Хоҷазод медонад, ки кай камари коргари бетонрез ба дард меояд ва чаро
Дуруду салом ба ҳамаи хонандагони азизи "Рӯзгор". Ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷумлаи касоне, ки ҳафтаномаро мутолиа карданд, зумрае нома ирсол намуданд ва зумраи дигар арзи худро аз тариқи телефон иброз доштанд. Шоҳидаи Муъмин аз Ваҳдат дар мавриди қиссаҳо аз рӯзгори эшони Султон сӯҳбат кард ва гуфт таассуф мехӯрад, ки чопаш ба поён расид.
Ба гуфтаи Шоҳида ин гуна қиссаҳо аксари одамонро хуш меояд, чун мардуми мо суннатгароянд ва эшонҳову муллоҳои суннатиро, ки маъруфият доранд, баъди маргашон низ дӯст медоранд. Шоҳида аз падари марҳумаш ҳикоят мекунад, ки "то охирин лаҳзаҳо худро муриди эшони Тӯраҷон медонист ва баъди реҳлати он бузургвор муддати бештар аз шаш моҳ бистарӣ шуд ва аз олам даргузашт. Аммо ҳар лаҳза, ки вақти намоз мешуд, ҳатман аз бобои эшон ёд мекард ва мегуфт, ки он кас хеле маҳбуб буданд. Аммо амакам ҳамоно муриди домулло Ҳикматуллоҳ аст ва медонам, ки ҳар моҳ як маротиба ба Тоҷикобод сафар мекунад".
Самеъҷон ном хонандаи мо аз Хуҷанд гуфт, ки мо аз вилояти Суғд матлаби камтар чоп мекунем. Бояд бештар нависем, чун Суғд муассисаҳои зиёди фарҳангӣ дорад, ки фаъолияту мушкилоташон инъикос ёбад.
Аввали ҳафтаи ҷорӣ "Рӯзгор"-ро бо номаи хонандаи худ Мирҷалол Ҳусейнзода, ки мепурсид мулло Сироҷиддин гӯем ё эшони Сироҷиддин, баъди мулоқот дар манзилашон ба Сироҷиддин Абдураҳмонов расондем ва он кас ваъда доданд, ки посухи саволи хонандаи моро дар наздиктарин фурсат ирсол хоҳанд кард.
Ва боз: дар шумораи 12 "Рӯзгор" мақолаи журналисти тоҷик Талабшоҳи Салом бо номи "Нияти неки Теплитский" чоп шуда буд. Муаллиф аз шароити будубоши муҳоҷирини тоҷик дар шаҳраки "Поведник", воқеъ дар ноҳияи Митишии Русия менавишт, ки бо вуҷуди маъмурини тозагӣ будану аз онҳо изҳори ризоят кардани масъулин, дар як таҳхонаи бидуни шароит зиндагонӣ мекунанд. Аммо сарвари навтаъини Идораи давлатии зист ва баҳрабардорӣ Николай Теплитский ваъда дода буд, ки дар фурсати кӯтоҳ ба шароити зисти шаҳрвандони Тоҷикистон ва расмияти ҳуҷҷатҳои онҳо расидагӣ мекунад.
Як рӯз пештар хабар расид, ки Николай Теплитский ба аҳди худ вафо кардааст ва ҳоло ҳамватанони мо, ки зикрашон дар мақола мерафт, аз таҳхонаҳо берун шудаву ҳар кадом дорои имкону шароити зист дар хонаҳои иҷоравӣ шудаанд.
Ва ҳоло руҷуъ кунем ба чанд номаи то ин замон расида:
Вой бар мо, ки қадри ҳунар намешиносем
Ростӣ, ҳафтаномаи "Рӯзгор"-ро пайваста мутолиа мекунам. Матолиби зиёди хонаданиро меёбам ва мехонам. Ҳафтаи сипаришуда мақолаи "Барзу бо "Муҳоҷирин"-аш баргашт"-ро хондам. Барзу Абдураззоқовро чун ҳунарманди ояндадор ва хеле боҳунару бомаҳорат мешиносам ва борҳо намоишномҳои ӯро дидаам. Мақола аз он маро маъюс кард, ки бори аввал аз сарнавишти Барзуву асарҳои саҳнавиаш мехондам. Ва бори аввал шунидам, ки бо фишор билохира аз Тоҷикистон рафтааст ва ҳоло дар кишвари ҳамсоя яке аз ҳунармандони эътирофшудаест. Ва ёдам омад, ки таърихи фарҳанги тоҷикон ин гуна рӯйдодҳои нангин зиёд дидааст.
