Мо худ имиҷи худро сохтан наметавонем, гила аз бегонагон хатост
Бо арзи салом хидмати ҳама азизоне, ки ҳафтаи сипаришуда бо "Рӯзгор" буданд. Ҳафтаи гузашта дар мавриди матолиби "Рӯзгор" зиёд буданд касоне, ки бо зангҳои телефонии худ ибрози назар мекарданд. Сулаймони Салимзода аз ноҳияи Бохтар мегуфт, ки мухлиси китобҳои хотиротист ва аз он ки устод Қаноат дафтари хотираҳои худро дар шакли китоб рӯи чоп овардааст, хеле хуш шудааст. Вале мушкил он будааст, ки китобро дастрас накардааст. Ва ҳоло, ки аз "Рӯзгор" хондааст, ки асари устоди назм ба теъдоди хеле кам чоп шудааст, иллати дарёфт накарданашро фаҳмидааст.
Моҳсанам Абдуллоева аз Кӯлоб бори дигар дар бораи шоира Маҳтоби Зокир ибрози назар кард. Вай гуфт, ки марҳумро шахсан мешинохт ва аз ҷумлаи фарҳангиёни номуроде медонад, ки дасташ ба гиребони орзуяш нарасид. Вале вай медонад, ки духтархонду писархондаш соҳиби хонаву дари ободанд. Яке дар Балҷувону дигаре дар Душанбе.
Хонандаи мо Додихудо Гулмирзоев, корманди Тоҷикаэронавигатсия андешаҳои худро дар атрофи баҳси имиҷсозӣ дар Тоҷикистон иброз дошт. Вай гуфт аз нишасти "Мушкилоти ташкили имиҷи Тоҷикистон дар ВАО-и байналмилалӣ" аз "Рӯзгор" огоҳ шудааст ва чун аз хонандагони ҳамешагии ҳафтанома аст ва аз шумораи аввал онро мехонад, хост назарашро аз ҳамин тариқ иброз дорад.
Ба андешаи ӯ аввал бояд ҳукумат кӯшад, ки имиҷи кишварро дар дохил, миёни сокинони худ баланд бардорад. Як роҳи ин он аст, ки камбудиҳои дохилиро бояд аввал бартараф кунад, то шикояти афроди норозӣ берун аз кишвар наравад. Буданд ва ҳастанд ҳодисаҳое, ки (ноадолатӣ дар мақомоти судӣ) билохира шаҳрвандонро водор карданд, ки ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат намоянд.
Ин дар ҳолест, қонунҳои кишвар мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалианд ва мушкил танҳо дар риояи онҳост. Поймол шудани ҳуқуқи шахс инсонҳоро водор мекунад барои ҳимояи шарафи худ ба дигар ҷо муроҷиат намоянд. Яъне, ба гуфтаи ин хонандаи мо Тоҷикистон танҳо бо ҳалли мушкилоти фазояндаи дохилӣ метавонад обрӯи байналмилалии худро ҳал намояд.
Албатта, дар атрофи мақолаи ёдшуда андешаҳои дигар ҳам расиданд, ки баъзеи онҳоро дар поён интишор медиҳем. Вале наметавонем аз таъкиди дигари Додихудо Гулмирзоев сарфи назар кунем. Вай мегӯяд Фармоиши Президенти Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки аз мансабдорон талаб карда мешавад ба мақолаҳои танқидии нашрияҳо вокуниш нишон диҳанд. Вале мебинем, ки дар аксар маврид идораҳо ба мақолаҳои танқидию таҳлилӣ посух намедиҳанд ва ҷавоби дуруст намефиристанд. Ба дигар маънӣ ин қарори ҳукумат аз ҷониби худи сарварон амалӣ намегардад.
Додихудо Гулмирзоев ҳамчунин аз ташкили саҳифаи "Армуғони "Ҳамешабаҳор" истиқбол кард ва гуфт замоне худи ӯ низ аз ширкаткунандагои ҳамин маҳфили шеър буд ва бо касоне, ки имрӯз намунаҳои ашъорашон дар ин саҳифа интишор меёбад, ошност. Вале бо сабабҳои гирифторӣ чанд муддат аст, ки дар маҳфил ширкат надорад, акнун кӯшиш мекунад дар оянда боз вориди ин "Ҳамешабаҳор" шавад.
Ва ҳоло муруре дорем ба номаҳои расида:
Рӯҳи шаҳидон шод бод!
Хеле мақолаи пурарзиш дар бораи устод Бурҳониддин Раббонии зиндаёд хондам. Аслан "Рӯзгор" дар ин шумора ду матлаби хуб дар бораи ду абармарди ҷиҳоду пайкор, сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд ва сиёсатмадори эътрофшудаву матраҳ Бурҳониддини Раббонӣ интишор дод. Шаҳодати ин ду дар ҳамин як моҳ иттифоқ уфтодааст ва дар Афғонистон ҳам пайи ҳам ин ду сана таҷлил гардид. Аз мақола хондам ва донистам, ки устод Раббонии шаҳид як донишманди шинохтаву варзида ва як олими эътирофшудаи исломӣ дар ҷаҳон будааст. То ин замон ман танҳо он нуктаро медонистам, ки Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар замони ҷанги дохилӣ пуштибону ҳомии муҳоҷирони тоҷик буданд ва нагузоштанд, ки дар Афғонистон онҳо худро ғариб донанд. Аммо умри мардони роҳи Ҳақ кӯтоҳ аст.
Ҳам Масъуди сипаҳсолор ва ҳам Раббонии олиму сиёсатмадор билохира аз олам бо нӯш кардани ҷоми шаҳодат рахти сафар барбастанд ва ҳарду ҳам қурбонии аҷнабиёни террорист шуданд. Аҳмадшоҳи Масъуд умре дар сангар буд ва дар ҳамин сангар шаҳид шуд, устод Раббонӣ низ умре дар сангари муколамаю музокарот ҷиҳати қатъи хунрезӣ қарор дошт ва охирин нафаси ӯ низ ҳамин буд. Замоне, ки тарҳи нави сулҳ дар Афғонистонро мекашиду амалӣ мекард, душманонаш аз байн бурданд, то ин сулҳ дар Афғонистон пойдор нагардад. Ӯ шаҳиди роҳи сулҳ буд. Рӯҳаш шод бод!
Акрамхони Олимхон, Душанбе
Мо худ имиҷи худро сохта наметавонем, гила аз бегонагон хатост
Магар мо метавонем бо барномаҳои телевизионие, ки дорем, имиҷи кишварро боло барем? Чанд шабакаи ТВ давлатӣ 24 соат барномаҳои тафреҳӣ доранд. Барномаҳои сиёсиашон саропо паст задани гурӯҳеву мадҳи гурӯҳи дигар.
Пас бо ин мафкура то куҷо мо метаовнем обрӯи байналмилалии худро ҳифз кунем. Агар касе аз дур барномаҳои шабакаи якро тамошо кунад, гумон мекунад дар Тоҷикистон ё ҷанг аст ё ин кишвар дар остонаи ҷанги дохилӣ қарор дорад. Шахсан ман ягон барномаи таҳлилии русиро тамошо накардаам, ки талоши имиҷсозӣ дошта бошад. Агар худи мо ин корро карда натавонем, пас хориҷиҳо мекунанд ва албатта, аз назари худ, ки дар аксар маврид манфӣ аст.
Ман телевизиони Эронро аз тариқи маҳвора тамошо мекунам. Барои обрӯи кишварашон ончунон барномаҳои таҳлилии ҷолиб бо забони инглисӣ ташкилу пахш мекунанд, ки офарин мехонӣ. Оё мумкин нест ба ҷои чор шабакаи дохилӣ, ки такрор ба такрор мерақсанду месароянд, як шабакаи соф инглисиву русӣ барои хориҷа созанд, ки имиҷи кишварро боло баранд?
Зарнигор, Душанбе
Мехоҳам касе миёни устод Қаноат ва доктор Бобомуллоев ҳакам шавад
Тақризи Варқа Зайниддиновро дар бораи китоби хотироти устод Муъмин Қаноат хондам. Ва ҳамзамон мақолаи С.Бобомуллоев: "Каррон: кашфиёти илмӣ ё ҳазёни навбатӣ?!"-ро, ки дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" рӯзи 23 снтябр чоп шуда буд, низ мутолиа кардам. Ва аҳсан хондам ба муаллифи он доктори илми таърих Бобомуллоев. Чаро? Мо метавонем сари бузургонамон санг занем. Мо танҳо инро метавонем.
Шояд мӯҳтарам Бобомулоев донишмандтар аз устод Қаноат бошанд, вале мақола дардовар аст. Муаллиф Муъмин Қаноатро ба дурӯғнависӣ муттаҳам мекунад. Ҳамлаи лафзӣ бо шахсияте, ки шоириаш дар олам эътироф шудааст ва як худаш тавонистааст то "Тоҷикистон исми ман" ном достонаш мамлакати кучаки моро ба оламиён муаррифӣ кунад, камоли адаб нест. Муаллиф бигзор андешаҳои худро атрофи мавзуъи баррасишуда иброз медошт, вале ба устод Қаноат санг намезад. Одоби баҳсро бояд риоя намуд... Саъдии бузургвор фармудаанд:
Даъвӣ макун, ки бартарам аз дигарон ба илм,
Чун кибр кардӣ, аз ҳама нодон фурӯтарӣ!
Ва мехоҳам касе аз донишмандони шинохта миёни ин ду тан ҳакам бошанд, то мо хонандагони оддӣ донем, ки кадоме дар мавриди Каррон ҳақанд.
Абдулло, Бохтар
"Рӯзгор": Гумон намекунем, ки ин ҷо ҳакаме лозим бошад. Мақола дар "Ҷумурият", органи расмии ҳукумати Тоҷикистон чоп шудааст ва яқинан касоне, ки мавриди мухотаб қарор гирифтаанд, аз ҷумла устод Қаноат ва Юсуфшоҳ Яқубов посух медиҳанд. Фақат мунтазир бояд буд, ин як баҳси илмӣ аст. Мо ҳам қабул дорем, ки каме одоби баҳс риоя нашудааст, вале бояд бинем, ки посухи он чӣ гуна хоҳад буд.
"Рӯзгор" пешниҳодҳояшро бояд пайгирӣ кунад
Сад дар сад ҷонибдори онам, ки хонаи иҷоравии Аҳмадшоҳи Масъуд ба осорхонаи ӯ дар Тоҷикистон табдил дода шавад. Албатта, ин кор мушкилоти худро дорад. Оё соҳиби он хона розӣ мешавад, ки манзилашро ба фурӯш гузорад ва дуюм оё шаҳрдории пойтахт ҳозир ҳаст ин гуна иқдом кунад. Вале муҳим пешниҳоди хуб аст. Аҳмадшоҳи Масъуд мансуби танҳо Афғонистон нест ва сипаҳсолорест, ки ҳамаи тоҷикон бояд аз ӯ ифтихор дошта бошанд. Коре, ки Масъуд кард, дар таърихи миллат камназир аст.
Вай қаҳрамони даврони мо буд ва мо ҳамагон шоҳиди корномаҳои ӯ будем. Ягона фарде аз миёни фармондеҳони муҷоҳидини афғон буд, ки ҳама генералҳои рус, ки душманони ашадиаш буданд, эҳтиром қоиланд. Ба ҷавонмардӣ, қавлу амал, ҷасорат, донистани токтики ҷангҳои чирикӣ Масъуд беназир буд. Аз ин рӯ гумон мекунам хеле хуб мешуд агар шаҳрдорӣ ин пешниҳодро меомӯхт ва амалӣ месохт. Ин риштаҳои дӯстии мову Афғонистнро боз ҳам мустаҳкам мекард ва аз сӯи дигар нишон медодем, ки ба қадри бузургону азизонамон мерасем.
Ва боз: дар кадоме аз шумораҳои "Рӯзгор" пешниҳод шуда буд, ки кӯчаҳоеро дар Душанбе ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд ва овозхони нотакрор Аҳмад Зоҳир гузорем. Дигар нафаҳмидам, ки ин пешниҳод амалӣ шуд ё не ва шаҳрдорӣ посухе ироа кард ба "Рӯзгор" ё на. Ба ҳар ҳол нашрия бояд пешниҳоди хонандагонашро пайгирӣ кунад ва аз мақомот тақозо намояд, ки ба изҳори назарҳои созандаи хонандагонаш эҳтиром гузоранд.
Қодиршоҳи Мурувват, рӯзноманигори тоҷики муқими Бишкек, сардабири нашрияи тоҷикии "Паёми Алла-Тао"
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 02 ноябри соли 2013
-
09.06.2025 13:12
210
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
214
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
271
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
442
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
549
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
425
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
88
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
154
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
162
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
925
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1643
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3328
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
64
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
81
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
125
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
470
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
722
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
841
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
410
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
449
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
422
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
696
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
974
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1832
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
582
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
557
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1751
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2065
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2280
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2962
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
470
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
424
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
905
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3023
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3468
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3449
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
612
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
638
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
581
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?