06:32:55 19-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Занон магар гунаҳгоранд, ки фиреби мардон мехӯранд?

Бо арзи салом ва дуруди бепоён хидмати ҳамаи он азизоне, ки ин ҳафта ҳам бо "Рӯзгор" буданд. Ва хайрамақдам мегӯем қадами онҳоеро, ки бори аввал ин ҳафта "Рӯзгор" хонданд ва бо як занги телефонӣ хотири моро шод карданд.

jodu-amali-shayton 485555

Аз ҷумлаи ин афрод Мӯҳсин Шодиев, сокини шаҳри Норак аст, ки бори нахуст шумораи "Рӯзгор" ба дасташ уфтодааст ва боз изҳори нороҳатӣ ҳам кард, ки на танҳо ҳафтаномаи мо, балки аксари нашрияҳои мустақили чопи Душанбе ба минтақаи онҳо ё намерасанд ва ё ба теъдоди кам бурда мешаванд, ки талаби на ҳамаро қонеъ месозанд.

Аммо Муҳсин Шодиев аз нахустин мутолиа маводҳои хубе барои табъу завқи худ аз "Рӯзгор" пайдо кардааст. Мегӯяд ӯ, ки мухлиси таронаҳои Аҳмад Зоҳир аст, мехост матлаби "Аҳмад Зоҳир ва сад шоир"-ро комил бихонад. Ба андешаи ӯ Аҳмад Зоҳир аз нобиғаҳои олами мусиқии ҷаҳонист, ки бояд ҳатман омӯхтаву пажуҳиш шавад.

Мастура Ҷӯраева аз Хуҷанд дар мавриди пешниҳоди ба осорхонаи Аҳмадшоҳи Масъуд табдил додани манзили иҷорави сипаҳсолор дар шаҳри Душанбе пуштибонӣ кард ва дар сӯҳбати телефонӣ иброз дошт, ки хеле хуб мешуд агар мо ин ташаббусро ҷиддан пайгирӣ мекардем.

Олими Ашраф ном хонандаи дигар аз мо шикоят кард, ки се бор телефонӣ ҳамроҳаш сӯҳбат доштем, вале номашро ақалан як бор қатори ҳамсӯҳбатони дигарамон дар ҳафтанома ҷо надодем.

Бо ташаккур аз дӯстамон Олими Ашраф иброз медорем, ки мо то ин замон кӯшидем ба ҳама пешниҳодоти зангҳои телефонӣ посух диҳем ва андешаҳояшонро дар саҳифа резем. Ва ҳоло, ки мегӯянд, мо фаромӯш кардаем, ки аз эшон ном барем, аслан ин тавр нест. Мо ба ҳар занги телефонӣ ва ба ҳар арзи матлаб аҷр мегузорем  ва минбаъд ҳам хоҳем кӯшид касерову пешниҳодеро фаромӯш насозем.

Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сафаралии Раҷаб ба идораи ҳафтанома ташриф оварданд ва бо ибрози назар дар бораи мазмуну мундариҷаи "Рӯзгор" чандин пешниҳоди судманде ҳам карданд, ки бахшеро мавриди омӯзиш қарор додем, то маълум шавад, ки то кадом ҳад мо метавонем сари он масоил барномарезӣ кунем ва мушкилотро инъикос намоем. Аз ҷумла устод хостори онанд, ки мо саҳифае дар мавриди волидон дошта бошем.

То ҷое мазмун гирифтем, мӯҳтарам Сафаралӣ Раҷаб мехоҳанд дар "Рӯзгор" саҳифае бошад, ки чун пули иртиботӣ миёни донишҷӯ ва падару модараш хидмат кунад. Ба андешаи устоди Донишгоҳ донишҷӯе, ки шартномавӣ мехонад, дар сурати бетаваҷҷӯҳии падару модараш метавонад аз бепарвоӣ ва холабеғамӣ бесавод аз донишгоҳҳо берун ояд. Шояд низоми шартномавии таҳсил омили фишор ба донишҷӯро надорад, ки ин гуна афкор ба миён омадааст. Ба ҳар ҳол мо мехостем мушкилот аз ҷониби худи устод Сафаралӣ Раҷаб масъалагузорӣ шавад, то мизони мушкил барои ҳамагон эҳсос гардад. Дар он сурат "Рӯзгор" омода аст онро пайгирӣ кунад.

Ва инак, муруре ба номаҳои расида:

Аз авлиё бихонем то пайравӣ аз онҳо кунем

Рӯзгори авлиёи бузург ва шахсиятҳои динии гузашта басо ибратомӯз аст. Ва ҷои хушист, ки "Рӯзгор" таваҷҷӯҳи хоса ба ин масъала дорад. Аз аввалин шумораи он то хеле вақт "Қиссаҳо аз рӯзгори ҳазрати Султон" чоп шуд, ки як сарнавишти пурфоҷеаи алломаи замонро ба риштаи тасвир кашида буд. Дар шумораи гузашта "Домуллои Сурихиён" ном мақолаи  Бурҳон Салмоновро хондам, ки хеле писандам омад.