Дар замонаш нотавонбинон Рӯдакиро кӯр карданд, амри Султон шуд, ки Фирдависро зери пойи филон партоянд ва нобуд созанд. Хуб шуд, ки Ҳакими Тӯсро пайдо накарданд. Ибни Сино ҳам аз шаҳр ба шаҳр гашт ва дар ҷое ором надошт, Ҳилолӣ сангсор шуд, Айнии бузургро 75 дарра заданд, Сотим Улуғзода ҳам билохира дар ғурбат фавтид ва дар зиндагӣ бас ҷафоҳо хӯрда буд. Ва ин зулму қадрношиносӣ ба ҳунармандон мероси қадимиён будааст. Чанде пеш ҳам Қурбони Собир бо афсӯс мегуфт, ки фалониҳо рафтанду саҳнаи синамо ба афроди ғайрикасбӣ монд.
Э вой, бар мо, ки қадри ҳунарманди худро дар зиндагиаш намедонем, аммо баъди фавташ даҳҳо мақолаву китоб менависем...
Бароти Боқӣ, хонандаи "Рӯзгор", Суғд
Чаро бо Барзу ҳамсӯҳбат нашавем?
Аз мақолаи "Барзу бо "Муҳоҷирин"-аш ба саҳна баргашт", фаҳмидам, ки ҳунарманди хуби мо аз Бишкек ба муддати як моҳ ба Душанбе омадааст. Бисёр мехостам бо истифода аз ин фурсат ӯро ба меҳмонии "Рӯзгор" даъват мекардед ва назарашро дар чандин масъала, аз ҷумла гумону шубҳаҳои дар мақолаи интишордодаатон дар мавриди сабабҳои баста шудани ду намоишномааш дар Душанбе мепурсидед. Зеро чуноне аз мақола дарёфтам, шумо ҳам иллати инро дар асоси тахминҳо баён кардед ва гумон мекунам шунидани назари худи ӯ бисёр масъалаҳоро рушан хоҳад кард.
Сарвиноз, Душанбе
"Рӯзгор": Ташакури зиёд барои пешниҳоди хеле хуб. Мо иншооллоҳ пайгирӣ мекунем ва агар Барзу Абдураззоқов ба Душанбе омада бошад, пас кӯшиш хоҳем кард ба идора даъват кунем ва сари як пиёла чой дар атрофи масъалаҳои зиёди мушкилоти театрҳои кишвар ва бахусус мушкили худи ӯ бо мақомоти фарҳанг сӯҳбат анҷом диҳем. Бовар дорем мову шумо ба чандин саволҳои беҷавоби худ посух дарёфт хоҳем кард.
Нафаҳмидам, ки ин иштибоҳ буд, ё чизи дигар
Дар шумораи гузаштаи "Рӯзгор" мақолаи "Бӯҳтони маҳз дар бораи як суруди таърихии дарӣ"-ро хондам. Ростӣ хеле чизи ҷолиб буд. Пажуҳиши таронае, ки мардум сурудаанд ва бо гузашти як садсола ҳам аҳамияти худро гум накардааст, хеле ҷолиб буд. Мо ҳам ин гуна таронаҳову шеърҳои машҳур зиёд дорем ва агар навиштаҳои фолклоршиносони худро ҳам дар ин бора чоп кунед, шояд хеле чизҳоеро аз эҷодиёти даҳонакии халқ меёбед, ки ба рӯйдодҳои муҳими таърихӣ иртибот доранд ва саҳнаҳои мушкили ҳаёти миллатро дар даврони гуногун ба риштаи тасвир кашидаанд. Зеро ҳеҷ адабиёт мисли адабиёти шифоҳии мардум пурғановату дар инъикоси рӯйдодҳои таърих ҳассос нест.
Аммо ман нафаҳмидам, ки муаллифи ин мақолаи хонданӣ кӣ буд. Ва боз нафаҳмидам, ки ин аз иштибоҳ номаш уфтода ё мақола моли худи идораи "Рӯзгор" аст. Ба ҳар ҳол гумон мекунам мақола бояд муаллиф дошта бошад.
Шаҳобиддин Назар, донишҷӯ
"Рӯзгор": Хеле шодем, ки хонандагони мо ҷиддан ба нашрия таваҷҷӯҳ мекунанд ва то он ки худи мо пай барем, иштибоҳи моро меёбанд. Ташаккури зиёд ва хеле миннатдорем аз ин гуна таваҷҷӯҳ. Дар ҳақиқат ин як иштибоҳи техникӣ буд, ки номи муаллифи мақола доктори илмҳои филологӣ, фолклоршинос Додоҷон Обидов аз он уфтодааст. Ҳамзамон бо арзи пузиш аз устод Обидов шуморо ҳам даъват мекунем, ки ба саҳифаи 12 ин шумора нигаред ва иштибоҳро ислоҳшуда меёбед.
"Хандинкамон" хуб аст, вале...
Ростӣ аз тамошои барномаҳои студияи "Хандинкамон" гоҳо хушам меояд ва гоҳи дигар на. Бахусус, ба ман ҳеҷ писанд нест, ки мард дар ҷомаи зан баромад мекунад. Ин то ҳадде барои ман ғайри қобили қабул аст. Мумкин барои дигарон хандаовар бошад, вале ман аз он ки як мард бо либоси занона дар саҳна ҳувайдо мешавад, ҳаргиз намехандам.
Сурайё, омӯзгор
Муҳиддин Хоҷазод бо мо ҳамнишин буд
Нависандаи баруманд Муҳиддини Хоҷазодро аз мутолиаи "Об-рӯшноӣ" хуб мешиносам. Ягона адибест, ки бо коргар нону намак мехӯрад ва ба поси хотири ҳамин нону намак рӯзгорашро ба қалам мекашад. Шояд дар Тоҷикистон кам адибоне бошанд, ки ин гуна эҷод мекунанд. Мо асарҳои хуби зиёд дорем, вале он ки Хоҷазод менависад аз рӯзгори коргарону бунёдкорони кохи нур самимитару ба дил наздиктар аст.
Чунки худаш он ҳамаро дидаву шунидаву дарк кардааст. Бубинед, барои романи ёдшуда вай бетонрезӣ кардааст, то заҳматро эҳсос кунад, то бубинад, ки кай камари коргари бетонрез ба дард меояд ва чаро. Вай зиддиятҳоро ҳам самимӣ ба қалам медиҳад. Ман, ки худ коргари нерӯгоҳи "Норак" будам, баъди хондани асари Муҳиддин Хоҷазод ба рӯзгори худ бори дигар аз назари адиб назар кардам.
Ман ӯро сахт эҳтиром мекунам, бо адиб ҳамсӯҳбат будам, шояд дар хотир дошта бошад. Сари як дастурхон борҳо нишастаем. Аммо он вақт ман намедонистам як нависанда бо мо нишастухез дорад. Инро баъд фаҳмидам. Аҳлиддин номам. Он замон 46-сола будам. Ҳоло акнун бознишаста.
Аҳлиддин Кучаров, собиқ бунёдкори "Норак"
Рӯзнома бояд пойгоҳи молиявӣ дошта бошад, ки муттасил нашр шавад
Аз сӯҳбат бо Ғуфрон Ваҳҳобов ба ин хулоса расида, ки медиахолдинги "TajInfo" хеле зиёд ба мушкилоти молӣ мепечидаст. Нашрия агар моҳе чоп шаваду моҳи дигар аз нашр монад, иртиботашро бо хонандааш гум мекунад. "Тоҷикони Россия" гоҳу ногоҳ дар Душанбе ҳам пештар пайдо мешуд, ҳоло намебинам. Иллаташ шояд ҳамон камбуди молӣ бошад.
Ва баъд: Ғуфрон Ваҳҳобов мегӯяд, ки дар аввали кор онҳоро нодуруст фаҳмиданд ва дарёфти иттилоъ барояшон мушкил буд. Ростӣ, каме боварнакарданист ин иддио. Дар ҳоле ки худи Муҳаммад Эгамзод бар замми он ки журналисти шинохта ва соҳибтаҷриба мебошад, боз он замон корманди сафорати Тоҷикистон буд ва то ҷое медонам аз шахсони ба сафир наздик ҳам ҳаст. Пас чӣ гуна метавонад мушкили дарёфти иттилоот пеш ояд?
Абдулло, собиқ муҳоҷир дар Маскав, аз ҷумлаи касоне, ки баъзан нашрияро паҳн мекардам
-
22.06.2025 14:51
127
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
250
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
258
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
480
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
586
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
474
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
129
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
130
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
200
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
967
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1676
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3368
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
123
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
108
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
125
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
502
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
746
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
870
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
448
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
485
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
458
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
735
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1008
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1871
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
611
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
593
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1785
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2106
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2101
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2313
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
515
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
459
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
937
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3060
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3501
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3491
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
642
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
670
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
616
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?