Хеле мудҳиш аст вақте сароянда мантиқро фаҳм намекунад
Дуруд ба ҳамаи хонандагони азиз! Бо ташаккур ба онҳое, ки ин ҳафта бо ирсоли номаву шодбошиҳо ва паёмҳои телефонӣ назароти худро роҷеъ ба шумораи гузашта иброз доштанд. Ашрафхоҷа Мирзоев, сокини ноҳияи Бохтар дар мавриди нақши Аҳмадшоҳи Масъуд дар сулҳи тоҷикон нуқтаи назари худро баён карданд.
Ҳарчанд на ҳама мулоҳизаҳои хонандаи худро қабул дорем, вале аз он ки мунсифона изҳори ақида кардаанд, ба назарашон аҷр мегузорем ва онро як нуқтаи назари шахсӣ дар ҷомеаи озоду демократӣ медонем. Ашрафхоҷа мегӯянд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд сабабгори бозгашти зудраси муҳоҷирину муҷоҳидин аз Афғонистон шуд ва ин сабаб гардид, ки тарҳи сулҳи тоҷикон хом монд ва дар оянда бандҳои асосии созишномаи сулҳ ноиҷро боқӣ монд. Аз зангҳои телефонӣ сӯҳбати Саодат Назарова, сокини шаҳри Душанбе қобили зикр аст.
Хонандаи мо дар бораи саҳифаи навтаъсиси "Пурсишеву посухе" ибрози назар карданд ва онро заруриву муфид донистанд. Зимнан суолеро ҳам ироа карданд, ки посухашро метавонанд дар ҳамин шумора бихонанд.
Абдусаттор Раҷабов аз деҳаи Чамани ноҳияи Ваҳдат рӯзи якшанбе баъд аз зӯҳр бо мо дар тамос шуданд ва дар мавриди "Рӯзгор" ва мӯҳтавои матолиби он андешаҳои ҷолиберо иброз доштанд. Гуфтанд, ки баъди дастрас кардани шумораи охири ҳафтанома аз дукондори Ваҳдат хоҳиш кардаанд, ки ҳама шумораҳояшро дастрас кунад ва мехаранд. Баъди чанд рӯз дукондор хоҳиши хонандаи моро ба ҷо овардааст.
Абдусаттор бо ихлоси тамом аз ҳафтанома ситоиш карданд ва мо он суханонро чун анъанаи нашрия барои худ нигоҳ медорем ва нуктаҳоеро мегӯем, ки барои дигарон низ ҷолибанд. Масалан, эрод гирифтанд, ки мо луғатномаи калимаҳои душворфаҳм аз шеърҳои иқтибосшударо надорем. Масалан, дар шеъри Фуруғи Фаррухзод "Аз тангнои маҳбаси торикӣ", ки ҳафтаи гузашта интишор ёфт, калимаҳое аз қабили "мунҷалоб" истифода шудаанд, ки каме аз хонандагон маънои онро медонанд. Пас зарур аст барои ҳам фаҳмо шудан ва ҳам бой кардани дониши луғавии хонанда мо бояд шарҳи ин гуна калимаҳоро дошта бошем.
Мо пешниҳоди Абдусаттор Раҷабовро қабул кардем ва аз ин ба баъд хоҳем кӯшид ин гуна калимаҳоро дар қавс ё поварақ шарҳ диҳем.
Хонандаи мо ҳамчунин дар мавриди баъзе мақолаҳои дигар ибрози назар карданд ва гуфтанд, ки масалан, мақолаи "Тавбаи насуҳи Тайсон"-ро бе ашки чашмон натавонистаанд хонанд. Дар он як ишораи ҷолиби руҷуи инсони гунаҳгор ба Худо ва аз тарс рӯ ба тавба овардани муштзӯри замон дида шудааст, ки агар ҳар кас ҳам бо таваҷҷуҳ онро бихонад, зери таъсир мемонад.
Ва инак, зикри чанд номаи расида:
Одамони хубро бояд ситоиш кард
Дар мавриди одамҳои хуб зиёд мегӯянду менависанд. Ва ин гуна одамонро метавон дар ҳар куҷо пайдо кард. Дар кӯча, дар бозор, дар мактаб...Ҳарчанд бо як дид наметавон гуфт, ки вай одам хеле одами хуб аст.
Аз мутолиаи мақолаи "Дилам ба ёди Ватан гум мезанад" як бори дигар бовар ҳосил кардам, ки ҳатто дар замоне, ки инсонҳо арзишҳои башариро аз даст додаанд, ҷо-ҷо касоне ҳам пайдо мешаванд, ки дар фикри кӯмак ба ҳамватани собиқи хешанд. Хоса дар Русия ин нодиртарин рӯйдод аст. Николай Теплитский худ зодаи Тоҷикистон будааст, вале ҷанги шаҳрвандӣӯро аз Ватан беватан кардааст. Метавонам тасаввур кунам, ки сӯҳбати Теплитский бо хабарнигор самимӣ буд, зеро даврони бачагиву ҷавонӣ беҳтарин даврон аст ва инсон онро як умр дар хотир нигоҳ медорад. Шояд бо дидани чанд тоҷики дар ғарибӣ ҳақиру зор дар ҳақиқат дили Николай барои Душанбе метапад ва кӯмак ба онҳоро як қарзи инсонии худ медонад. Ва шояд бо ҳамин кӯмак ва будан миёни онҳову мушкилоташон қарзи ҳамватании худро иҷро мекунад.