Ман дар ин бора хеле чизҳо шунида будам. Чун дӯстдори қиссаҳо аз гузаштаи олимонам, ҳар мақола ва ё пажуҳише, ки дар ин маврид мешавад, бозавқ мутолиа мекунам. Қиссаи Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ низ басо омӯзанда будааст. Таъқиби солҳои сталинӣ ва раҳоии ин олими бофазл тавассути донишу савод аз шарри тройка як ҳодисаи нодири таърихи миллат аст. Зеро он замонҳо ҳар касе як ҳарф аз алифбои ниёгон хонда метавонист, кушта ва ё бадарға мешуд.

Аммо Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳро фиристодагони Маскав имтиҳон мекунанд ва дармеёбанд, ки ин шахсияти истисноӣ чаласавод набуда, балки профессори чаҳор фан: фалсафа, риёзиёт, нуҷум ва тиб будааст. Маҳз ҳамин фазлу дониш ӯро аз таъқиби сталиниву қатлу бадарға наҷот мебахшад. Ҳаққо, ки Худованд пӯяндагони илмро хор намекунад. Аз ин рӯ илм бояд омӯхт, то дар ду ҷаҳон азизу мукаррам бошӣ.

Муҳаммадҷовиди Насриддин, ноҳия Ҳисор

Ҷаноби Қодири Рустам, шумо бояд барои ҳамин 500 нафар ҳам нависед

Мусоҳиба бо адиб Қодири Рустам ба андеша водорам кард. Хеле ҷолиб буд, ки як суҳбати ошкоро ва дилрас баромадаст. Аммо банда чун хонанда ҳақ дорам интиқод кунам, ҳарчанд хеле мутаассифам, ки ба ҷуз ду-се мақолаи аз адиб чизе аз навиштаҳояш нахондаам. Аммо мутмаъинам, ки акнун хоҳам хонд.

Дар мусоҳиба назму насри имрӯз хеле мухтасару як навъ бо умумигӯӣ арзёбӣ шудааст. Ва Қодири Рустам ошкор мегӯяд, ки назму насри муосирро хеле кам мехонад, чун агар китоб дар ду ё се саҳифа мутолиа намудан писандаш наёмад, онро канор мегузарад. Ва аз арзёбӣ ҳам маълум мешавад, ки дар ҳақиқат чунин ҳам ҳаст. Адиб аз муосирон ҳамоно танҳо аз Сайф Раҳим ва Муҳммадзамони Солеҳи марҳуму аз адиби хушнависи дигари мо Баҳманёр ёд мекунад ва назмро ҳамоно пайванди мактаби шеъри Қаноату Бозору Лоиқ ва Гулрухсор медонад. Аз ин пайдост, ки дар ҳақиқат Қодири Рустам дуруст иқрор мешавад, ки ҳақи қазоват надорад, чун муддати дароз дар Ватан набуд ва дар будан ҳам кам мутолиа дорад.

Ва дар ҷои дигар мегӯяд, ки чун хонандаи кам дорад, кам менависад. Теъдоди онҳоро аз миёни 8 миллион аҳолии кишвар 500 нафар мегӯяд, яъне танҳо ҳамин миқдор шояд мухлисони навиштаҳояш бошанд. Ва мегӯяд, ки чаро нависад, вақте медонад, ки мухлиси кам дорад.

Албатта, ин андешаи худи адиб аст, вале ман чун хонанда мехоҳам аз ҳамин минбари "Рӯзгор" ба ӯ муроҷиат кунам: мӯҳтарам Қодири  Рустам! Барои ҳамин 500 нафар ҳам шумо бояд нависед. Зеро онҳо мухлисони шумоянд ва шояд танҳо шуморо мехонанд. Ман ин иддиои шуморо, ки барои 500 нафар чаро нависам мегӯед, аслан қабул надорам. Ба ном нависандагоне ҳастанд, ки бо пули худ китоб чоп мекунанд, аммо шояд як хонанда ҳам надоранд. Вале онҳо менависанд ва намегӯянд ва қабул ҳам надоранд, ки хонанда надоранд.

Машҳура, донишҷӯ, шаҳри Душанбе

Савол ҳам мухтасару посух ҳам мухтасар бошад

Ин ҳафта аз саҳифаи "Пурсишеву посухе" хушам омад. Он аз саҳифаҳои гузашта фарқ мекард. зеро ба чанд савол посухи мухтасар дода мешуд. Ва агар боз ҳам посухҳо мухтасар бошанд ва ба саволҳои бештар ҷавоб дода шаванд, гумон мекунам он шавқовартар мешавад. Бигзор танҳо мавзӯъи Тоҷикистон набошад. Чуноне дар шумораи гузашта дидем, мавзӯъҳо фарогир буданд. Бигзор дар мавриди кашфиётҳои тозаи илмӣ бошанд, тибро дар бар гиранд, санъат, маориф, сиёсатро инъикос кунанд. Вале муҳим он ки посухҳо хеле мухтасар ва фарогиру шавқовар бошанд.

Азиза, Қурғонтеппа

Парҳез аз сеҳр меҳри Худоро бедор мекунад

Ман ин бор ҳам мақолаи "Сеҳру ҷоду-амали шайтонӣ"-ро хондам. Дар ҳақиқат як мавзӯъи бағоят муҳим аст. Баъзан шахсан ман аз намоиши телевизионҳои Душанбе дар мавриди ин гуна муллоҳо хушам намеояд. Зеро онҳо дар остонаи интихобот беғараз ва мунсифона нестанд. Аммо худ медонам, ки фиребгароне ояҳои каломи Худоро ба бозори тиҷорат табдил додаву, дониста ё надониста туморнависӣ мекунанд ва бо ин гуна афрод хеле зиёданд.

Ба истилоҳ рӯи китобкушоҳоро медонам, ки бо такя ба амалҳои шайтонӣ мехоҳанд ояндаи сарнавишти инсонро бигӯянд. Ва наузамбиллоҳ мехоҳанд бо сеҳр ин сарнавиштҳоро тағйир диҳанд. Ин дар ҳолест, ки танҳо Худованд қодир аст сарнавишти инсонро нависад ва донад. Банда агар ҳар қадар аз соҳирон дурӣҷӯяд, ҳамон андоза ба муҳаббати Худованд наздик мешавад. Зеро амали шайтони лаъин, бероҳакунандаи бандаи муъмину худоҷӯ гирифторӣ ба лаънати Ҳақ аст.

Мирисо Абдухолиқов, Вахш

Занон магар гунаҳгоранд, ки фиреби мардон мехӯранд?

Ситоиш намекунам, ки "Рӯзгор" мақола зидди сеҳр чоп кардааст. Ҳарчанд медонам,  ки хуб ҳам ҳаст ин мақола рӯи чоп омадааст. Аммо як андеша дорам, ки мехоҳам бо истифода аз фурсат баён кунам.

Ростӣ, ман аслан дилам ба ҳоли занону модарон ва духтарон месӯзад. Зеро муштарии асосии ин гуна фолбинҳову муллоҳои китобкушо онҳоянд. Бубинед, мард бо баҳонаи кор ба Русия меравад ва муддати се солу панҷ сол он ҷо мемонад ва табиист, ки издивоҷ мекунад ва агар издивоҷ ҳам накунад, машғул ба зинокорӣ мешавад. Дар Тоҷикистон зану фарзандаш дар интизори омаданаш шабу рӯз даст ба дуоянд.

Вақтезанмефаҳмад, кибовуҷудимеҳрувафое, кибоӯдошт, вайзангирифтааст, оташирашкашалангамезанадвадигарилоҷеҷузқасоснамеёбад. Пас чӣ кор кунад? Наметавонад Русия равад ва ӯро бозпас орад ва ё бо ӯ бимонад ва  сарвати ғункардаашро ба нияти ободонии хонаву дар ва беҳбуди фарзандонаш ҳифз кунад. Зеро занон амонатдорони хонаводаянд ва каси дигаре ба ҷуз онҳо ба ояндаи фарзанд намесӯзанд.

Аммо он зан илоҷи дигаре намеёбад ба ҷуз бовар ба сеҳр, то шавҳарро ба хона орад. Ва меравад дар ин амали шайтонӣ аз сӯзиши дил шарик мешавад. Ӯро маъзур доред, охир заъиф дигар чӣ кор кунад?

Ва дигар душизагоне, ки боз ҳам мардон фиребашон мекунанд, онҳо низ роҳи қасос ва низоми ояндаи хонаводагиро дар сеҳри мулло мебинанд ва ба эътиқод дари ӯро мекӯбанд. Аз сӯе ин бадбахтӣ барои ин қабил  соҳирон манбаъи даромад мешавад ва онҳо аз ин ҳолат ба нафъи нафси ҳароми худ истифода мебаранд.

Шояд ғалат гуфтам, вале ин андешаи шахсии ман аст. Ман худ занам ва борҳо ба ҳалатҳои гирифтории рӯҳӣ аз фиребу озори мард рӯ ба рӯ шудаам. Ва ҳар бор ночор мемондам, ки чӣ кор кунам? Бовар кунед, ин хеле ҳолати бад аст, ҳолати ҳузнангез аст. Вале бояд касе бошад, ки ин бори кулфати занонро сабук кунад?

Моҳпайкар, Варзоб

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №19, 09 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi