону сарватмандон насиб шавад. Басо мушкил аст, ки камбағале ба листи шаҳрдорӣ роҳ ёбад ва роҳ ҳам агар ёбад ҳамонҳое хоҳанд буд, ки дар долонҳои ҳукуматӣ хешу табори наздик доранд. Албатта, фарзияи ман рад карда мешавад ва посух хоҳанд дод, ки ҳаргиз чунин нест. Вале мо ба воқеъият кор дорем ва чашмамон онро мебинад”.

Таваккал Нусрат, Ваҳдат

Хонандаи интизори “Рӯзгор”: Сталин чӣ гуна Айниро аз марг наҷот дода бошад?

Бузургони ин миллат ҳама азияткашидагонанд. Ман дар бораи устод Айнӣ ва талошҳояш барои бақои забону миллати тоҷик хеле зиёд хондаам ва хуб медонам, ки мисли устод Айнӣ кам касоне буданд, ки дар ҳамон замони истибдодӣ талоши забон, хат ва миллат кунанд. Аммо устод Айнӣ ба хотири бақои ин миллат ва мушти маҳкам задан ба даҳони пантуркистон асари машҳури худ “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро навишт ва исбот кард, ки тоҷикон миллати қадимитарини Осиёи Марказианд ва сазовори он мебошанд, ки давлати мустақил дошта бошанд.

Ин иқдом боиси душмании пантуркистон шуда буд ва асосан касоне, ки устодро санг мезаданд ва мехостанд бо тӯҳмат нобуд созанд, ҳамин афрод буданд. Вале натавонистанд.

Мақолаи “Сталин: Лаврентий, не дури, Айни не виновен!” шояд паҳлуҳои тозаи зиндагиномаи Қаҳрамони Тоҷикистон, Садриддин Айниро боз мекунад. Дар шумораи гузашта бахше аз муколама бо фарзанди устод, марҳум Камол Айниро хондам ва аз сарлавҳа дида мешавад, ки маҳз Сталин ба ҳимояи ин абармард баромадаст ва ӯ буда, ки аз тӯҳмат алломаи замонро наҷот додааст. Мунтазир мешавем, ки нақли Камол Айнӣ ба чӣ меанҷомад.

Насриддин, омӯзгор, Ҳисор

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №20, 16 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi