Ҷомеа бояд ҳамеша бо адибонаш дар муколама бошад
Салом хонандагони гиромӣ. Нахуст ҳамаи Шуморо ба муносибати фархундарӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муборакбод мекунем ва аз Худованди бузург барои ҳар кадоми Шумо беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно дорем.
Ва баъд ин ки зарфи ин як ҳафта номаҳову зангҳои телефонии шумо муҷиби хушии хотири мо буд. Ва ростӣ мо ин зангҳо ва ин номаҳоро ҳар лаҳза интизорем, чун он иртиботи миёни мову шумост. Ва медонем чӣ бояд кунем, медонем дар кадом бора бинвисем. Онҳо ба манзалаи ҳидоятанд, аз онҳо мо ниёзҳои шуморо дармеёбем ва мекӯшем он ҳамаро бароварда созем. Абдуллохони Шоҳзамон ном хонандаи мо дар тамоси телефонӣ дар мавриди саҳифаи варзиш ибрози назар намуд ва хостори он шуд, ки ба навгониҳои варзиш дар хориҷ аз кишвар низ бештар таваҷҷӯҳ кунем.
Сайида аз шаҳри Қурғонтеппа хостори чопи бештари сӯҳбатҳо бо аҳли адаб, шоирону нависандагони баруманди кишвар шуд. Аммо вай таъкид кард: мехоҳам бештар дар мавзӯъи ахлоқ, ки дар ҷомеаи мо коста шудааст, сӯҳбати адибонро бихонам. Ба ҳамин маънӣ Алишер аз Душанбе нома навиштааст, ки поёнтар бахше аз онро хоҳем овард.
Охири ҳафтаи гузашта посухи домулло Сироҷиддин Абдураҳмонов ба номаи хонандаи мо расид, ки хеле миннатдорем ва матни комили онро дар поён хоҳед хонд.
И ҳафта аз номи нависандаи хушзавқ Мансури Суруш як номаи таҳлилӣ дастрас шуд, ки атрофи мӯҳтавои чанд шумораи охири "Рӯзгор" ибрози назар мекунад. Таҳлили Мансури Сурушро метавонед дар саҳифаи чори ҳамин шумора бихонед.
Ва инак, чун анъана рӯ меорем ба мурури иддае аз номаҳои то ин замон расида:
Қавли саҳеҳ домулло Сироҷиддин аст, на эшони Сироҷиддин
Бо ташаккур аз таваҷҷӯҳи хонандагони мӯҳтарами "Рӯзгор" ба шахсияти банда изҳор медорам, ки савол ҳарчанд бароям ногаҳонӣ набуд, вале омода ҳам набудам, ки касе аз тариқи ҳафтаномае ин гуна пурсишро дар миён мегузорад. Аммо чун пурсида шуд, маъмурем посух диҳем ва шаку гумонҳоро бо ин васила аз атрофи номи худ дур кунем.
Аслан мулло Сироҷиддин қавли саҳеҳ аст, на эшони Сироҷиддин. Номи эшониро ба мо на худи мо, балки мардум шояд аз рӯи эҳтиромашон додаанд.
Падари мо аз ҷумлаи таҳсилкардагон дар Ислом набуданд, ҳарчанд намозгузор ва шахси парҳезгору мутамаддин ҳисоб меёфтанд. Вале моро ба омӯзишу талаби илм тарғиб кардаанд.
Ин ҷониб дар гузашта пеши уламои машҳури замон дарс гирифтаам ва аввалин устодам марҳум мулло Муҳаммадсайид буданд, ки пеши эшон аз "Фарзи айн" сар карда, то Ҳофизу Бедил, китобҳои фиқҳӣ аз қабили "Мухтасар", "Шарҳи виқоя", "Ҳидоя", "Мишкот", "Нурул-яқин"-ро хондем.
Баъдан дар назди домулло Давлатшоҳ илми наҳв, шарҳи Мавлоно Ҷомӣ, "Тафсири Ҷалолайн" ва дигар китобҳоро хондем. Дар назди ҳазрати мавлавӣ Кифоятуллоҳ бошад, китобҳои "Усул ва маъонӣ" ва "Мантиқ"-ро аз бар кардем.
Зимнан мегӯям, ки банда бар ин назарам, ки бо номи мулло, эшон, махсум ва дигар ёд шудани аҳли илм миёни мардум сирф ҷанбаи эҳтиромӣ дорад ва аз он ки касеро мулло мегӯянд ва каси дигарро эшон, ин ҳамон эҳтиромашон ба шахсиятҳост. Ман ҳам аз он ки баъзеҳо эшони Сироҷиддин гуфта муроҷиат мекунанд, намеранҷам ва боиси ранҷиш ҳам нест. Вале домулло Сироҷиддин гуфтан ба мақсад ва воқеъият наздиктар аст.
Ва дар хотима боз як бори дигар ба "Рӯзгор" изҳори ташаккур мекунам ва омодаам агар саволҳои фиқҳиву таълимиву ахлоқӣ аз ҷониби хонандагон шавад, посух гӯям.
Бо эҳтиром, Сироҷиддин Абдураҳмонов
Нависандаҳо аз дарди мардум бештар гӯянд хуб аст
Мо ба сухану каломи шоиру нависанда эҳтироми бештар дорем. Худи ман таҳсилкардаи институти политехникӣ ҳастам, вале ба мутолиаи асарҳои адибон рағбати беандоза дорам.
Аммо аз мутолиаи чанд шумораи ахири "Рӯзгор" ба ин натиҷа расидам, ки шумо бештар кӯшиш мекунед дар бораи вазъи имрӯзаи адабиёту фарҳанг бо адибон сӯҳбат кунед. Вале мо мехоҳем сӯҳбатҳои ахлоқӣ ҳам бештар бошанд. Адибон оинаи ҷомеа ҳастанд, бояд муҳимтарин мсъалаҳои дарди ҷомеаро мавриди сӯҳбат қарор диҳанд. Оне, ки ба мушкилоти адабиёт иртибот дорад, дуруст аст, ки бояд гуфта шавад, вале дарди мардумро кӣ бояд бигӯяд? Ман гумон мекунам сухани адиб дархӯри мардум аст ва ҷомеа бояд ҳамеша бо адибонаш дар муколама бошад.
Ин албатта, андешаи ман аст ва ман ҳам эҳтимолан иштибоҳ мекунам. Вале гумон дорам бисёриҳо маро дастгирӣ мекунанд.
Алишер Низом, Душанбе
Агар муаллифи филмнома каси дигар мешуд...
Ман ҳам қатори дигарон филми "Марги бегуноҳ"-ро тамошо кардам. Филми миёна буд ва онро монанд кардан ба филмҳои сатҳи баланди хориҷӣ аслан мантиқ надорад.
Асари устод Кароматулло Мирзоев чанд сол пеш эҷод шудааст ва ҳатто он замоне, ки ин гуна суханҳоро гуфтан ҳам ҷуръату матонат мехост. Аммо хоҳу нохоҳ дидани ин гуна филмҳо ёди моро ба рӯзҳои мудҳиши ҷанг мебарад. Ва боз ин ки яке аз муаллифони сенария раиси Кумитаи радио ва телевизион аст, майли сокинонро ба дидани филм кам мекунад.
Чун мо огаҳем, ки маҳз дар замони раисии Асадулло Раҳмонов силсилафилмҳои ҳуҷҷатӣ дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқлолияти кишвар дар се шабакаи телевизион рӯи кор омадаанд.
Ва ҷанги шаҳрвандии кишвар дар он филмҳо якҷониба инъикос меёбанд ва ҳамеша як нафарро ситоиш мекунанд, ки ҷонибдори ҳақиқату адолат ва сабабгори субот дар кишвар аст. Аз ин рӯ шояд агар муаллифи сенария каси дигар мешуд, ин филм дар рӯҳияи дигар тавлид мешуд.
Сабоҳат Хоҷаева
Аз Аттор ёд кардед, хуш шудам
Аз қадим "Тазкират-ул-авлиё"- и Шайх Фаридуддини Атторро дӯст медорам. Онро худораҳматии падарам бо завқ мехонданду мо фарзандон гӯш мекардем ва ҳамеша аз саргузашти авлиёи Худо ва суханони онҳо дилҳои мо рушан мешуд.
Баъди сари падар ман онро худам мехонам. Ва боз ҳам хушам, чун ҳар қадар зиёд мехонам, ҳамеша маънии нав меёбам, ҳамеша дарди дигарро ҳисс мекунам, ҳамеша мехоҳам аз он бештар баҳра бардорам. Зеро каломи авлиёро баъди сухани Худову Расул (с) сеюмин сухани мӯътабар медонанд.
Муллоафзалиддин, Бохтар
Сукут аломати ризост?
Дар яке аз шумораҳои "Рӯзгор" сӯҳбати нависанда Равшани Махсумзод чоп шуда буд. Мавсуф аз навиштаҳои Тоҳир Рашидов ном таҳлилгар иқтибос меовард, ки асарҳои адибони тоҷикро мунҳарифкунандаи хонанда аз роҳи рост медонист.
Банда баъди ин навиштаҳо мақолаи Тоҳир Рашидовро аз "Минбари халқ" хондам ва дидам, ки муаллиф на танҳо адабиёти муосир, балки театрҳои кишварро ҳам ба боди интиқод кашидааст. Вай аз ҷумла менависад: "Бо вуҷуди кӯшишҳои пайгиронаи Вазорати фарҳанг ҳоли театрҳо аз ин беҳтар нест. Мисле, ки ин намуди санъат аз забонҳо монда бошад, талабаҳоро маҷбурӣ ба тамошо мебаранд. Ва боз ягон-ягон шиносу наздикони актёрҳо ба дидани намоишҳо мераванд. Сабабаш ба андешаи инҷониб на дар шавқи тамошобинҳо, балки марбут ба ҳунари ҳунармандон мебошад".
Хуб метавон инро ҳам озодии баён донист. Вале магар ин озодиро ҳадду ҳудуде нест? Ва боз: чаро ягон ҳунарманд, коргардон ва директори театрҳои кишвар посух намедиҳанд? Магар онҳо низ ба ин мувофиқанд?
Насим, мухлиси театр ва кино
"Рӯзгор": Албатта, Тоҳир Рашидов чун як фарди ҷомеа фикри худро навиштааст ва гумон намекунем, ки ҳадафаш таҳқири адабиёт ва ҳунар бошад. Ин дидгоҳи таҳлилгар аст ва аз камтамошобинии театрҳо ин гуна бардошт кардааст. Мақолаи ёдкардаи шумо баҳсӣ ҳам набуд, "Минбари халқ" ҳам касеро ба баҳсу мунозира даъват накардааст ва чопи онро як андешаронии фардӣ донистааст. Шояд агар касе андешаи акси онро менавишт, он низ дар "Минбари халқ" чоп мешуд. Вале он ки нависандагон ва ҳунармандону масъулини театрҳои кишвар ба андешаҳои ӯ розианд ё на, мо намедонем. Агар ин гуна мақолаҳои баҳсиву таҳлилӣ бо риояи одоби баҳс ба "Рӯзгор" пешниҳод шаванд, мо омодаем чоп кунем.
-
09.06.2025 13:12
210
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
213
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
271
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
442
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
549
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
425
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
88
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
154
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
162
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
925
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1643
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3328
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
64
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
81
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
125
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
470
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
722
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
841
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
410
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
449
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
422
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
696
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
974
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1832
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
582
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
557
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1751
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2065
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2280
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2961
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
468
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
424
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
905
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3023
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3468
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3449
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
612
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
638
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
581
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?