Валӣ Сардор, муҳоҷири собиқ, омӯзгор
Оре, ғоя муҳим аст, чун бе он маблағ наметавонад коре кунад
Ман ҷонибдори Нозими Меликам, ки дар таҳияи асари саҳнавӣ ғояро муҳим медонад, то ки маблағҳои ҳангуфтро. Дар ҳақиқат агар коргардон, нависанда, шоир ғоя надошта бошанд, сарфи маблағҳо беҳудаанд. Чӣ лозим он саҳнаҳои ороишёфта, ки намоишашон мазза надошта бошад? Ва Нозими Мелик, ин ҳунарманди чирадаст мегӯяд:
"Идея агар хуб бошад, барои роҳандозии он маблағҳои бузургу сохтани декорҳои гароннарх шарт нест... Ман гумон мекунам, ки ба театри мо андеша намерасад, пешорӯи худ гузоштани суоли "чӣ мехоҳам?" намерасад. Муҳим андеша асту зеҳни буррову қавӣ. Он таҳаввуулоте, ки дар зеҳни як коргардон ба вуҷуд меояд, бояд ба бинанда пешниҳод карда шавад".
Насриддин, ҳунарманд
Пӯсти Боязиду кулоҳи Толстой
Аз мутолиаи ҳикояҳои парешон аз "Тазкират-ул-авлиё" хеле хушам меояд. Аз шумораи гузаштаи "Рӯзгор" ин навишта писандам уфтод: "Агар ту пӯсти Боязид даркашӣ, судат надорад, то амали Боязид накунӣ". Ин фармудаи шайх Боязиди Бастомӣ ба яке аз муридони худ аст. Ва ёдам аз асари машҳури Расул Ғамзатов "Доғистони ман" омад. Шояд падараш Ғамзат Садаса буд, ки мегуфт (маъзурам, ки дақиқ накардам, ки кӣ гуфта): Кулоҳе чун кулоҳи Толстой ёфтам, вале ин гуна сар аз куҷо ёбам?
Дар ҳақиқат мардуми мо ба табаррук гирифтани чизе аз бузургон ҳавас доранд, вале намедонад, ки он чизҳо худ аз худ наметавонанд ба тағйири ахлоқи ӯ сабаб шаванд. Барои ин инсон бояд порсоиро аз бузургон омӯзад ва пайрави ахлоқи онҳо бошад, на ки ба табаррук пораи либосу чизи дигаре аз онҳо бигирад ва дар хона нигоҳ дорад.
Мусулмон, Хуҷанд
Лукашенкову Бердимуҳаммадов дар Белоруссия ва Туркманистон азизанд
Намоиши байналмилалии китобро васф кардед, вале намеарзид. Шояд хубии он танҳо дар баргузориаш буд, ки тадриҷан завқи китобхониро дар қалби мурдаи тоҷик бедор кунем. Вале он ки навиштед аз он 23 ҳазору 400 нафар дидан карданд, бовар накарданист. Ман рӯзи аввали намоиш будам ва дидам, ки 80 дар сади ширкаткунандагонаш хонандагони макотиби миёна буданд. Ҳатто донишҷӯён хеле кам ба назар мерасиданд. Рӯзи дуюми намоиш ҳам раҳгузар будаму як сар задам. Боз ҳам дидам, ки мардум на ба он ҳаддеанд, ки баъдан беш аз 23 ҳазор ҳисоботашон диҳем.
Ман зид нестам, ки намоиши китоб набошад. Вале агар мо намоиши байналмилалӣ мегӯем, пас он кишварҳо китобҳои сафораташонро наоранд, балки нашрияҳо даъват шаванд. Магар масъулини Вазорати фарҳанг ҳамоишҳо ва намоишҳои китоб дар Эронро тамошо накардаанд? Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон вақте намоиши байналмилалии китоб доир мешавад, мо надидем, ки сафорати кишваре бо се ё чор номгӯ китоб дар бораи роҳбараш вориди намоишгоҳ шавад. Балки умдатан нашрияҳо даъват ва ҷалб мешаванд, на сафоратхонаҳо.
Аммо дар намоиши китоби Душанбе дидем, ки туркманҳо бо китобҳо дар бораи Бердимуҳаммадов, белорусҳо дар бораи Лукашенко, қазоқҳо дар бораи Назарбоев ва ғайра иштирок карданд. Барои тоҷик масалан, китоби туркманбошии сонӣ ё Лукашенко, ки ҳарчанд Белоруссия ғаразе ба Тоҷикистон надорад, вале худи ӯро оламиён ба унвони як диктатор мешиносанд, чӣ лозим?
"Рӯзгор"дуруст навиштааст, ки танҳо Афғонистону Эрон ба ин намоишгоҳ ҷиддӣ муносибат кардаанд ва ба ҳадде, ки номгӯи пешниҳодшудаи китоби Эрон шояд аз ҳамаи нашриётҳои мо бештар буд. Пас дар оянда мо ҳам кӯшиш кунем, ки бигзор нашрияҳо аз Русияву Белорусу Украину Туркманистону дигар ҷамоҳир даъват шаванд. Бигзор шумораи онҳо на 17, балки 5 ё 6 ё 10 бошад, вале сифатан китоб бошад, на ки аз рафи китобҳои сафоратҳо чанд номгӯро пешкаши намоиш кунанд. Банда бар ин назар нестам, ки дар Белоруссия танҳо ҳамин китоби Лукашенко чоп шуда бошад ё дар Туркманистон китоби Бердимуҳаммадов. Ва дигар ин ки Бердимуҳаммадов ва Лукашенко барои туркманҳову белорусҳо азизанд.
Анис Муҳаммадҷон, унвонҷӯ
Бингар, ки кӣ мегӯяд
Ростӣ, мавзӯи сеҳру ҷоду хеле мавзӯъи муҳим аст ва чопи навиштаҳои Одил ибни Тоҳири Муқбилро саривақтӣ ва муносиб медонам. Аммо як хоҳиш дорам: азбаски муаллиф донишманди Арабистони Саудист, хуб мешуд пеш аз чоп аз назари ягон олими машҳури кишвар мегузаронидед, ки мабодо ақидаҳои ваҳҳобӣ дар он роҳ наёбад.
Масалан, то ҷое медонам Дар Арабистони Саудӣ бисёр амалҳоеро ҳам, ки аз Пайғамбар мерос мондааст, қобили иҷро намедонанд. Зиёрати қабру дуои намозу дигар амалҳоро хилофи шаръ медонанд. Эҳтимол ҳам меравад, ки дар ин китоб низ баъзне нуктаҳо нозукона ҷо дода шуда бошанд, ки мо хонандагони оддӣ пай набарем ва бо баҳонаи сеҳр ба дигар чизҳо ҳам нафрат кунем.
Аминҷон, донишҷӯи Донишкадаи исломӣ
Ҳофиз аз шоир фосила гирифтааст
Мақолаи олими нуктасанҷ Аламхон Кучаров дар мавриди ашъори таронасарои машҳур Нуруллоҳи Ориф басо саривақтӣ буд. Аз ҳамин мақола ва мисолҳои овардашуда дарёфтам, ки ин шоир дар навиштани таронаҳо хеле муваффақ будааст. Ва чун матни сурудҳояшро мурур кардам, дидам, ки чанд сару гардан аз таронаҳои ҳофизоне, ки худашон менависанду худашон мехонаннд, болост.
Ҳофизони имрӯза аксаран бо шоирон ҳамкорӣ намекунанд. Хеле мудҳиш аст вақте сароянда мантиқро фаҳм намекунад. Чӣ хуб мешуд агар садову симо ҳангоми сабти таронаҳои нав ба мазмуну мундариҷаи онҳо таваҷҷӯҳ мекарданд. Аммо мутаассифона, имрӯз радио ва телевизиони давлатӣ асосан манбаъи таблиғи таронаҳои сустбунёд шудааст, ки ин ояндаи нек надорад.
Ман сурудҳои марҳум Одина Ҳошимро хеле зиёд мешунавам, вале мебинам, ки ин ҳофизи машҳур ғазали классиконамонро ба оҳанг даровардаву бо он шӯҳрат ёфтааст. Аз сарояндагони эстрада Далер Назар чандин ғазали хубро ба оҳанги эстрада даровардааст. Марҳум Аҳмад Зоҳир чӣ қадар таронаҳои ҷолиб дорад, ки бо ғазалу рӯбоиҳои классикӣ оро ёфтаанд ё онҳоро аз ашъори шоирони муосир интихоб кардааст.
Пас маълум мешавад, ки матни сурудро ҳам метавон аз адабиёти муосиру гузашта интихоб намуд. Аммо ба ҷои ин сарояндагони тоҷик роҳи аз ҳама осонро интихоб мекунанд. Масалан, онҳо оҳангро мехаранд ва барои он худашон матн менависанд. Тавре мегӯянд: Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан. Шеър муқаддас аст ва набояд ин муқаддасотро поймол кунанд.
Сурайё, донишҷӯ
-
22.06.2025 14:51
145
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
266
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
278
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
499
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
604
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
490
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
30.06.2025 13:00
150
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
30.06.2025 12:58
126
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок намуд
-
25.06.2025 11:36
144
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
14.10.2024 18:41
981
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1692
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3384
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
141
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
126
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
141
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
514
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
763
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
882
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
463
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
498
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
472
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
773
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1021
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1887
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
629
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
608
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1801
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2121
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2115
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2329
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
534
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
475
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
952
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3076
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3515
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3510
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
660
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
684
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
631
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?